Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » «Марде аз сарнавишт»-филми мустанад бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон!

«Марде аз сарнавишт»-филми мустанад бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон!

14-11-2016, 12:40
Хабарро хонданд: 307 нафар
Назарҳо: 0
«Марде аз сарнавишт»-филми мустанад бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон!


/АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки минбаъд ҳамасола 16 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад, рӯзҳои 15-16 ноябри соли равон тавассути тамоми шабакаҳои давлатии телевизионии Тоҷикистон филми мустанади «Марде аз сарнавишт» пахш мегардад. Дар филми мазкур нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдории миллӣ, барқарорсозии сулҳу субот дар қаламрави кишвар, расидан ба истиқлолияти комил ва пешрафту тараққиёти мамлакат ба намоиш гузошта мешавад.

Филми «Марде аз сарнавишт» бо назардошти саҳми арзанда ва хизматҳои бузурги Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини кишвар, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ таҳия гардидааст.

Дар филми мазкур коршиносону сиёсатмадорони барҷаста, ходимони намоёни давлатӣ ва бевосита худи Президенти мамлакат оид ба нақши Пешвои миллат дар бартараф намудани оқибатҳои даҳшатбори ҷанги гражданӣ, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо то нафари охирин, соҳибихтиёрии Тоҷикистон, ташаббусҳои ин марди наҷиб дар арсаи байналмилалӣ, обрӯю нуфузи рӯзафзуни Тоҷикистон ибрози андеша менамоянд.

«Марде аз сарнавишт» аз ду қисмат иборат буда, рӯзҳои 15-16 ноябр тавассути шабакаҳои телевизионии мамлакат намоиш дода мешавад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: