Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Саҳми ВАО дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон

Саҳми ВАО дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон

1-11-2023, 09:29
Хабарро хонданд: 257 нафар
Назарҳо: 0
Саҳми ВАО дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонДар толори КВД КНТ “Шарқи озод” тибқи нақшаи кории Комиссияи таҳлилӣ ва кор бо ВАО-и назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ мизи мудаввар дар мавзуи “Саҳми ВАО дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрванон” бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузор гардид.
Дар чорабинь Хонзода Абдураҳмон, роҳбари Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, Шоҳиён Абдураҳим раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ, Маҳмадҷон Оймаҳмадзода Судияи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сайдалӣ Шамсов мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Душанбе, Далер Абдулло раиси комиссияи таҳлилӣ ва кор бо ВАО-и назди кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Фирдавсӣ, роҳбарони нашрияҳои расмиии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раисони ташкилотҳои ибтидоӣ иштирок доштанд.Саҳми ВАО дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон
Нахуст, раиси комиссияи таҳлилӣ ва кор бо ВАО Далер Абдулло вобаста ба нақши ВАО дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии насли ҷавон суханронӣ намуда, иброз дошт, ки воси
Саҳми ВАО дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон
таҳои ахбори омма дар сохтори ҷомеаи муосир мавқеи хосаеро ишғол намуда, омили асосии ҷудонашавандаи ҳаёти сиёсии кишвар маҳсуб меёбад.
Имрўзҳо ВАО субъекти фаъоли ҳаёти сиёсӣ буда, дар ин мақом воқеан дорои захираҳои тавонои таъсири сиёсӣ гардида, ба яке аз воситаҳои асосии раванди сиёсӣ табдил ёфтааст, афзуд Далер Абдулло.
Дар идома Шоҳиён Абдураҳим вобаста ба таърихи қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, иброз дошт, ки яке аз муҳимтарин нишондиҳандаҳои давлати соҳибистиқлол доштани Конститутсия муайянкунандаи моҳияти шакли сохтори давлат, назму арзишҳои меҳварии ҷомеа ва сатҳи тараққиёти низоми сиёсӣ ифода мегардад.
Қайд дошт, ки Конститутсия ҳамчун шоҳқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарчашмаи асосии қонунгузории кишвар моро водор месозад, ки онро эҳтиром карда, дар ҳаёт татбиқ намоем.
Хонзода Абдураҳмон зимни суханронии худ иброз дошт, ки воситаҳои ахбори омма (ВАО) яке аз ниҳодҳои муҳими ҳаёти сиёсӣ буда, аз бисёр сохтор ва ҷузъҳо иборат мебошад, ки ба воситаи онҳо аҳолӣ дар бораи ҳаёти сиёсии ҷаҳон иттилоот мегиранд. Воситаҳои ахбори оммаро баъдан дар қатори ҳокимияти қонунбарор, иҷроия ва судӣ ҳамчун ҳокимияти «чорум» меноманд. Ҳокимияти чорум ном гирифтани ВАО аз он хотир аст, ки дар баробари се шохаи ҳокимияти давлатӣ дар ҷомеа таъсири муайяне дорад.
Ҳамзамон, қайд гардид, ки воситаҳои ахбори омма ҳамчун институти муҳими ҷамъиятӣ як қатор вазифаҳоро иҷро менамояд. Аз он ҷумла, огоҳонидани мардум аз ҳаводису воқеоти гуногуни мамлакат ва ҷаҳон, иҷтимоикунонӣ ва ташаккулдиҳии шуури мардум, тарғибу ташвиқ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарбияи ватандӯстиву арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ мебошад, иброз дошт, Роҳбари Дастгоҳи КИМ ҲХДТ.
Инчунин, Судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Оймаҳмадзода Маҳмадҷон дар мавзуи “Инсонмеҳварии ва адолати судӣ дар Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ибрози назар намуд.
Мавсуф иброз дошт, ки Конститутсия ва дигар қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба фаъолияти адолати судӣ тартиби махсус пешниҳод намуда, дар моддаи 2 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» омадааст, ки адолати судиро судҳо ба амал мебароранд. Қонунгузории амалкунанда муқаррар кардааст, ки суд адолати судиро тавассути баррасии парвандаҳои шаҳрвандӣ, ҷиноятӣ, иқтисодӣ ва маъмурӣ дар ҷаласаҳои судӣ амалӣ мегардонад.
Дар анҷом ба як қатор ҷавононе, ки ба узвияти ҲХДТ пайвастанд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: