Муносибатҳои байниҳизбӣ густариш меёбанд30-10-2023, 12:44
Хабарро хонданд: 204 нафар
Назарҳо: 0
Бо дархости Сафорати Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мулоқоти Сафири ин кишвар Син Хон Чхол бо муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Латифзода Асрор Қурбон доир гардид. Дар мулоқот инчунин машваратчии Сафорати Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Корея дар Федератсияи Россия О Мен Чжин ширкат намуда, доираи муҳимтарин масъалаҳои ҳизбӣ ибрози андеша намуданд.
Нахуст, Латифзода Асрор вохӯрии тарафайнро барои таҳкиму равобити минбаъда муҳим арзёбӣ намуда, аз фаъолияти густурдаи ҳизб барои меҳмонон маълумот пешниҳод кард. Лозим ба ёдоварист, ки фаъолияти ҳизби мо дар асоси дастур ва ҳидоятҳои Раиси муаззами ҳизб, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, намунаи сиёсати бунёдкорона ва созандаи Роҳбарияти он маҳсуб меёбад. Аз ҷумла зикр дошт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз даврони аввали таъсисёбӣ баҳри амалӣ намудани манфиатҳои халқ ва пешрафти ҷомеа фаъолият менамояд. Дар ин замина ёдовар шуданд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо Ҳизби Коммунистии Чин, ҳизби “Нур Отан”-и Ҷумҳурии Қазоқистон, “Единаи Россия”-и Федератсияи Россия, “Белая Русь”-и Ҷумҳурии Белорус ҳамкориҳои судманд роҳандозӣ намудааст. Зимни суханронӣ сафири Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Син Хон Чхол аз пазироии самимӣ ва имкони баргузории вохурӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуд. Дар навбати худ қайд дошт, ки сиёсати башардустонаи Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳони қобили дастгирӣ ва пайравӣ буда, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон намунаи олии мактаби давлатдории ӯ ба шумор меравад. Дар идома қайд дошт, ки намояндагии Сафорати Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, (бо қароргоҳ дар шаҳри Москва) ҳамеша баҳри ҳамкорӣ ва тақвияти муносибатҳои байниҳизбӣ омода буда, дар ин асос баҳри густариши фаъолияти минбаъда заминаҳои мусоид фароҳам хоҳанд овард . Дар охир, ҳамчун рамзи дустиву меҳмоннавозӣ туҳфаи хотиравӣ ба меҳмонон нишонае аз фарҳангу ҳунари волои тоҷикона тақдим гардид. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.