Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Оғози мавсими нави театрӣ

Оғози мавсими нави театрӣ

5-09-2023, 14:21
Хабарро хонданд: 390 нафар
Назарҳо: 0
Оғози мавсими нави театрӣ
Ҳамасола, шурӯъ аз моҳи сентябр дар кишвар мавсими нави тетарӣ оғоз мешавад ва табъи ҳаводорони санъати асилро бо намоишҳои наву ҷолиб шоду масрур мегардонад.Чун ҳамешагӣ, “Театри давлатии академии опера ва балети ба номии Садриддин Айнӣ” мавсими навро бо баргузор кардани консерти идона, ки фарогири базми рангин аст, оғоз мекунад. Дар назар аст, ки дар он меҳмонони хориҷӣ низ ширкат меварзанд.
“Театри давлатии драмавии русии ба номи Владимир Маяковский” намоиши “Мастер ва Маргарита”-ро аз рӯи асари нависанда ва драматурги рус Михаил Булгаков, дар таҳияи коргардон Хуршед Мустафоев ба саҳна мегузорад, ки дар фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ “Парасту-2003” барандаи “Шоҳҷоиза” гардида буд.
“Ношинос” унвони намоиши навест, ки “Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Ваҳидов” аз рӯи асари коргардон ва сенариянависи рус Владимир Зайкин, дар таҳияи коргардон Қамараддин Мирзоев манзури тамошобинон мегардонад. Муҳаббат ва самимият, адлу инсоф ва одамгарӣ дар меҳвари намоиш қарор дорад.
“Исфандиёр” бошад бахше аз асари “Шоҳнома”-и безаволи Абулқосим Фирдавсист, ки ҳунармандони “Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи Муҳаммадҷон Қосимов”, дар таҳияи коргардон Фирдавс Қосимов ба саҳна мегузоранд. Қаблан ин намоиш дар таҳияи коргардони номӣ Фаррух Қосимов манзури тамошобин шуда буд.
Аҳли ҳунар “Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назаров”-и шаҳри Хоруғ ният доранд, мавсими навро бо намоиши “Амир Исмоил” аз рӯи асари драматруги тоҷик Сафармуҳаммад Аюбӣ, ки дар таҳияи коргардон Умед Хусрав оғоз кунанд. Ҳунармандони “Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Сайидалӣ Вализода”-и шаҳри Кӯлоб бошанд намоиши “Гирдоби зиндагӣ”-ро аз рӯи асари адиб ва драматурги тоҷик Муродалӣ Набиев, дар таҳияи коргардон Сафархон Мадалиев ба саҳна гузоштанианд.
“Найрангҳои Майсара” яке аз намоишҳои маъруфест, ки “театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ”-и шаҳри Хуҷанд борҳо онро рӯи саҳнаи ҳунар овардааст. Он аз рӯи асари драматурги ӯзбек Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ таҳия шуда, ин навбат аз ҷониби саркоргардони театр Сӯҳроб Шехов манзури ҳаводорон карда мешавад. “Мо Нуқта Бегонаҳо”-и “Театри давлатии драмаи мусиқии ба номи Тӯҳфа Фозилова”-и шаҳри Конибодом низ бо вуҷуди борҳо манзури бинандагон гардиданд, ин навбат низ ба намоиш гузошта мешавад. Он аз рӯи асари драматурги итолиёвӣ Оливер Кяккяри омода ва аз ҷониби коргардон Овляқули Хоҷақулӣ таҳия гардидааст.
Ҳунармандони “Театри ҷумҳурявии драма ва мазҳакаи русии ба номи А.С. Пушкин”-и шаҳри Бӯстон ният доранд, баҳри мухлисон намоиши “Требуется няня”-ро аз рӯи асари Олга Грей, дар таҳияи коргардон Раъно Раҳматуллоева ба саҳна гузоранд. Ҳамчунин, аҳли ҳунари “Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов”-и шаҳри Бохтар рӯнамоии ду намоиш- “Ишқ аз интернет”, аз рӯи асари Нарзулло Шарипов, дар таҳияи коргардон Қурбонмамад Шукуров ва “Нашъамандӣ” аз рӯи асари Кароматулло Сафаров, дар таҳияи коргардон Фирдавси Турдиалиро ба нақша гирифтаанд, ки рӯзҳои наздик манзури дилбохтагони санъати асил мегардад.
Амони Муҳаммад
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: