Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат”

Маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат”

30-06-2023, 08:55
Хабарро хонданд: 410 нафар
Назарҳо: 0
Маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат”
Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат” – и КВД Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонатбонк маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ бо иштироки Муродов Ҷурабек, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Қурбонзода Убайдулло, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Икромӣ Сироҷиддин, раиси ташкилоти ибтидоӣ ва аъзои ҳизб баргузор гардид.

Тибқи рӯзномаи маҷлис масъалаҳои зерин: ҳисоботи ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат”- оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2022 то моҳи июни соли 2023 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда, ба роҳбарӣ гирифтан ва дар амал татбиқ намудани қарори маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 25 майи соли 2023, №1 “Дар бораи омодагӣ ва сазовор таҷлил намудани ҷашни 30 - солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон”; тасдиқи нақшаи кории ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ барои нимсолаи дуюми соли 2023; интихоби аъзои Раёсати ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ; интихоби раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат” ва муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ва масъалаҳои ҷорӣ барраси гардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Мувофиқи баррасии масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис Икромӣ Сироҷиддин оид ба фаъолияти ташкилот дар давраи аз моҳи июни соли 2022 то моҳи июни соли 2023 ҳисобот ироа намуд. Зимни ҳисоботи худ мавсуф зикр намуд, ки ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Амонат» фаъолияти худро баҳри ҳадафмандона таблиғ намудани мақсаду мароми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар асоси дастуру супоришҳои сохторҳои болоии ҳизб, нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва нақшаи кории ташкилоти ибтидоӣ бо роҳи расонидани иттилооти мукаммалу саривақтӣ ба аъзоён, масъулин ва ҷонибдорони ҳизб дар ташкилоти ибтидоӣ ба роҳ мондааст.

Аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Амонат» бо масъулияти баланд дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти худро дар асоси Оиннома, Барнома, қонунҳои амаликунанда, санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии дохилиҳизбӣ ва дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба роҳ монда, ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардидаанд. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Амонат» бо мақсади тарбияи дурусти ҷавонон дар руҳияи ватандўстӣ, хештаншиносӣ, бедор кардани ҳисси баланди меҳанпарастӣ ва ҳифз намудани дастовардҳои даврони Истиқлоли давлатӣ пайваста бо ҷалби намояндагони касбу кори гуногун, аз ҷумла намояндагони мақомоти давлатӣ, зиёиён ва ашхоси маъруф вохўриҳои судманд баргузор гардидааст. Арзишҳои асосии ҳизби мо ба ҳар як шаҳрванд равшан ва наздиканд. Дар амал ин ғамхорӣ ҷиҳати беҳбудии ҷомеа, сиёсати самарабахши иқтисодӣ ва эҳтиром гузоштан нисбат ба ҳам мебошад. Дар навбати худ, ин сиёсатро мо ҳамаҷониба дастгирӣ менамоем.

Сипас Муродов Ҷурабек суханронӣ намуда, иброз намуд, ки воқеан ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат” яке аз ташкилотҳои фаъол ба шумор рафта, ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои оинномавӣ ва барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон корҳои зиёдро ба анҷом расонидааст. Инчунуни гуфта шуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои таъмини рушди устувор ва бомароми мамлакат, ки бо мақсади муҳайё кардани сатҳу сифати арзандаи зиндагии аҳолӣ, фароҳам овардани имкониятҳои баробар ҷиҳати татбиқи неруи инсонӣ дар асоси баробарӣ, адолат ва эҳтиром гузоштан ба шаъну шарафи инсон равона шудааст, пайваста саъю кўшиш менамояд. Рисолат ва мазмуну моҳияти барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ободу шукуфон ва аз лиҳози иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсӣ босубот мебошад.

Дар идома, тибқи масъалаҳои дигари рўзномаи маҷлис оид ба интихоби раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат”, бо тарафдории аъзои ташкилот Икромӣ Сироҷиддин Салом дигарбора раиси ташкилоти ибтидоӣ интихоб карда шуда, ҳамзамон Исмоилова Шаҳноз ба ҳайси муовини раиси ташкилот интихоб гардиданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: