
Маҷлиси ҳисоботи-интихоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Кохи Ваҳдат” бо иштироки Ҳомидзода Насимҷон – мудири шуъбаи ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Ҷурахонзода Ҷумахон – муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Исмоилзода Ёқуб Борон - раиси ташкилоти ибтидоии мазкур ва аъзоёни ҳизб баргузор гардид.
Кори маҷлис бо садо додани суруди миллӣ оғоз гардид. Сипас Исмоилзода Ёқуб Борон меҳмононро ба ҳозирин муаррифӣ намуда, рӯзномаи маҷлисро пешниҳод намуд.
Тибқи масъалаи якуми рўзномаи маҷлис натиҷаҳои фаъолияти ташкилот аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022 баррасӣ шуда, нақшаи фаъолияти он барои нимсолаи дуюми соли 2022 муайян гардид. Исмоилзода Ёқуб Борон раиси ташкилоти ибтидоӣ зикр намуд, ки дар давоми фаъолияти худ ташкилоти ибтидоӣ ба як қатор комёбиҳо ноил гардида вазифаи аввалини худро аз тарғибу ташвиқи ғояҳои ҳизб мақсаду мароми Оинномавию Барномавии он дар муассиса ҳисобида дар як муддати кӯтоҳ тавонист миқдори зиёди кормандонро ба сафи ҲХДТ ҷалб намояд. Ҳамзамон музокирачиён ба сухан баромада, ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Кохи Ваҳдат”-ро мусбат арзёбӣ намуданд.
Тибқи масъалаи сеюми рўзномаи маҷлис бо ҷонибдории аъзоёни ташкилот Исмоилзода Ёқуб Борон дигарбора раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Кохи Ваҳдат” интихоб гардид.
Дар идома Ҳомидзода Насимҷон зикр намуд, ки имрӯзҳо мамлакати мо ба шарофати ваҳдати миллӣ, суботи устувори сиёсиву ҷамъиятӣ ва заминаҳои мусоиди рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ расидааст. Ин дастовардҳои миллати тоҷикро, ки бо талошу заҳматҳои созандаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, тамоми дунё эътироф менамояд ва ба роҳбари оқилу хирадманди мо таҳсину офарин мехонад.
Инчунин Ҷурахонзода Ҷумахон оиди тақвияти масъалаҳои дохилиҳизбӣ ибрози андеша намуда, барои амалӣ намудани сиёсати комилу комёби Асосгузори сулҳи ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барору комёбиҳо таманно намуд.
Дар анҷом ба нафароне, ки мавқеи сиёсии худро дар ҷомеа муайян намуда, аъзои ҲХДТ гардиданд, шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.