Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Иштироки муовини Раиси ҲХДТ дар маҳфили байналмилалии ғайрирасмии “Дӯстони Россия” дар шаҳри Минск

Иштироки муовини Раиси ҲХДТ дар маҳфили байналмилалии ғайрирасмии “Дӯстони Россия” дар шаҳри Минск

30-06-2023, 08:49
Хабарро хонданд: 279 нафар
Назарҳо: 0
Иштироки муовини Раиси ҲХДТ дар маҳфили байналмилалии ғайрирасмии “Дӯстони Россия” дар шаҳри МинскБо ибтикори Шӯрои Олии Ҳизби умумироссиягии “Единая Россия”, Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия ва ҳизби “Белая Русь”-и Ҷумҳурии Белорус, аз 23 то 24 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Белорус, нахустин Маҳфили байналмилалии ғайрирасмии “Дӯстони Россия” дар доираи ҷашнвораи байналмилалӣ ва фарҳангӣ доир гардид.

Дар чорабинии мазкур намояндагони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери роҳбарии муовини Раиси ҳизб Латифзода Асрор иштирок намуданд. Ҳамзамон, намояндагони ҳизбҳои ҷумҳуриҳои Россия, Белорус, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова ва вакилони Думаи Россия, сенаторони Федератсияи Россия, вакилони Парлумони Ҷумҳурии Белорус иштирок намуданд.

Дар доираи барномаи таҳиягардида санаи 23 июн иштирокчиён ва меҳмонон аз Осорхонаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ боздид намуда, ба зери муҷассамаи “Ғалаба” гулчанбар гузоштанд.

Маҳфили байналмилалии ғайрирасмии “Дӯстони Россия” аз сухани ифтитоҳии ҳамоҳангсози он, сенатори Федератсияи Россия, аъзои Шӯрои Олии ҳизби “Единая Россия” Климов А.А. оғоз гардида, мақсад ва ҳадафҳои олии чорабиниҳо ба иштирокчиён расонида шуд. Аз ҷониби Климов А. ба ҳозирин мактуби табрикотии Раиси Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Матвиенко В. расонида шуд.

Дар қисмати аввали Маҳфили мазкур бо суханони табрикотӣ муовини Раиси ҲХДТ Латифзода А., роҳбарони ҳизбҳои сиёсии Арманистон, Молдова ва Белорус баромад намуданд.

Нимаи дуюми ҳамон рӯз дар бинои Ҳукумати шаҳри Минск мизи мудаввар дар мавзӯи “Саҳми ҳизбҳои сиёсӣ дар ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ” баргузор гардид. Дар маърӯзаи худ муовини Раиси ҲХДТ саҳми ҲХДТ-ро дар ин масъала иброз намуда, ҳамзамон пешниҳод намуд, ки дар оянда ҷиҳати амалӣ намудани созишномаҳои ҳамкориҳои ҳизбӣ бояд дар асоси нақшаҳои алоҳида ва конкретӣ татбиқ карда шаванд.

Дар масъалаи мазкур бояд диққати аввалиндараҷа ба тарбияи насли наврас равона карда шавад. Бояд ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи ташкилотҳои ҷавонони назди ҳизбҳои сиёсӣ дар самти мазкур фаъол карда шавад.

Дар ҷамъбасти мизи мудаввар аз ҷониби иштирокдорони чорабинии мазкур қайд карда шуд, ки дар доираи Марафони мазкур ба дигар масъалаҳои мубрами рӯз низ дар оянда диққати ҷиддӣ дода, онро ба рӯзномаҳои ҷаласа ворид карда шавад.

Дар доираи сафари корӣ мулоқоти муовини Раиси ҲХДТ Латифзода А., бо Раиси ҳизби сиёсии Ҷумҳурии Белорус “Белая Русь” Романов Олег Александрович доир гардид. Зимни мулоқот диққати асосӣ ба масъалаҳои ҳамкориҳои ҳизбӣ ва густариши дӯстии миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Белорус дода шуд.

Ҳамзамон, қайд карда шуд, ки ҳануз соли 2013 дар шаҳри Минск Созишномаи ҳамкорӣ миёни ҲХДТ ва ҳаракати ҷумҳуриявии “Белая Русь” ба имзо расонида шуда буд. Бо дарназардошти он, ки моҳи марти соли ҷорӣ дар Анҷумани муассисон ҳизби сиёсии “Белая Русь” баргузор гардид, пешниҳод карда шуд, ки дар мувофиқа бо роҳбарияти олии ҳизбҳо ба Созишномаи мавҷуда тағйиру иловаҳо ворид карда шаванд.

Дар суханони худ Раиси ҳизби “Белая Русь” Романов О.А., иброз намуд, ки мардуми ду кишвар анъанаҳои хуби дӯстона дошта, саҳми ҳизбҳоро дар мустаҳкам намудани ин робитаҳо қайд намуд.

Аз ҷониби худ, муовини Раиси ҲХДТ Латифзода А. барои дар сатҳи баланди сиёсию ташкилӣ доир намудани чорабиниҳои баргузоргардида аз номи КИМ ҲХДТ изҳори миннатдорӣ намуд.

Санаи 24 июн бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Белорусия ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ чорабинии идона баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур кормандони Сафорат, собиқадорони меҳнат, намояндагони ҷамъияти тоҷикон, соҳибкорон ва донишҷӯён иштирок намуданд.

Дар суханронии худ Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Белорус Сафарзода Б. муовини Раиси ҲХДТ Латифзода Асрор, роҳбари қабулгоҳи ҷамъиятии ҳизб дар шаҳри Москва Мирзомуддинов Саидбек, роҳбари ҷамъияти тоҷикон ва дигарон ҳозиринро бо ин иди миллӣ табрик намуда, вобаста ба ҷашнгирии ин санаи мазкур ибрози ақида намуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: