Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ҳеҷ кас фаромӯш намешавад

Ҳеҷ кас фаромӯш намешавад

11-03-2016, 08:40
Хабарро хонданд: 243 нафар
Назарҳо: 0
Ҳеҷ кас фаромӯш намешавадКормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ дар арафаи ҷашни Артиши миллӣ ба аёдати иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ рафта, аз ҳолу аҳволи онҳо пурсон гардиданд. Ба иштирокчии ҶБВ Хайриддин Насриддинов, ки беш аз сад сол умр дораду дар ҷанги Финляндия ва Украина то Калининград ширкат намудааст, аз вазъу ҳоли сиҳатиаш пурсон шуда, ёрии моддӣ расонданд. Х. Насриддинов мӯсафеди нурониву зиндадил, ки мадори ҳаракат кардан надошт, меҳмоноро хуш пазироӣ намуда, ба роҳбарияти ҳизб арзи сипосу миннатдорӣ баён карда дуои нек намуд.

Ҳамчунин, дар ин рӯз аз аҳволи ду собиқадори ҶБВ-Олег Соболев Дмитревич ва Салоҳиддин Ахмедов хабар гирифта, ба онҳо низ ҳадяву кӯмакҳои молӣ намуданд.
З.Сафарзода
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: