Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ҳикмат»

Маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ҳикмат»

21-06-2023, 09:59
Хабарро хонданд: 221 нафар
Назарҳо: 0
Маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ҳикмат»Дар толори Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ҳикмат» доир гардид, ки дар кори он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Убайдулло Қурбонзода иштирок ва баромад намуд.

Раиси ташкилоти ибтидоӣ Розиқзода А.Ш. дар оғози суханронии худ қайд намуд, ки дар асоси талаботи Оинномаи ҲХДТ ва барқияи электронии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе аз 7 июни соли 2023, №35 имрӯз дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҳикмат” маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор мегардад. Дар маҷлиси мазкур аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ иборат аз 15 нафар иштирок доранд.

Рӯзномаи маҷлис аз 5 масъала иборат буд:

Ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2022 то моҳи июни соли 2023 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда;

Ба роҳбарӣ гирифтан ва дар амал татбиқ намудани Қарори Маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз 25 майи соли 2023, №1 «Дар бораи омодагӣ ва сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон»;

Интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ;

Интихоби котиби ташкилоти ибтидоӣ;

Масъалаҳои ташкилӣ.

Ҳамин тариқ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Убайдулло Қурбонзода барои ҳисобот суханро ба раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Розиқзода Абдулҳаким Шералӣ дод.

Раиси ташкилот Розиқзода А.Ш. дар баромади худ қайд намуд, ки ташкилоти ибтидоии ҳизбии Муассисаи давлатии “Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” - “Ҳикмат” дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ фаъолияти худро баҳри ҳадафмандона таблиғ намудани мақсаду мароми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар асоси дастуру супоришхои мақомоти болоии ҳизб, нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроия дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва нақшаи кории ташкилоти ибтидоӣ бо роҳи расонидани иттилооти мукаммалу саривақтӣ ба аъзо, масъулин ва ҷонибдорони ҳизб дар ташкилоти ибтидоӣ амалӣ менамояд.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун зодаи даврони истиқлолият бо ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифодаи волотарин умеду ормонҳои мардуми шарифи Тоҷикистон таъсис ёфта, маҳз бо рисолати мардумсолорӣ, созандагиву бунёдкорӣ ва тарғиби ғояҳои бузурги ватандӯстиву худшиносӣ дар ҷомеа мавқеи худро соҳиб шуд. Ҳизб садоқати худро ба арзишҳои умумимиллии истиқлолияту озодӣ, демократия, волоияти қонун ва баробарҳуқуқӣ собит намуда, барои пешрафти ҳамаҷонибаи Тоҷикистон тамоми тадбирҳои имконпазирро амалӣ мегардонад.

Ташкилоти ибтидоӣ соли 2023 ба 15 нусха нашрияи марказии ҳизб “Минбари халқ” ва 15 нусха ба нашрияи шаҳрии ҳизб “Мароми пойтахт” обуна мебошад. Дар назди ташкилот гурӯҳи таблиғотӣ аз ҳисоби олимони варзида таъсис ёфтааст, ки ҳамчун нерӯи таблиғотӣ мунтазам истифода мешаванд.

Дар давраи ҳисоботӣ гурӯҳи таблиғотӣ вобаста ба шарҳу тавзеҳи мазмуну муҳтавои Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ тибқи нақшаи кории Комиссия бо ҳайати олимону профессорон, докторанту магистрантон, аспирантону унвонҷӯёни муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбӣ вохӯрию суҳбатҳои муфид анҷом дод.

Иттилоъ дода шуд, ки имрӯз дар мамлакат 72шурои диссертатсионӣ фаъолият менамояд. Дар ин раванд то имрӯз 2081 диссертатсия ҳимоя шуда, 1616 диссертатсия тасдиқ ва 219 диссертатсия рад гардида, 246 парванда дар баррасӣ қарор дорад. Аз ҷумлаи диссертатсияҳои тасдиқшуда 139 диссертатсияи доктори илм, 1367 диссертатсияи номзади илм ва 110 доктори фалсафа (PhD) маҳсуб меёбад. Дар умум, ба 599 нафар унвонҳои илмӣ дода шудааст, ки аз онҳо 54 унвони профессорӣ ва 545 унвони дотсентӣ аст.

Дар ҳошияи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи пойтахт – шаҳри Душанбе ва фарорасии Иди саиди Фитр ҷиҳати дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, ятимону маъюбон ва татбиқи ҳадафҳои барномавии ҳизб аз тарафи ташкилоти ибтидоии “Ҳикмат” ба Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии саломатии равонии кӯдакон ва наврасон” кӯмаки яквақтаинаи моддӣ расонида шуд. Кӯмаки моддӣ аз маҳсулоти хӯрокворӣ иборат буд.

Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҳикмат” дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ барои амалӣ намудани дастуру супоришҳои Роҳбарияти олии ҳизб ва мақомоти болоии он баҳри дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаи ҳизб дар ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ кӯшиш ба харҷ медиҳад.

Дар музокира Иброҳимзода Д.Э., узви ҳизб, муовини раиси Комиссия, доктори илмҳои химия зимни суханронии худ қайд кард, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун зодаи даврони Истиқлол бо ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфтааст. Номбурда оид ба дигар муваффақиятҳоиӣ ҳизб сухан намуда, фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбиро дар давраи ҳисоботӣ қаноатбахш арзёбӣ намуд.

Маъруфӣ Р.Н. - узви ҳизб, саркотиби илмии Комиссия, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ зимни музокираи масъала иброз намуд, ки фаъолияти ташкилот дар давраи ҳисоботӣ қаноатбахш аст. Гуфта шуд, ки ҳанӯз дар рӯзҳои нахустини таъсисёбии ҲХДТ роҳбари муаззами он, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд: “Мақсади асосӣ аз созмон додани ин ҳизб муттаҳид кардани нерӯи созанда ва қишри солимфикри ҷомеа аст, ки ба хотири барпо кардани давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ҷомеаи аз лиҳози иқтисодиву иҷтимоӣ пешрафта ва шароити арзандаи ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ, талош варзад”. Нақши ҳизб дар ҳама самту соҳаҳои муҳимтарини мамлакат намоён ва бузургу барҷаста аст. Барои соҳиб шудан ба дастовардҳои бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нақши бориз, муассир ва меҳварӣ дорад.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Убайдулло Қурбонзода зимни баромади худ таъкид дошт, ки ҳизби мо ба ҳайси нерӯи пешбарандаи ҷомеа аз ҷумлаи ниҳодҳои сиёсиест, ки беш аз ним миллион аъзо ва ҷонибдорони зиёд дошта дар ҳалли масъалаҳои ҳамарӯзаи ҳаёти мардум фаъол ва саҳми он барои расидан ба ҳадафҳои рушди миллӣ басо бузург аст. Ҳизб дорои имкониятҳои васеи зеҳнӣ, амалӣ ва идоракунӣ буда, ҳамчун нерӯи пешбар дар ташаккул ва татбиқи арзишҳои фарҳанги сиёсӣ дар Тоҷикистон нақши барҷаста дорад.

- Яке аз иқдомҳои ҳизби мо тавассути сохторҳои хеш дар тамоми вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар тайи солҳои охир, хусусан дар арафаи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвият бахшидани масъулияти шаҳрвандӣ ва ба корҳои созандагию ободонӣ ҷалб намудани сокинони кишвар буд, - афзуд У.Қурбонзода. - Хушбахтона, мо дар ин бахш ба комёбиҳои назаррас ноил гардидем.

Мавсуф фаъолияти ташкилоти ибтидоиро ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои барномавӣ ва оинномавии ҳизб дар давраи ҳисоботӣ мусбат арзёбӣ намуд.

Вобаста ба масъалаи якуми рӯзнома қарори дахлдор қабул гардид.

Оид ба масъалаи дуюми рӯзнома раиси ташкилот Розиқзода А.Ш. иброз намуд, ки бо мақсади таҷлили арзандаи 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарори Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ба тасвиб расидааст ва нишондодҳои онро тамоми кормандони Комиссия ва аъзои ҳизб ҳатман ба роҳбарӣ гирифта, дар амал татбиқ менамоянд.

Масъалаи сеюми рӯзнома – интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ аз ҷониби Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Убайдулло Қурбонзода ба баррасӣ гузошта шуд. Маъруфӣ Р.Н., узви ҳизб пешниҳод намуд, ки бо назардошти фаъолияти пурмаҳсул раиси Муассиса Розиқзода Абдулҳаким Шералӣ раиси ташкилоти ибтидоӣ интихоб карда шавад. Номзадии мавсуф барои интихоб шуданаш ба вазифаи раиси ташкилоти ибтидоӣ ба овоз монда шуда, якдилона ҷонибдорӣ ёфт.

Ҳамин тариқ, котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ низ интихоб шуда, қарори дахлдор қабул гардид.

Масъалаҳои ташкилӣ масъалаи панҷуми рӯзнома буд. Раиси ташкилоти ибтидоӣтаъкид дошт, ки бо мақсади иҷрои талаботи банди 2.2. ва 3.5 Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, «Низомнома оид ба тартиби бақайдгирии узви Хизби Халқии Демократии Тоҷикистон», банди 3 Нақшаи кории ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ барои соли 2023 ва дуруст ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ 4 (чаҳор) нафар кормандони ҷавони Комиссия – сармутахассис Ёров Меҳрдод Раҳматуллоевич ва мутахассисони пешбар Мусоева Бунавша Аламхоновна, Каримов Кароматулло Давламадович ва Сарватманди Қарахон иродаи сиёсии худро мушаххас намуда, барои қабул шуданашон ба сафи ҳизби пешоҳанги ҷомеа – Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ариза ва дигар ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод намуданд.

Баъд аз омӯзиши ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва дақиқ намудани мавқеи онҳо, омодагӣ дар татбиқ ва риояи Оинномаи ҳизб, Барномаҳои ҳизбӣ, Одобномаи корманди ҲХДТ ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳа ҷиҳати қабул шудани нафарони номбурда ба сафи ҳизб монеа дида намешавад. Ҳамин тариқ, нафарони номбурда ба узвияти ҳизб пазируфта шуда, дар вазъияти тантанавӣ ба онҳо шаҳодатнома супорида шуд.

Як қатор аъзои фаъоли ҳизб ҷиҳати риояи Оинномаи ҳизб, Барномаҳои ҳизбӣ, Одобномаи корманди ҲХДТ, дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳа ва хизмати шоиста дар самти аттестатсияи кормандони илмӣ ва илмӣ-техникии тахассуси олӣ бо Ифтихорнома ва Сипосномаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Бо ҳамин, маҷлиси ташкилоти ибтидои ҳизбӣ пӯшида эълон гардид.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: