Таъсиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар ноҳияи Шоҳмансур10-03-2023, 19:02
Хабарро хонданд: 781 нафар
Назарҳо: 0
Дар асоси санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ вобаста ба фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва нақша – чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ҷиҳати таъсиси ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, имрӯз бо иштироки Наботов Шукрулло, муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, Гулмаҳмадзода Замир Гулмаҳмад, директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди касалиҳои карантинӣ”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони муассисаи мазкур маҷлиси муассисон баргузор гардид.
Наботов Шукрулло, муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур дар маҷлиси муассисон зимни баромад зикр намуд, ки дар асоси моддаи 4.2-и Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳолати ба қайд гирифтани 5 нафар аъзои ҳизб метавонем дар муассисаву корхонаҳо ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъсис диҳем. Оид ба ин масъала кормандони муассисаи мазкур баромад карда, пешниҳоди мазкурро дастгирӣ намуданд. Дар идома бо пешниҳоди маҷлиси муассисони Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди касалиҳои карантинӣ”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ бо номи “Сино” таъсис дода шуд. Ҳамзамон, бо дастгирии аъзои ҳизб Гулмаҳмадзода Замир Гулмаҳмад раиси ташкилоти ибтидоии “Сино” интихоб гардид. Оид ба масъалаҳои мазкур қарорҳои дахлдор кабул карда шуда, ба Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур пешниҳод мегардад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.