
Ҳайати кормандони ҶДММ “Армуғон” дар асоси аризаи шахсиашон иродаи сиёсиашонро муайян намуда, ба сафи ҲХДТ аъзо шуданд.
Дар кори маҷлиси муассисони ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар ҶДММ “Армуғон” Изатуллои Ҳабибзод-муовини раис-роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, Мардонзода Далер Директори ҶДММ “Армуғон” ва Муҳиббуло Ибодуллоев –сармуҳосиби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур иштирок ва суханронӣ намуданд.
Кори маҷлиси муассисони ташкилоти ибтидоии ҲХДТ-ро Мардонзода Далер- Директори ҶДММ “Армуғон” ифтитоҳ намуда, зикр дошт, ки бо мақсади дастгирии ҳамаҷониба аз сисёсати хирадмандонаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ ҳайати кормандони ҷамъият тасмим гирифтанд, ки ба сафи ҲХДТ аъзо шаванд.
Сипас оиди масъалаҳои ташкилии таъсиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ Изатуллои Ҳабибзод-муовини раис-роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур суханронӣ карда нахуст ҳамаи ҳозиринро бо мавриди истифода қарор гирифтани чархаи аввали НБО “Роғун” табрик намуд.
Дар идома ба шахсоне, ки ба сафи ҲХДТ пайваста буданд шаҳодатномаҳои узви ҲХДТ супурда шуд. Ооиди таъсиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ розигии ҳозирин гирифта шуда, номи ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ “Армуғон” гузошта шуд. Бо пешниҳодти аъзои ҳизб Мардонзода Далер- раиси ташкилоти ибтидоии “Армуғон” ва Ятимов Барзу котиби ташкилоти ибтидоии “Армуғон” интихоб шуданд.
Изатуллои Ҳабибзод-муовини раис-роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур дар идомаи суханронии худ атрофи вазъи ноустувори ҷомеаи ҷаҳон, пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, роҳ надодан ба зиёдаравию хурофотпарастӣ, пойдории сулҳу субот, иқдомҳои созандагиву бунёдкории шаҳрдории Душанбе ва истифодаи самараноки қувваи барқ таъкидҳо кард.