Иқтисоди Шветсия ва Финландия ба таназзул ва номуайянӣ дучор шудааст1-03-2023, 14:14
Хабарро хонданд: 494 нафар
Назарҳо: 0
Иқтисоди Финландия ба давраи таназзул ворид гардида, иқтисоди Шветсия нисбат ба пешгӯии ибтидоӣ зиёдтар коҳиш ёфтааст. АЗЕРТАҶ иттилоъ медиҳад, дар ин бора дар маълумоти нави идораҳои омории ду давлат гуфта шудааст.
Мувофиқи маълумоти пешниҳодшуда, ММД — и Финландия дар семоҳаи сеюми соли гузашта нисбат ба семоҳаи дуюм 0,1% ва дар семоҳаи чорум 0,6% коҳиш ёфтааст, ки ба таърифи техникии таназзул рост меояд. Тибқи маълумоти Раёсати омори Финландия, иқтисоди ҷумҳурӣ аз афзоиши таваррум, ки моҳи январ ба 8,4% расид, зарар дидааст. Тибқи пешгӯии охирин, ки аввали моҳи феврал нашр шудааст, бонки марказии Шветсия интизор аст, ки имсол ММД то 1,1% коҳиш меёбад, ки ин ба нишондиҳандаи миёна дар Аврупо мувофиқ аст. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.