Дар доираи Барномаи курси бозомӯзӣ барои раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳайати бонуфузи ҳизбиёни мамлакат ба шаҳри Ҳисор ташриф оварданд.
Меҳмононро дар назди лавҳаи монументалии “Водии Ҳисор”, воқеъ дар гардиши Шоҳамбарии шаҳр муовини якуми раиси шаҳри Ҳисор Сироҷиддин Каримзода ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор Изатуллои Ҳабибзод истиқбол гирифтанд.
Тибқи Барнома бо мақсади шиносоӣ бокорхонаҳои саноатии шаҳр меҳмонон аз ҶСК “Агротехсервис” дидан намуда, дар сехҳои корхона бо хатҳои технологии он ошно гардиданд. Роҳбари корхона Ҷалолиддин Нуралиев аз таърихи корхона, ки бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи ҳамкориҳо ба Ҷумҳурии Беларусия роҳандозӣ шуда, соли 2018 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии ба мо дӯстӣ Белорусия муҳтарам Александр Лукашенко мавриди истифода қарор гирифтааст ёдовар шуда, оид ба иқтидори корхона, ҳамкориҳо бо корхонаҳои саноатии кишварҳои пешрафтаи минтақа ва ҷаҳон маълумот дод.
Дар идома меҳмонон аз Мамнуъгоҳи таърихӣ-фарҳангии Ҳисор боздид намуда, бо Қалъаи Ҳисор, Амфитеатр, Қасри ҳоким, мадрасаҳои наву кӯҳна ва дар осорхонаи мамнуъгоҳ бобозёфтҳои нодири таърихӣ шинос гардиданд.
Дар боғи зимистонаи “Шаршара” меҳмононро таҳти роҳбарии муовинони Раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ ва Латифзода Асрор Қурбон раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар пазироӣ карда, ба шаҳри Ҳисор хайрамақдам гуфт. Ҳамчунин, меҳмононро бо сиюмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод гуфта зикр намуд, ки баргузории курси бозомӯзӣ барои раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ, ки бо дастури Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардидааст, барои густариш ёфтани фаъолияти ҳизб, ташвиқу тарғиби дастовардҳои рӯзафзуни мамлакат, ба мардум расонидани ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумат дар марҳилаи рушди навини кишвар, рӯйдодҳои ҷаҳонишавӣ ва таҳаввулоти сиёсии ҷаҳон ба фаҳмиши бештари роҳбарони ҳизбӣ ҷиҳати рушди Тоҷикистон аз лиҳози иқтисодӣ, беҳбудии ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ мусоидат менамояд.
Тазаккур дода шуд, ки дар маркази шаҳр моҳи июни соли 2022 бо иштироки муовини якуми Раиси ҲХДТ муҳтарам Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор ба бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ санги асос гузошта шудааст вабо мақсади ҳамраъйӣ ба иқдомоти шоистаи роҳбарияти ҳизб мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барои бо хоҷагии ёрирасон таъмин намудани Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб тадбирҳои судманд меандешад ва бо ин мақсад то ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ 1,5 гектар замини кишоварзӣ ҷудо карда хоҳадшуд.
Дар чорабинӣ муовинони Раиси КИМ ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ ва Латифзода Асрор Қурбон суханронӣ карда, барои истиқболу пазироии роҳбарият ва сокинони шаҳри Ҳисор изҳори сипос намуданд. Бо итминон изҳор доштанд, ки ҳамкориҳо бо МИҲД-и шаҳри Ҳисор минбаъд низ густариш ёфта, баҳри сазовор истиқбол гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, татбиқи ҳадафи олӣ – бунёди давлати демократӣ, муқтадиру тавонова шукуфони Тоҷикистон, таҳти шиори “Ватандӯстӣ ва рушд” якҷоя саъю талош хоҳанд намуд.