Ташаккул ва рушди фарҳанги миллии тоҷикон20-02-2023, 16:34
Хабарро хонданд: 264 нафар
Назарҳо: 0
Муносибати давлати миллӣ ва дунявӣ бо ҷаҳонбинии динӣ дар ҷомеаи муосир яке аз мавзуъҳои калидии курси бозомӯзӣ барои раисони кумитаҳои иҷроияи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо буд, ки дар вохӯрии Директори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор, Абдураҳим Холиқзода бо иштирокчиёни курс ба риштаи таҳлил кашида шуд. Абдураҳим Холиқзода зимни суҳбат атрофи мавзуи муносибати давлати миллӣ ва дунявӣ бо ҷаҳонбинии динӣ дар ҷомеаи муосир ибрози дошт, ки дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллии тоҷикон пояҳои динӣ аз ҳама бештар нақши бориз гузоштаанд. Саҳми пояҳои исломӣ дар рушду такомули фарҳанги миллии тоҷикон, алалхусус, дар давраи салтанати Сомониён хеле бузург ва назаррас аст. Дар давраи мазкур ҳамаи соҳаҳои ҳаёти моддиву маънавии тоҷикон рушду ривоҷ мекарданд. Дар замони ҳозир консепсияи мукаммали ваҳдати миллии худ фаъолияти ниҳодҳои қудратӣ ва шабакаҳои илмию таҳлилӣ ва иҷтимоиро васеъ ба роҳ монда, тамоми имкониятҳоро барои паст кардани шиддати ифротгароӣ, терроризми динӣ, решакан кардани гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҷараёнҳои ифротӣ, таблиғи арзишҳои фарҳанги миллӣ ва ваҳдати динию эътиқоди мазҳабӣ сафарбар карда истодааст. Зикр шуд, ки дунявият алайҳи дин нест, балки озодсозии дин аз олудагиҳое аст, ки ба дин таҳмил шуданд ва замонате барои имон дар шакли амиқ ва саҳеҳ аст, зеро имони саҳеҳ аз интихоби озодӣ ҳосил мешавад. Таърихи давлатдории миллатҳо ва фарҳанги сиёсии мусулмонон аз ҳамдигар тафовут доранд ва ҷорӣ намудани як шакли давлатдорӣ дар ҳамаи кишварҳо низ ғайриимкон аст. Мутаассифона, баъзе аз сиёсатмадорони исломӣ ҳамин далели таърихиро нодида гирифта, таърихи миллати тоҷикро аз нигоҳи ҳамин меъёрҳо нодуруст баррасӣ менамоянд. Низоми дунявии давлатдорӣ имконият медиҳад, ки инсон ҳуқуқу озодиҳои худ, аз ҷумла озодии диниашро ҳифз намояд, дин ҳамчун ҷузъи фарҳанги миллӣ рушду нумуъ карда, дар тарбияи ахлоқии инсон саҳм гирад, нақши маънавии дин дар ҷомеа баланд гардад ва аз ҳамин роҳ дар ҳаёти ҷамъиятӣ - сиёсии ҷомеа мақоми сазовореро дошта бошад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.