Набояд бо тақдири хеш бозӣ кард4-08-2016, 16:00
Хабарро хонданд: 428 нафар
Назарҳо: 0
Дар ҳошияи суханронии Пешвои миллат дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон.
Дар баробари пайдоиши меъёрҳои танзимкунандаи муносибатҳои иҷтимоӣ худшиносии инфиродӣ нақши меҳварӣ касб кардааст. Вале дар ҷомеаи мусулмонӣ худшиносии инфиродӣ ҳамчун падидаи бегона ба таври зарурӣ ташаккул наёфт ва то ҳол ҳам таҷдиди назар нашудааст. Ин дар ҳолест, ки вазифаи ҳар як дин, аз ҷумла дини ислом берун овардан аз торикӣ ба равшанӣ, ислоҳи шуури фард, ислоҳи муносибати ӯ бо Худо ва тарбияи худи инсонҳо ифода меёбад. Мутаассифона, бо умеди ташаккули уммати исломӣ ҳамчун низоми идеологӣ-сиёсӣ тарбияи фард - инсони оқил канора шуд. Дар ниҳоят уммати исломӣ ба буҳрони маънавии дохилӣ дучор шуд, ки он то имрӯз идома дорад. Бояд иқрор шуд, ки дар шарқи мусулмононӣ давлатдорӣ ва миллатсозиро бо омадани ислом як медонанд, ки ин фаҳмиши хатост. Зеро мусулмононе мисли тоҷику форс қабл аз ислом ҳам миллат буданд ва ҳам давлат доштанд. “Фаромӯш набояд кард, ки тоҷикон таърихи исботшудаи беш аз панчҳазорсола дошта, ҳанӯз пеш аз зуҳури ислом соҳиби фарҳанги асил ва анъанаҳои қадимаи давлатдорӣ буданд” (Эмомалӣ Раҳмон). Давлатдории то исломии мо дорои мероси фарҳангии фарохтар ва ғанитар аз давраи исломӣ мебошад, чун он давраи то панҷҳазорсоларо дар бар мегирад. Барои ин халқҳо дини ислом ҳамчун маҷмӯи меъёрҳои ахлоқӣ ва диёнатӣ-эътиқодӣ гардид. Вале ҳамчун мактаби сиёсӣ натавонист амалӣ шавад. Зеро низоми сиёсии империя аз лиҳози сохтори сиёсӣ нисбат ба низоми динӣ ташаккулёфта буд. Вале бо сӯистифода аз эътиқоди динии мардум минбаъд ҳама гуна низоми сиёсӣ, давлатҳои сулолавӣ, хилофатҳои қавмӣ ва империяҳои ташкилшуда худро ҳомии ислом муаррифӣ мекарданд. Дар амал ба ғайр аз татбиқи чанд масъалаи шаръӣ ягон қавонини динӣ татбиқ намешуд. Мутлақ будани ваколати амир ё шоҳ ва тобеъ будани қозӣ ҳамчун намояндаи дин ба низоми шоҳӣ инро собит мекунад. Ҳамаи ин давлатҳои сулолавӣ ба ғайр аз ҳикоятҳои зулму истибдоди мардуми бумӣ асаре барои таърих боқӣ нагузоштанд. Ҳақиқат ҳамин аст! Оё мо метавонем амали ваҳшиёни ғазнавиёнро дар ҳақи мардуми Балх талаботи шариати ислом, ё қатлу куштори мардуми бумии тоҷик аз дасти манғитиҳоро бақои ислом ном барем. Оё аз каллаи мардуми мусулмон сохтани ягон манора зарурати исломӣ дошт? Албатта не! Дар ин байт чунин рафторро шоир ҷолиб баён кардааст: Аз шурби хамри ҷаҳл сарат гашта пурхумор Акнун зи чоми ақл давои хумор кун. Аввал ҳамаи ин сулолаҳо хусусан хонҳо аз пайванди худ бо насаби чингизи муғул ифтихор доштанд ва ин даъво худшиносии фардияшонро нишон медод. Дар ниҳоят ҳамаи ин сулолаҳои бодиянишин аз манфиатҳои қабилавӣ ҳимоят мекарданд ва ҳатто муқаррар шуда буд, ки ғайр аз хонҳо ҳеҷ кас ҳуқуқи ҳоким шуданро надорад. Агар дар фарҳанги арабӣ меъёрҳои ҳуқуқии маволӣ (мусулмони ғайриараб) дақиқан бо асоси динӣ маҳдуд шуда бошад, дар минтақа мансубияти миллӣ сабаби аз даст додани нақши сиёсӣ дар ҷомеа гардид. Дар раванди ташаккули фарҳанги миллӣ масъалаи бартарияти ҳувияти динӣ бар ҳувияти миллӣ ба як баҳси тӯлонӣ ва низоъангез табдил ёфтааст. Бинобар он таҳқиқи илмии масъалаи мазкур дар давлатдории миллии муосир падидаи мусбат аст ва аз он набояд ҳаросид. Масъала сари он аст, ки муносибати байни миллият ва диният дар дохили як фарҳанг ва аз он ҳам маҳдудтар андар андешаи як фард чӣ хел танзим мешавад. Зеро аксари мусулмонон ба мисли туркҳо, арабҳо, пуштуҳо, форсҳо, қибтиҳо, шомиҳо ва ғ. ба ҳар дуи ин арзишҳо эҳтиром доранд. Мо то ҳол аз забони ягон турк ё пушту нашунидаем, ки мусулмон буданашро асли ягона донаду аз миллат куллан рӯ гардонида бошанд. Ҳатто ҳаракати Толибон бо ҳамаи таассуби динию ифротӣ аз фарҳанги пушту ҳимоя дорад ва таҳмили онро болои мардуми дигари бумӣ вазифаи аввалиндараҷаи худ меҳисобад. Танг кардани доираи нуфузи забони форсӣ-дарӣ мисоли аёни ин муборизаҳост. Зеро аз лиҳози динӣ ҳеҷ имконият надорад, ки бартарияти забони пушту ё фарҳанги пушту бар дарӣ собит гардад. Шояд ба маврид бошад, агар барои тоҷикони аз худ бегонашуда сухани марди сарсупурдаи миллати тоҷик Аҳмадшоҳи Масъудро ёдовар шавем. “Боре дар ҷанги зидди Толибон чанде аз афсарон пеши ӯ омада изҳор доштанд, ки як хабарнигори радиои Хуросон, ки ҳиндуасл аст, мехоҳад бо Шумо дар бораи мақоми забони форсӣ суҳбат кунад. Мо чанд бор ӯро гуфтем, ки ҳоло вақти ҷанг асту соҳиб Масъуд имконияти бо шумо суҳбат карданро надорад ва мавзӯи суҳбати шумо дар айни замон муҳим нест. Аҳмадшоҳ ба тарафи онҳо бо чашмони пуралам нигоҳе карду гуфт: “Фарёд кунед он хабарнигорро, ман бо ӯ суҳбат мекунам. Охир ҳамаи ҳамин ҷанг барои ҳифзи забони дарӣ аст”. Имрӯз халқҳои дигар мисриҳоро араб меҳисобанд, вале худи мисриҳо худро қибтӣ гуфта муаррифӣ мекунанд ва худро меросбари фарҳанги қибтӣ меҳисобанд ва ин матлабро Президенти Миср дар суханрониаш таъкид карда буд. Воқеан таърихи фарҳанги қибтӣ аз таърихи араб дарозумртар ва ғанитар аст. Агар онро мардуми дигари араб қабул надошта бошанд, ин айби мисриҳо нест, ки онҳо чунин таърихи бойу ғанӣ доранд. Агар араб таъриху анъанаҳои то исломии худро ҷоҳилият эълон карда бошад ва воқеан ҳам он ҷоҳилият буд (зинда гӯр кардани духтарон). Пас ин проблемаи онҳост ва муносибати онҳо ба гузаштаи худашон аст. Вале барои чӣ бояд тоҷику форс ё қибтӣ, ки таърихи давлатдории зиёда аз панҷҳазорсола доранд ва дар ташаккули тамаддунҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла фарҳанги исломӣ нақши бориз доранд, таърихи худро ҷоҳилият эълон кунанд. Баҳси мо масъалаи эътиқодӣ-диёнатӣ нест, балки худшиносии инфиродӣ аст. Зеро мардуми мусулмони тоҷиктабор дар тӯли ин ҳазору чорсад сол аз дини ислом пайравӣ доранд, ба арзишҳои динӣ эҳтиром доранд ва бо он фахр доранд, ки пайрави дини барҳақанд. «Исломро аз фарҳанги миллӣ ва фарҳанги миллиро аз ислом ҷудо ҳисобидан хатост» (Эмомалӣ Раҳмон). Бо ин сухан ба баҳси сохтаи гурӯҳҳои хушунатҷӯ хотима дода шуд. Мо ҳадафи ботил кардани ягон андешаи динӣ ё ғайридиниро надорем ва инро бояд хонанда дарк кунад. Тоҷикон ба таълимоти ислом эҳтироми хоса доранд ва шояд дар масъалаҳои адолату саховат, эҳтиром ба эътиқоди динии шахси дигар аз дигарон болотар бошанд. Зеро дар таърихи мардуми тоҷик ин арзишҳо сутуни фарҳанги миллӣ буданд ва ҳаёти мардуми тоҷикро бе ин арзишҳо тасаввур кардан ғайриимкон аст. Дар фарҳанги мардуми бадавӣ бошад ин арзишҳо бо омадани ислом нақше пайдо карданд. Бинобар ин хоҳ- нохоҳ то ҳол анъанаҳои зиёди то исломии араб имрӯз ҳам дар ҳаёти мардум таъсири худро доранд. Ин падидаи табиӣ аст. Барои тоҷикон арзишҳои миллӣ баръакс миллатро аз махлутшавӣ ва нест шудан ҳимоят карданд ва дар айни замон ин арзишҳо ҳамчун шоҳсутуни давлатдории миллӣ хизмат мекунанд. Дар заминаи ҳамин фарҳанги миллӣ давлатдории Сомониён барқарор шуда буд, вале баъдан аз байн бурда шуд. Чаро! Дар зери таъсири идеяи фаромиллии дин қисме аз мардум ҳувияти худро аз даст дода буд ва арзишҳои миллӣ дар ҳаёти онҳо нақше надоштанд. Омили динӣ барои турку араб ҳам ба сифати барангехтани низоъҳои динӣ-мазҳабӣ дар миёни миллатҳои ғайритуркзабон ва ҳам ба сифати унсури муттаҳидкунандаи халқҳои мусулмони турктабор истифода шудааст ва “фаромӯш набояд кард, ки маҳз мардуми турктабор бо дастгирии арабҳо, бо истифода аз омили динӣ-мазҳабӣ давлати Сомониёнро барҳам зада буданд”. Ҳадафи ниҳоии аҷнабиҳо аз арсаи сиёсат ва давлатдорӣ канора кардани мардуми бумии тоҷик буд ва ниҳояти кор ба ҳамин ҳадаф расид. Чунин як имтиҳони таърихӣ боз баъди 10 аср ба сари тоҷикон омад ва бозии навбатиро боз аҷнабиён тарҳрезӣ карданд, ки боз ҳам тоҷикон бохтанд. Дар асрҳои XIX-XX ҳаракатҳои миллӣ сабаби озод шудани аксари кишварҳои мусулмонӣ аз мустамликаи ғарбиҳо ва давлатдории сулолаҳои аҷнабӣ шуданд. Чаро ҳаракатҳои динӣ не! Баъди суқути давлати Сомониён аксарияти давлатҳои аҷнабии сулолавӣ худро ҳомии ислом муаррифӣ мекарданд ва рӯҳонияти таассубгаро дар бақои чунин низом манфиати худро медид. Дар натиҷа барои равшанфикрону ҳомиёни миллат ба ғайр аз душманони аҷнабӣ боз як табақаи дигари бадбину хусуматгаро дар дохил пайдо шуданд, ки шоири муосири мо Бозор Собир онро хеле ҷолиб баён кардааст: Араби аҷнабӣ агар як бор Арабитозӣ кард то Фархор, Араби хонагӣ, арабтабор, Арабитозӣ мекунад то ҳол, Ҳеҷ моро надод истиқлол. Уламои таассубгаро дар бунёди ҳама гуна империяҳои бо номи дин, бунёди хилофати исломиро, ки уммати исломиро мутаҳид мекард, медиданд. Бинобар он, дар бунёди ҳама гуна империяҳои динӣ онҳо татбиқи ормонҳои диниро тасаввур мекарданд. Дастгирӣ ёфтани ДИИШ аз ҷониби баъзе уламои исломӣ бо ҳамин далел асос меёбад. Беҳуда нест, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти худ бо ҷавонон 23 майи соли 2013 дар кишвар пайдо шудани равияҳои динии ғайрисуннатӣ, ҳизби сиёсии хусусияти динидошта ва ба онҳо шомилгардии ҷавононро яке аз мушкилиҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсии Тоҷикистон ҳисобида, пешгирӣ кардан аз онро яке аз вазифаҳои муҳими мақомотҳои дахлдори давлатӣ, аҳли зиё ва ашхоси ба ору номуси миллат ва ниҳоят вазифаи ҳар шаҳрванд донистааст. Вале кирдори пайравони ҳаракатҳои ифротгарои динӣ на беҳбудӣ, балки пояи давлатҳои мусулмониро шикаст ва маъюсию ноумедиро дар тафаккури одамон ҷойгузин кард. Аз ибтидо то ҳол дар миёни мусулмонон се навъи муносибат ба дин роиҷ аст: - Диндорон - новобаста аз касбу кор ва донишу маърифат динро муқаддас медонанд ва эҳтиром мегузоранд. Ин гурӯҳ кӯшиши ғанӣ гардонидани олами маънавии худи онро риоя ва эҳтиром мекунанд; - Динсозон- ин гурӯҳи мардум бо назардошти манфиатҳои шахсӣ динсозӣ карда, худро ҳамчун соҳибони дин муаррифӣ мекунанд ва гӯё ҳуқуқи дар бораи дин сухан гуфтанро ҳамин гурӯҳ доранду халос ва онҳо метавонанд каломи саҳеҳи ҳар мусулмонро ботил ва беарзиш созанд; - Динбоз - ин гурӯҳи мардум ба дин ҳамчун як олоти тавоно мисли сиёсат, зурӣ, зулм барои ба даст овардани қудрат бозӣ мекунанд. Барои ин табақаи мардум дин дар асли худ қудсият нест, танҳо онро ҳамчун идеологияи пурқуввати фарогири ҳамагон истифода мебаранд. Бинобар ин ҳаёти динии мусулмонон аз ин доира берун нест ва таҷрибаи татбиқи онҳоро дар шарқи мусулмонӣ метавон ёфт. Масалан, ҳуҷуми муғулро мардуми диндори солим ҳамчун ғасби давлату дин ва Ватану миллат қабул доштанд ва бо онҳо мубориза бурданд. Табақаи динсозон онро ҷазои Худо гуфта, ба итоат аз он даъват мекарданд ва бо ин худро бо аҷнабиён ҳамчун соҳибони дин муаррифӣ карданд, то манфиатҳои худро ҳифз кунанд. Табақаи динбозон минбаъд бо истифодаи насаби муғулӣ ва даъвои мусулмонӣ қудрати сиёсиро ба даст оварданд. Муборизаи тоҷик бо муғул на маънои ҳифзи Ватан дошт, балки он ба маънои мубориза бо ислом маънидод мешуд ва бо онҳо ҳамчун душмани ислом мубориза мебурданд. Бо шабехуну турктозӣ агар, Аз Аҷам турки аҷнабӣ рад шуд, Ҳар қизилбоши хонагӣ лекин, Аз қизилбоши аҷнабӣ бад шуд. Зулми аксарияти сулолаҳои аҷнабиро болои мардуми бумӣ асоси динӣ дода, барои манфиатҳои шахсии худ аз ин низомҳои золим пуштибонӣ мекарданд. То ҳол мо аз зулми Ғазнавиён, Темуриён ва Шайбониён дар ҳаққи мардуми тоҷик таҷрибаи ҳаётӣ набардоштаем. Чаро! Дар айни замон ҳам барои як гурӯҳи ҷомеа идеяи миллат умуман мақбул нест ва ҳама гуна ҳаракатҳои миллиро маҳкум мекунанд. Муғули аҷнабӣ каму бисёр Хонумонсӯзӣ кард агар як бор, Муғули хонагӣ муғултар шуд, Нест чун мо дар хона душмандор. Вале новобаста аз муборизаҳои дохилӣ ҳаракатҳои озодихоҳ дар умум шакл гирифтанд ва ба ҳадафи асосӣ - озодӣ расиданд. Ҳатто ҳаракати ваҳҳобия, ки имрӯз баъзе онро эҳёи ислом ё исломи даврони Паёмбар ном мебаранд, дар умқи решаи худ ҳаракати миллии арабҳо барои мубориза ба муқобили туркҳо аз ҷониби феодалони араб бо дастгирии англисҳо таъсис дода шуда буд. Ниқоби динӣ касб карданаш бошад танҳо ба хотири он буд, ки тафаккури миллии арабҳо дар асоси ислом ташаккул ёфта буд ва то либоси динӣ касб намекард, аз ҷониби доираҳои динии арабҳо дастгирӣ намеёфт. Чун доираҳои динӣ дар мадди аввал арзишҳои диниро ҷой медиҳанд ва онҳоро сутуни асосии фарҳангсозӣ медонанд. Чунин иддао аз ҷониби мубаллиғони ҳизби наҳзати исломӣ (“Сутунмуҳраи фарҳанги миллӣ ислом аст”) дар кишвар низ таблиғ шуда буд. Вале дар воқеият ҳеҷ имконият надорад, ки дар кишвари Тоҷикистон мероси фарҳанги тоҷикро нодида гирӣ. Пас барои кӣ давлат месозем! Бинобар он эътибор додан ба арзишҳои миллӣ ва эҳёи решаҳои таърихии онҳо, омили ташаккули тамаддуни муосири тоҷикон хоҳад буд. Дар муносибати миёни арабҳо ҳанӯз аз ибтидо ибораи миллат ва ё қавм маънии манфӣ касб карда буданд. Ҳарчанд дар Қуръон тавофути миллату забон маънои қудрати Худоро дорад, вале ҳаёти араб ин маънои татбиқи бечуну чарои Қуръон ҳам нест. Тамоми ҷангҳои миёни арабҳо ҳам бар асоси тавофути миллӣ, қабилавӣ ва авлодӣ сурат мегирифт. Ин мафҳумҳо аз таҷрибаи ҳаёти мардуми араб ҳамчун омилҳои тафриқаандоз ба ислом ворид шуданд. Барои арабҳо арзишҳои динӣ ва миллӣ як буд ва арзишмандии яке бевосита дигариро тақвият мебахшид. Вале барои миллатҳои ғайриараб пазируфтани дини ислом ҳамчун дини барҳақ як амали муқаррарӣ буд, вале онро ҳамчун афкори сиёсӣ пазируфтан ғайриимкон буд. Ҳарчанд низомҳои сиёсӣ худро ҳомии ислом нишон дода бошанд ҳам, худи ҳамин низомҳо ҳудуди илоҳиро таҷовуз карда, исломро ба ҳадафҳои сиёсиву идеологии худ мутобиқ карданд, ки он аз исломи муҳаммадӣ хеле тафовут дошт. Масалан, уламои Бухоро фатво доданд: “Рӯза гирифтан аз гардани амирони манғит соқит аст. Чун амири мусулмонон дар вақти рӯза заъиф мешавад ва ин метавонад дар умури давлатдорӣ нуқсонеро ба вуҷуд орад”. Куҷо ҳукми Худову куҷост сароби хаёл! Ҳарчанд имрӯз баъзе кишварҳо ба мисли Покистон, Афғонистон ва Эрон кӯшиш доранд арзишҳои миллиро дар доираи низоми сиёсии исломӣ ва арзишҳои динӣ нигоҳ доранд, натиҷаи дилхоҳ надода истодааст.Зеро бархӯрди андешаҳои гуногун, хусусан таъмини озодандешии шахс ҳамчун шаҳрванди комилҳуқуқ мушкилоти зиёди дохилӣ ба вуҷуд овардааст. Чунин низоми сиёсӣ унсурҳои танзимкунандаи муносибати дохили фарҳангҳоро надорад ва новобаста аз сатҳи маърифати мардум низоми динӣ бо андешаи миллӣ созгор шуда наметавонад. Дар ниҳоят ҳукм ба куфр ё муртад роҳи ягонаи ҳалли мушкилоти ҷомеа хоҳад буд. То ҳол дар бораи гуфтугӯи фарҳангҳо дар дохили кишварҳои исломӣ ҳарф задан имконият надорад, куҷо расад ба гуфтугӯи тамаддунҳо. Аз ибтидо баҳсҳои ақидавии мусулмонон хусусияти идеологӣ- сиёсӣ касб карда, ҳар як масъалаи ақидавӣ метавонист сабаби бархӯрд ва қатлу куштори ҳазорон мусулмон шавад ва ин то ҳол идома дорад. Дар таърихи мусулмонон чунин ҳодисаҳо кам нестанд. Бинобар ин, таълимоти диниро дар ҳаллу фасли масъалаҳои иҷтимоӣ метавон татбиқ кард, вале дар ҳаллу фасли масъалаҳои сиёсӣ ин кор имконнопазир аст. Зеро низоми динӣ имконияти озодона муайян намудани муносибати ҳар як шаҳрвандро ба дин маҳдуд месозад, зеро чунин сохтори сиёсӣ дар асли худ озодандеширо ҳазм карда наметавонад ва чунин низом бо фармудаҳои Қуръон мухолифат дорад. Аз ин рӯ, танҳо дар сурати арзиши ахлоқи маънавӣ пазируфта шудани дин метавонад барои мардум хизмати созанда дошта бошад. Бинобар ин, агар шахсият худшиносии инфиродӣ надошта бошад, ҳеҷ вақт динро ба манфиати худ истифода бурда наметавонад ва баръакс қурбони бозиҳои динӣ-сиёсӣ мегардад, зеро диндорӣ дар фаҳмиши баъзе мусулмонон фарохтар аз масоили ибодатӣ буда, фарогири масоили сиёсӣ шудааст. Пешвои миллат таъкид доштанд, ки “ҷиноятҳои дигаре, ки имрӯз тамоми ҷаҳонро сахт ба ташвиш оварда, ба вабои аср табдил ёфтаанд, экстремизм ва терроризм мебошанд. Мутаассифона, имрӯз 33 нафар сокинони вилоят, ки аксари онҳоро (27 нафар) сокинони ноҳияи Ванҷ ташкил медиҳанд, дар ҳайати гурӯҳҳои террористӣ дар давлатҳои хориҷӣ қарор доранд. Бештари ин шахсонро онҳое ташкил медиҳанд, ки дар хориҷи кишвар таълимоти динӣ гирифтаанд. Бо вуҷуди кӯшишҳои мақомоти давлатӣ то имрӯз шумораи онҳое, ки дар хориҷи кишвар ғайриқонунӣ таълимоти динӣ мегиранд, зиёданд”. Дар зери таълимоти динӣ-идеологии бегонагон хоҳ - нохоҳ аз худ бегона мешавӣ. Таҳсилкардагони мадрасаҳои Бағдод давлати Сомониёнро аз миён шикастанд, хатмкардагони мадрасаҳои туркӣ дар асри XX бо тақвият додани баҳсҳои динӣ-мазҳабӣ қисми зиёди тоҷикро аз решаи таъриху фарҳангаш ҷудо карданд ва хатмкардагони кунунии кишварҳои хориҷ боз дар тарҳрезии аз байн бурдани давлатдории навини тоҷикон камар бастаанд. Муайян намудани омилҳои ташаккули худшиносӣ муҳим ва заруранд, зеро дар партави онҳо тарафи муқобилро метавон шинохт. Дар натиҷаи нодуруст муаррифӣ шудани дин низоъҳои қавмӣ-динӣ ва миллӣ дар кишварҳои мусулмоннишин хеле зиёд шуда истодааст. Агар аз як тараф хоҷагони беруна дар ноором сохтани вазъи кишвари ҷангзадаи Афғонистон даст дошта бошанд, аз тарафи дигар худи мардуми бесавод ва рӯҳонияти таассубгарои ифротӣ сабаби идомаи ин ҷанганд. То ҳол онҳо ашхоси давлатӣ сарбозу пулис, вакилу муаллимро ҳукм ба куфр мекунанд ва кӯшиши дар ин бесарусомонӣ ба даст овардани қудрати сиёсӣ дар ягон минтақаи ҷудогонаро доранд. Ин ҳаракатҳо ҳокимияти марказиро фалаҷ карда, ҳудуди як давлатро ба чанд ҳокимияти мустақил тақсим мекунанд. Агар аз сари ҳар як минбар ба сулҳу оромӣ даъват карда шавад, ин ҷангу ҷидол хотима меёбад. Вале ҷанг ҳам имрӯз тиҷорат ва манбаи даромад шудааст. Ҳувияти динӣ низ метавонад омили муттаҳидкунанда дар ҷомеаи муосир бошад. Ин дар он сурат имконпазир мегардад, ки агар худшиносии миллӣ дар шакли томи худ ташаккул ёфта, ҳамчун унсури меҳварӣ пазируфта шавад. Дар сурати як донистани фарҳанги диндорӣ ба исломи сиёсӣ ва бо ҳамин андеша ворид гардидан ба сиёсат натиҷаи нек ба даст нахоҳад овард ва инро таҷрибаи ҳаётӣ собит кард. Нодида гирифтани арзишҳои миллӣ дар низоми ҷаҳонӣ як халои идеологӣ ва сиёсӣ ба вуҷуд меорад, ки танзими муносибати байни қавму миллатҳо ва пайравони дину мазоҳиб дар дохили як давлат ғайриимкон мегардад. Бартарият додани дингароӣ дар умури сиёсӣ яке аз омилҳои асосии низоъҳои дохилӣ буд ва ҳатто масъалаи муайян кардани муносибати шахс ё қавм ба дин аллакай сабаби низоъ мешуд. Дар айни замон дар ҷаҳони ғарб арзишҳои динӣ фаъол ва таъсирбахш нестанд, вале онҳо ба фаъол кардани ифротгарои дар Шарқ манфиат доранд. Низоми давлатдории мавҷударо дар таъмини ҳуқуқи мусулмонон нокомил, вале интишори идеяҳои ифротиро дар шаклҳои гуногун дастгирӣ мекунанд. Вобаста ба суръати тағйир ёфтани муносибатҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ раванди шакл гирифтани миллат низ бетаъсир намемонад. Чунин раванд татбиқи дастовардҳои ҷаҳони муосирро дар кишварҳои мусулмонӣ ғайриимкон мегардонад. Дар кишварҳои шарқии мусулмонӣ ҳаракатҳои миллӣ нисбат ба ҳаракатҳои динӣ заифтар буданд ва ин сабабҳои худро дошт. Мо танҳо як нуктаи муҳими ҳамин масъаларо қайд мекунем, ки таассуб ва тангназарии худи мардум, хусусан тоҷикон доираи ҳаракатҳои миллиро хеле танг карда буд. Ҳамчунин дар рушди ҳаракатҳои миллӣ давлатҳои сулолавии бегона низ манфиатдор набуданд. Чун намояндагони ҳаракатҳои миллиро ҳамчун душмани давлат ва дин таъқиб мекарданд. Агар ба таърихи ҳаёти шахсиятҳои бузурги миллат назар андозем, мебинем, ки пеш аз ҳама, онҳоро ҳамчун душмани дин таъқиб мекарданд, вале дар асл мансабдорони турку муғул онҳоро ҳамчун рақиби сиёсӣ медонистанд. Бинобар ин рақобатро ниқоби динӣ дода, бо дасти диндорони таассубгаро ва ҳатто мардуми ҳамзабонаш онҳоро нест мекарданд. Ҳарчанд ҳаракати миллатгароӣ ба мисли «шуубия» тавонист шуури мардумро барои озодии фардӣ ва миллӣ бедор кунад, вале дар зери таъсири давлатдорони аҷнабӣ, ки худро ҳомиёни ислом муаррифӣ мекарданд, натавонистанд натиҷаҳои назаррас ба даст оранд. Вале дар асрҳои баъди барои бунёди давлатдории миллӣ шароит фароҳам сохтанд. Дар замони муосир низоми давлатсозӣ бар асоси миллатмеҳварӣ амалӣ шуда истодааст. Раванди сиёсӣ ва иқтисодӣ-фарҳангӣ хусусияти миллӣ касб карда истодааст ва рушди кишварҳои зиёди ҷаҳон маҳз ба ҳамин омил иртиботи зич доранд. Масалан тараққиёти кишварҳои Чин, Ҷопон, Ветнам, Тайланд, Малайзия ба тафаккури миллии ин қавмҳо вобастагӣ дорад. Бинобар ин, комёб нагардидани институтҳои демократӣ дар кишварҳои мусулмонӣ, пеш аз ҳама ба бархӯрди андешаҳои таассубгарои динӣ-сиёсӣ ба фарҳанги миллӣ ва дар сатҳи зарурӣ ташаккул наёфтани мафҳуми давлатдорӣ вобаста аст. То имрӯз ба ғайр аз баҳсҳои ақидавӣ дар ин ё он масъалаи ночиз, ки ниҳоятан ба ҷанг оварда мерасонад, ин кишварҳо дастоварди дигаре надоранд. Мушкилот дар он аст, ки то ҳол мардум дарк накардаанд, ки оё зарурати қурбон кардани ҷони худ ё каси дигар дар ҳамин гуна баҳс ягон манзалати динӣ дорад. Мутаассифона, вақтҳои охир дар кишварҳои мусулмонӣ баҳсҳои сиёсӣ ё муноқишаҳои дохилиро ба ҷиҳод омехта кардан ба ҳукми анъана даромадааст, ки намунаи онро мо аз забони уламои динӣ дар бархӯрди қувваҳои сиёсӣ дар Миср, Тунис, Сурия, Ироқ, Яман ва шакли пурраи даъват ба ҷиҳод дар Сурия дида истодаем. Ин мардум то ҳол дарк накардаанд, ки ин бозиҳои сиёсӣ танҳо ба манфиати абарқудратҳо пиёда мешаванд ва ба онҳо хусусияти динӣ додан нишонаи бефарҳангӣ ва бесаводии мардум аст. Дар ин муборизаҳо ҳар як миллату давлат бо нигоҳ доштани манфиатҳои сиёсии худ таърихро таҳриф мекарданд, ки баъди чанд сол дигар ҳақиқати таърихиро пайдо кардан ғайриимкон мегардад. Дар умум новобаста аз захираҳои бойи табӣ кишварҳои арабию мусулмонӣ натавонистанд низоми иқтисодии дохилиро таъсис диҳанд ва набудани чунин низом онҳоро пойбанд ва қурбони бозиҳои сиёсии бегонагон кардааст. Дар заминаи ҳамин рақобатҳои сиёсӣ муносибати мардум низ бо ҳамдигар тағйир меёбад. Дар муносибатҳои ҷаҳонӣ бошад, манфиатҳои ин ё он тамаддунро давлатҳои абарқудрати дар заминаи ҳамин фарҳанг ташаккул ёфта муаррифӣ менамоянд ва муносибатҳои миёни онҳоро танзим мекунанд. Аз ҳамин сабаб ҳама гуна муноқишаҳои сиёсӣ дар миёни онҳо метавонад мувозинати байналмилалиро вайрон кунад ва барои тамоми ҷаҳон хатарзо гардад. Ҳувияти фарҳангӣ омили сиёсии муайянкунандаи шахсият баъди ҷанги сард мебошад. Одамон барои муайян намудани мансубияти миллӣ рӯ ба таърихи гузаштаи худ меоварданд. Дар пайвастагӣ ба ҳамин гузашта худшиносии миллиро ташаккул дода, муносибати худро бо гурӯҳҳои ҳамфарҳанг, қавмияту этнос ва гурӯҳои миллию динӣ муайян мекунанд. Вале мусулмонон на танҳо муносибати миёни ҳамдигарро тағйир дода натавонистанд, балки илова бар ин дар раванди ҷахонишавӣ ва рушди босуръати технологияи муосир якбора ақиб монданд. Имрӯз мусулмонон заъфию нотавонии худро дар баробари сиёсатбозиҳои Ғарб ва системаи иқтисодии он дарк карда, талош доранд вориди системаи ғарбӣ шаванд. Вале дар он шакле, ки мусулмонон мехоҳанд, олами ғарб онҳоро пазируфтанӣ нест. Илова бар ин, кишварҳои шарқии ғайриисломӣ Япония, Чин ва Корея хеле пеш рафта доираи кишварҳои мусулмониро танг карда истодаанд. Онҳо истеҳсоли моли мавриди ниёзи зиндагиро дар кишварҳои исломӣ пур карда, бозори истеъмолии онро тобеи худ карданд. Пас савол ба миён меояд, ки ислом ба мусулмонон чӣ дод! Ва мусулмонон аз ислом чӣ бардошт карданд. Агар аз рӯи саволи аввал вориди масъала шавем, метавон ба як андешаи ниҳоии мусбат расид. Вале агар аз рӯи саволи дуюм вориди масъала шавем, баҳсҳои динӣ-сиёсӣ, ақидавию фирқавӣ чунон зиёд мешаванд, ки ҳақиқатро пайдо кардан ғайриимкон мегардад. Ин дар ҳолест, ки равшанфикрони мусулмон тӯли садсолаҳо кӯшиш карданд, ки маърифати динии мардумро тағйир диҳанд ва исломи созанда ва таҳаммулпазир дар ҷомеаи мусулмонӣ рушд ёбад. Вале душманони чунин андешаҳо низ дар миёни мусулмонон кам набуданд ва баръакс мусулмонон ҳама гуна дигаргуниро душманӣ бо ислом медонистанд. Бинобар он, бо набудани низоми устувори сиёсӣ, муборизаҳои бардавом миёни сулолаҳои аҷнабӣ барои ба даст овардани қудрати сиёсӣ, фақр ва нотавонӣ, паст будани маърифати умумии мардум, мутобиқ намудани таълимоти ислом ба манфиатҳои гурӯҳӣ имконият надоданд, ки ҷомеаи мусулмонӣ пешрафт кунад. Ва ин таҷрибаи таърихӣ аст ва ҳеҷ кас инро инкор карда ҳам наметавонад. Мутаассифона, нақши имону эътиқод ва вазифаи роҳнамоии дин ба ҷойи дуюм гузашта, ба даст овардани қудрат, манфиатҳои сиёсӣ ва молу сарват дар кишварҳои дигар, ғасб кардани давлатҳо, тороҷ кардани молу мулки мардуми мусулмон вазифаи асосии дин шудааст. Дар ин сурат дигар риштаи эътиқодӣ наметавонад мусулмононро муттаҳид нигоҳ дорад. Дар ҷомеа бо истифода аз ҷаҳолати мардум ҳама гуна андешаҳои илмиро душмани дин дониста, барои мубориза бо олимон даъват мекарданд. Таъбири дар асри XIX роиҷи олимони Бухороро, ки «оё ба ғайр аз осмони Бухоро боз осмон ҳаст» метавон ченаки маърифати оммаи мардум пазируфт ва ё парвози одамро ба кайҳону кашф шудани моҳтобро нисфи мардуми араб то ҳол бовар надоранд. Имрӯз бо дидани вазъи зиндагӣ дар ғарб ҷавонони мусулмон эҳсос карданд, ки ҷамъияти онҳо аз риояи қонунҳои демократӣ дур аст. Теъдоди зиёди ин донишҷӯён дар кишварҳои ғарбӣ сукунати доимӣ ихтиёр карда, баъдан дар бозиҳои сиёсӣ истифода мешаванд, ки оқибатҳои онро мо дар кишварҳои араб дида истодаем. Ниҳоят, дар асри XX гунаҳкори асосии ҳаёти ҳақиронаи мусулмонон сотсиализм ва миллатгароӣ дониста шуд. Ба ақидаи аксари муҳаққиқони мусулмон хусусияти сиёсӣ касб кардани миллат ва аз Ғарб ба Шарқ интиқол дода шудани он уммати исломиро пароканда кард. Вале то ба ин даврон аллакай аз уммати ягонаи исломӣ нишонае ҳам намонда буд. Имрӯз гурӯҳи дигари мусулмонони таассубгаро ва сиёсатзада нокомиҳои мусулмононро дар демократия ва дунявият мебинанд. Онҳо бар ин ақидаанд, ки ин низоми давлатдорӣ ба фарҳанги давлатдории мусулмонон бегона ҳаст. Дар ҳоле ки дунявият дар асли худ арзиши умумибашарӣ буда, маҳсули тафаккури инсоният аст ва мансубияти хоси ин ё он қавму миллат нест. Чунон ки дар боло зикр кардем, қавмҳои зиёде шаклҳои онро мувофиқи хусусиятҳои миллӣ-фарҳангии худ дар амал татбиқ кардаанд. Дар фарҳанги миллии мардуми тоҷик бошад, анъанаҳои дунявият ба мисли озодандешӣ, таҳаммулпазирӣ, инсондӯстӣ ва озодии эътиқод ҳанӯз қабл аз ислом ҷой доштанд. Дар айни замон давлати Тоҷикистон ҳамзистии арзишҳои фарҳангиро новобаста ба мансубияти диёнатию эътиқодӣ таъмин карда, собит намудааст, ки мубориза бо ҳаракатҳои террористӣ маънои мубориза бо исломро надорад. Ҳамин ҷиҳати масъала дорои ҷанбаи муҳими сиёсӣ аст. Пас барои бақои сулҳу субот бояд чӣ кор кард: 1. Давлатдории тоҷикон дар заминаи мавҷудияти миллати тоҷик бо мероси фарҳангиаш бунёд шудааст ва ин фарҳанг азизу муқаддас аст ва берун аз таҳқиру бадбинӣ ва муҳокимаҳост. 2. Мо бояд ба арзишҳои волои ҳаётӣ, Истиқлолият, Ваҳдат қудсият бахшем, то заррае ҳам фикри халал ворид сохтан дар бақои онҳо пайдо нашавад, будани чунин андеша маънои хиёнатро дорад. 3. Новобаста аз мансубияти ҳизбию сиёсӣ ва динӣ ҳудуди ихтилофу муборизаҳои сиёсӣ бояд муайян бошанд, зеро муборизаи сиёсӣ бояд маънои ғасб кардани Истиқлолияти сиёсии давлатро надошта бошад. Ин таҷрибаи ҷаҳонӣ аст ва онро бояд пазируфт. 4. Низоми сиёсиро ба хотири беҳбудӣ метавон муҳокима ва танқид кард ва ин хоси ҷомеаҳои демократӣ аст. Вале аз ин ҳам болотар Истиқлолият ва сулҳу оромӣ, ки барои ҳамаи мардум неъмати бебаҳост, бояд ҳифз шавад. 5. Таҷрибаи инқилобҳои ҷаҳонӣ собит кард, ки тарафи даъвогар на қудрати бунёди давлати навро дорад ва на кафолати бақои давлатдории пешинро дода метавонад, зеро худаш дастнигари бегонагон аст. Пас бояд пеш аз пайрави кардани чунин андешаҳо бояд фикр кард. Оё меарзад! 6. Эҳтиром ба дин маънои муайян намудани сатҳи диндории шахси дигарро надорад ва ин принсипи низоми дунявист ва онро бояд риоя кард. 7. Мардуми тоҷик вазнинтарин ва сангинтарин давраҳои таърих, истилои арабу туркро аз сар гузаронида буданд, вале тоҷик монданд, чун рагу пайванди онҳо бо ин марзу бум хоку об як буд. Даст кашидан аз он бегона шудан ба асли худ аст, ки ҳатто хоки Ватан минбаъд чунин шахсро на ҳамчун парвардаи худӣ, балки мисли унсури туфайлӣ сард қабул мекунад. Маҳрами Анварзод, котиби илмии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.