Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Тақвияти корҳои сиёсиву идеологӣ асоси Барномаи ҲХДТ

Тақвияти корҳои сиёсиву идеологӣ асоси Барномаи ҲХДТ

17-02-2023, 14:27
Хабарро хонданд: 213 нафар
Назарҳо: 0
Тақвияти корҳои сиёсиву идеологӣ асоси Барномаи ҲХДТ
Дарси навбатии курси бозомӯзӣ барои раисони кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо сухани ифтитоҳии Асрор Латифзода, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон оғоз шуд. Мавсуф бори дигар аз ибтикори созандаи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баҳри тақвият бахшидани корҳои дохилиҳизбӣ ва таблиғи ғояҳои созандаи ҳизб ёдовар шуд.

Дар идома, Махфират Хидирзода, доктори илмҳои фалсафа, профессор, узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба мавзуи «Нақши амнияти идеологӣ дар низоми сиёсии ҷомеа» маърӯза намуда, таъкид дошт, ки тақвияти корҳои маърифатӣ ва сиёсиву идеологӣ дар таъмини сулҳу суботи мамлакат ва рушди давлатдории миллӣ муҳим арзёбӣ шуда, Тоҷикистон ҳамчун як давлати миллӣ аз консепсияи миллати огоҳ, маърифати сиёсӣ ва ҳушёрии сиёсии мардуми худро ба сатҳи зарурӣ баровард. Зикр шуд, ки корҳои сиёсӣ ё маърифатӣ дар шароити имрӯза бештар тавассути тарғиботу таблиғот аз тарафи васоити ахбори омма амалӣ мешаванд.

Вазъи иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дурнамои онро директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ Шариф Раҳимзода дар маърӯзааш мавриди баррасӣ қарор доданд. Мавсуф зикр намуд, ки тағйири вазъи иқтисодиёти ҷаҳонӣ, хусусан кишварҳои шарики тиҷоратӣ хоҳу нохоҳ ба вазъи иқтисодиёти мо таъсири муайян дорад. Ҷаҳонишавӣ асоси рушди рақобат дар сатҳи байналмилалӣ, барангезандаи сарфакорӣ дар истеҳсолот, истифодаи технологияҳои муосир, имкони расидан ба сатҳи мамлакатҳои мутараққӣ, баҳамназдикшавии давлатҳо, миллатҳо ва фарҳангҳо мусоидаткунандаи аз байн бурдани муноқишаҳои байни онҳо, мусоидаткунандаи имкониятҳои наву бештар барои одамон дар самти интихоби касбу ҷойи кор ва сармоягузорӣ маҳсуб меёбад.

Аз ин рӯ, ӯ пешниҳод намуд, ки таъмини иҷрои стратегия ва барномаҳо, пешбурди сиёсати дурандешонаи иқтисодӣ, эътирофи илм ва эътимод ба он, дастгирии рушди илмҳои дақиқ, ҷалби техникаю технология ва рушди истеҳсолот бо арзиши баланди иловагӣ, ҳуввияти миллӣ дар самти иқтисодӣ, дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ ҳар чи бештар мавриди корбарӣ қарор гирад.

Сипас, Салим Сайвализода, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб оид ба “Истифодаи махзани ягонаи электронии аъзои ҳизб” маълумот дод. Зикр шуд, ки Маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021 ҷиҳати ворид намудани аъзои ҳизб ба Барномаи “Махзани ягонаи электронии аъзои ҲХДТ” аз ҷониби Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказӣ ва кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо қарор қабул намуд. Дар ин асос, дар сохтори Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ бо Қарори Раёсат дар заминаи бахши омор ва баҳисобгирии аъзои ҲХДТ, бахши омор ва махзани ягонаи электронии аъзои ҲХДТ таъсис дода шуд. Дар маҷмуъ иҷроиши Барнома зери назорат буда, масъулони сохторҳои дахлдорро мебояд дар татбиқи амалии он масъулиятшинос бошанд.

Олимҷон Муҳаммадҷонзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор, дар мавзуи «Риояи меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» ва қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар ҳуҷҷатнигорӣ» суҳбати муфиду саривақтӣ анҷом дод. Мавсуф қайд кард, ки дар шароити истиқлоли миллӣ зарурате ба миён меояд, ки ҳамаи сокинони ҷумҳурӣ забони халқеро, ки номи ҷумҳурӣ бо он алоқаманд асту мақоми давлатӣ гирифтааст, аз худ кунанд. Бо ҳидоятҳои бевоситаи Пешвои миллат то имрӯз як қатор чорабиниҳои муҳим ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷиҳати амалисозии сиёсати давлатии забон қабул шуданд, аз ҷумла, “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ” бо карори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 сентябри соли 1998, № 355, ки он бар ивази имлои соли 1972 рӯйи кор омад. Ин Қоидаҳо бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04.10. 2011, №458 дар таҳрири нав қабул шуд.

Давоми курси бозомӯзӣ, вохӯрии Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистгн Раҳим Саидзода бо иштирокчиёни курс доир гардид. Зимни суҳбат масъалаи “Маориф –бунёдгари миллати мутамаддин” ба самъи ҳозирин расонида шуда, тазаккур ёфт, ки дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ, маориф соҳаи калидии пешрафти ҷумҳурӣ маҳсуб ёфта, кафолати ҳамагуна пешравиҳо дар мамлакат ба ҳисоб меравад. Таъкидҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз муҳайё намудани заминаҳои ҳуқуқӣ сар карда, то маблағгузорӣ ва истифодаи воситаҳои самараноки баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, ҳифзи саломатии кӯдакону наврасон, шароити зист ва таълиму тарбияи кӯдакони ятиму бепарастор таҳти назорати ғамхории доимии Президент ва Ҳукумати Тоҷикистон қарор гирифт.

Дар идома, таъкид гардид, ки Тоҷикистон аз солҳои аввали ба даст овардани истиқлолият сиёсати ба амал баровардани ислоҳоти соҳаи маорифро пеш гирифт, ки ин ба афзудани шумораи муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сатҳ ва сифати дониши хонандагон, тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси дар бозори меҳнат рақобатпазир, воридшавӣ ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ, бунёди таҳкурсии мустаҳками маориф дар ҷумҳурӣ нигаронида шудааст.

Дар қисмати поёнии рӯз шунавандагони курси бозомӯзӣ дар озмуни фарҳангӣ - маърифатӣ ширкат варзиданд. Дар ин чорабинии фарҳангӣ, ки дар толори Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, миёни иштирокдорони курс саволу ҷавоб сурат гирифт.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: