Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ИДОМАИ КУРСИ БОЗОМӮЗӢ: АЗ ТАРТИБИ КОРГУЗОРӢ ТО РЕЙТИНГИ ҲИЗБӢ

ИДОМАИ КУРСИ БОЗОМӮЗӢ: АЗ ТАРТИБИ КОРГУЗОРӢ ТО РЕЙТИНГИ ҲИЗБӢ

16-02-2023, 17:58
Хабарро хонданд: 232 нафар
Назарҳо: 0
ИДОМАИ КУРСИ БОЗОМӮЗӢ: АЗ ТАРТИБИ КОРГУЗОРӢ ТО РЕЙТИНГИ ҲИЗБӢ
Фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон имрӯз собит намудааст, ки мақоми он дар роҳи амалӣ гардонидани сиёсати давлатӣ ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ хеле назаррас ва густурда аст.

Дарси навбатии курси бозомӯзӣ барои раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриро Хайринисо Юсуфӣ, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ифтитоҳ намуд. Мавсуф дар рғози суҳбат иброз дошт, ки ҳадафу мақсадҳои ҳизби мардумӣ аз умқи маърифати ҷомеаи Тоҷикистон реша гирифта, мароми дили аксари мардуми кишварро ифода мекунад. Ҳадафҳое, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пеши худ гузоштааст ва ба таври доимӣ баҳри амалӣ гардонидани онҳо талош мекунад, боназардошти манфиатҳои тамоми ҷомеаи кишвар, ҳамаи қишрҳои гуногунранги мардум дар бар мегирад. Нуқтаи эътидол ва ҳамдигарфаҳмӣ, ки ваҳдату ягонагиро дар ҷомеа таъмин гардонда, кишварро ба сӯйи пешрафт ва рифоҳу хушбахтӣ равона месозанд.

Дар идома, Зоир Ҳабибзода, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ дар мавзуи “Тартиби коргузорӣ дар ташкилотҳои ҳизбӣ” баромад намуда, зикр кард, ки яке аз самтҳои асосии ҳизб сиёсати кадрӣ буда, таъсиси захираҳрои кадрӣ ниҳоят раванди пурмаҳсул мебошад. Ҳангоми интихоб уҳдаи иҷрои вазифаи мураккаб, маҳорати ташкилотчигӣ, маданияти баланди муошират, лаёқатмандии кадр ба инобат гирифта мешавад. Аз ин лиҳоз дар раванди интихоб такмили дониши сиёсӣ ва ҷамъиятӣ, таҷрибаомӯзӣ, иҷрои супоришҳои ҷамъиятӣ низ мавриди санҷиш қарор мегирад.

Мавзуи “Гузариш ба ҳукумати электронӣ ва иқтисодиёти рақамӣ”-ро доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, ректори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия Машраб Файзуллозода ба диққати ҳозирин расонид.

Ба андешаи Машраб Файзуллозода ҳукумати электронӣ воситаи муносиби таъмини қонунмандии асосҳои давлати муосир буда, татбиқи ҳукумати электронӣ монеаҳои муносибатҳои байни давлат ва шаҳрвандонро сифатан ва миқдоран кам намуда, сатҳи пешрафт ва дараҷаи тараққиётро дар ҳар як давлат баланд мебардорад. Маҳфуми “иқтисоди рақамӣ”, фаъолияти иқтисодӣ, маълумотҳои рақамӣ, коркарди миқдори калон ва истифодаи натиҷаҳои таҳлил аст, ки дар муқоиса бо шаклҳои анъанавии идоракунӣ метавонад самаранокии навъҳои гуногуни истеҳсолот, технологияҳо, таҷҳизот, нигоҳдорӣ, фурӯш, интиқол мол ва хизматро ифода мекунад.

Сипас, Қиёмиддтн Миралиён, доктори илмҳои сиёсатшиносӣ аъзои Кумитаи Иҷрояи Марказии ҲХДТ дар мавзуи “Машғулияти амалӣ оид ба истифодаи рейтинги ҳизбӣ дар кумитаҳои иҷроияи ҳизбии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо” суҳбат намуд. Ӯ аз ҷумла, ёдовар шуд, ки рейтинги ҳизбӣ баҳогузории дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфта мебошад, ки иҷрокунандаро барои ба сатҳи нави коргузорӣ боло баромадан маҷбур месозад, аз ҷумла барои такмили дониш, иҷрои саривақтии уҳдадориҳо, бедор намудани завқу рағбат ба фаъолияти касбӣ ва иҷрои пурмаҳсули вазифаҳо ва ҳаракат кардан барои пешсафӣ муваззаф мегардонад. Дар ин радиф зикр намуд, ки маҳз рейтинги ҳизбӣ имконият дод, ки имрӯз нишондиҳандаҳои сифатии фаъолият дар вилояти Хатлон аз нав ташаккул ва рушд ёбанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: