Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Курси бозомӯзии “Оиннома ва Барномаи ҲХДТ – меҳвари фаъолияти ташкилоти ҳизбӣ”, идома дорад

Курси бозомӯзии “Оиннома ва Барномаи ҲХДТ – меҳвари фаъолияти ташкилоти ҳизбӣ”, идома дорад

2-03-2021, 11:47
Хабарро хонданд: 368 нафар
Назарҳо: 0
   Курси бозомӯзии “Оиннома ва Барномаи ҲХДТ – меҳвари фаъолияти ташкилоти ҳизбӣ”, идома дорад

Рӯзи дуюм аст, ки бо ташаббуси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон курси бозомӯзӣ дар шаҳри Душанбе барои раисони кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар мавзӯи “Оиннома ва Барномаи ҲХДТ – меҳвари фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ” идома дорад.

Зимни баргузории чорабинӣ, имрӯз роҳбари дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Абдураҳмон Хонзода дар мавзӯи «Тақвияти маҳорати сарварӣ ва ташаккули тафаккури миллӣ», Директори институти иқтисод ва демографияи АМИТ Шариф Раҳимзода оид ба «Вазъи иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дурнамои рушди он», Директори Маркази исломшиносӣ Муродулло Давлатзода перомуни «Мушкилоти дин ва мазҳаб дар ҷомеаи дунявӣ» ва муовини Раиси ҲХДТ Асрор Латифзода роҷеъ ба «Таҳкими корҳои дохилиҳизбӣ- сарчашмаи муҳими фаъолияти КИ ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо» маърӯза намуданд.   Курси бозомӯзии “Оиннома ва Барномаи ҲХДТ – меҳвари фаъолияти ташкилоти ҳизбӣ”, идома дорад
Ин дар ҳолест, ки дар назар аст, давоми рӯз барои иштирокдорон дар мавзӯи «Нақши ВАО дар ҳифзи фазои иттилооти миллӣ» бо иштироки намояндагони Кумитаи телевизион ва радио, АМИТ “Ховар” ва сармуҳаррирони рӯзномаву маҷаллаҳо суҳбати «мизи мудаввар» баргузор гардад. Инчунин аз рӯи реҷа баъд аз нисфирӯзӣ дар назар аст, иштирокчиёни курс аз Осорхонаи миллӣ дидан намуда, дар барномаи фарҳангии Ансамбли давлатии симфонии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамоянд.
Шарҳи муфассали баргузории ин чорабинӣ пешниҳоди хонанда хоҳад шуд.

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: