Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ХУДКУШӢ ҲАМЧУН ПАДИДАИ НОМАТЛУБИ ҶОМЕА

ХУДКУШӢ ҲАМЧУН ПАДИДАИ НОМАТЛУБИ ҶОМЕА

18-02-2023, 12:18
Хабарро хонданд: 252 нафар
Назарҳо: 0
ХУДКУШӢ ҲАМЧУН ПАДИДАИ НОМАТЛУБИ ҶОМЕА
«Шахси худкуш аз марг наметарсад - ӯ аз зиндагӣ метарсад».
(В.Франкл)


Иқрор мешавам, ки дар бораи худкушӣ матолибе навиштан осон нест. Махсусан, замоне, ки таҳдиди мушкилоти зиёди зиндагӣ пеш меояд ва дарк мекунӣ, ки ҳаёт бебаҳо ва хеле зебост. Аммо бархӯрд бо мардуме, ки яъсу ноумедӣ дар дил доранд ва дар бораи марг чун илоҷи ягонаи халоси аз нокомиҳо меандешанд, моро намегузорад, ки сукутро ихтиёр намоем. Ин мавод на то он дараҷа ба касоне, ки майл ба худкушӣ доранд, равона мегардад, зеро боварии онхо ба кумак намондааст, балки бештар иттилоотест барои касоне, ки дар атрофи онҳо умр ба сар мебаранд - дӯстон, наздикон, хешовандон. Дониши андӯхтаи онҳо метавонад як фалокатеро аз байн барад.
Тибқи натиҷаҳои тадқиқоти сотсиологӣ, 75%-и амалҳои худкушӣ мақсаднок сурат мегирад. Яъне, ба воситаи ашё (маводи сахттаъсири доруворӣ, худро ба об ғарқ кардан, зери мошин партофтан ва амсоли инҳо) ки худро ба ҳалокат мерасонанд, пешакӣ омӯхта ва баъдан дар амал татбиқ мекунанд.
«Падидаи сиёҳ»- худкуширо чунин номгузори кардаанд, ки дар аксари кишварҳо «дарди сар» барои ҷомеа гардидааст. Мутаассифона, имрӯз қисме аз мардум нисбат ба он бетарафиро ихтиёр кардаанд. Ба худкушии дигарон албатта. Вале замоне, ки ин «падидаи сиёҳ» риштаи умри дӯстону наздикони онҳоро мебарад, дар ҷустуҷӯи посух ба саволҳои «Чаро?», «Барои чӣ ин рух дод?» сар ба девор мезананд.
Ҳоло мо кӯшиш мекунем, ки баъзе аз паҳлуҳои ин мушкилоти иҷтимоиро баррасӣ намоем.
Дар тамоми дунё ин падида зери назари доимии аҳли ҷомеа буда, аз ҷониби олимони соҳаҳои гуногун мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор мегирад. Созмонҳои махсуси ҷамъиятӣ дар кишварҳои мутараққӣ мавҷуданд, ки масоили вобаста ба худкуширо зери назари доимии олимони фанҳои мухталиф қарор медиҳанд. Мутаассифона, дар ҷомеаи мо тайи солҳои охир, сарфи назар аз мавҷудияти ин мушкилот, сол то сол болоравии ин зуҳуроти номатлуб касе оромии худро халалдор накард. Аз байн рафтани ҷавононро «қазои Худо» гуфтему ба тақдир ҳавола кардем. Шояд қазову қадар ҳам бошад, вале бояд иқрор кунем, ки бепарвоии мо аз зулми тақдир басе бадтар аст…
Худкушӣ. Чӣ падидаест он? Ин ҷо бамаврид аст, ки каме иттилоот дар бораи мафҳуми «худкушӣ» пешниҳод намоем.
Ин мафҳумро соли 1897 олими ҷомеашинос Эмил Дюркгейм ба арсаи илм кашид ва мавриди таҳқиқ қарор дод. Ӯ дар рисолаи илмии худ таҳти унвони «Худкушӣ» («Le suicide») чунин таърифи онро меорад: «Худкушӣ амалест, ки инсон мақсаднок худро ба қатл мерасонад».
Агар тасвири умумии онро пешкаш намоем, ба ақидаи бештари олимони ҷомеашиноси дунё, ин рафторест, ки аз натиҷаи номутобиқии равонию иҷтимоии шахс бо ҳолатҳои номусоиди зиндагӣ бармеояд.
Пас сабаб дар чист, ки мардум даст ба худкушӣ мезананд? Ба ин суол посухи ягона вуҷуд надорад, зеро ҳар як инсони худкуш барои ба зиндагии худ хотима додан сабаби шахсии худро дорад, ки аз дигарон фарқ мекунад. Вале ҷавоби умумӣ ба ин суол, ки тамоми сабабҳои худкуширо дар худ метавонад ғунҷонад, чунин аст: инсон, чун ба вазъияти душворе рӯ ба рӯ мегардад, ки роҳи содаи ҳал надорад, умеди беҳбудии вазъияти бавуҷудомадаро аз даст медиҳад ва гумон мекунад, ки ин холат дигар роҳи беҳбудӣ надорад ва ҳаргиз тағйир намеёбад. Аз ин рӯ, роҳи ягонаи халосӣ аз ин вазъиятро ӯ танҳо дар марг мебинад ва даст ба худкушӣ мезанад.
Аксари олимон бар он ақидаанд, ки худкушӣ падидаи равонист (психологӣ) ва барои дарки он зарур аст ҳолати руҳии инсонеро, ки даст ба ин амал задааст, дарк кард. Худкушӣ дар лаҳзаи ҳассостарини ҳаёт рух медиҳад, замоне, ки мавҷҳои сиёҳ руҳи инсонро пахш мекунанд ва ҳеҷ умеде ба нур боқи намемонад. Ҷанбаи равонии худкушӣ, пеш аз ҳама, ин ҳолати маъюсӣ ва ноумедист. Ноумеди ин маҳдудияти хушӣ, хомӯш гардидани шукӯҳу ҳашамати дунё замоне ки хуршед нурпошӣ намекунад ва ситораҳо ҷило намедиханд, ҳаёт фақат ба як нуқтаи сиёҳ пайваст аст, роҳи баромад аз он гум шуда ва наметавон аз вуҷуди худ ба олами зоҳир баромад, мебошад. Вақте ки умед аст, метавон ҳар нокомии азимеро паси сар кард, вале аз даст додани он танҳо ба худкушӣ хоҳад бурд.
Аксарияти ин амалҳо аз бекорӣ, кундфаҳмӣ, нобоварӣ ба худ ва атрофиён ( ва ё дунёи ин нафаронро гуё ғайри худашон касе намедонад) сар мезанад.
Аммо ин хеле сода мебуд, агар мо худкуширо фақат аз як ҷанба таҳлил месохтем. Омилҳои зиёде вуҷуд доранд, ки мардум даст ба худкушӣ мезананд. Низоъҳои шахсӣ ва хонаводагӣ (вайроншавии оилаҳо, талоқ), вазъи саломатӣ (касалии рӯҳи, майзадагӣ, нашъамандӣ), низоъҳо дар ҷойи кор ва таҳсил, мушкилоти моддии рӯзгор.
Табиатан худкушӣ инкори се накӯкории инсонист-боварӣ, умед ва муҳаббат.
Худкуш касест, ки эътиқоди худро гум кардааст. Худованд дигар барои ӯ хақиқат, қувваи фавқуттабиие, ки ҳаётро равшанӣ медиҳад, нест. Ҳамчунин, ӯ касест, ки умеде дар дилаш намондааст. Ва ахиран, ӯ касест, ки қалбаш холӣ аз муҳаббат аст. Ӯ танҳо дар бораи худ андеша дорад, на дар фикри дигарон ва наздикон аст.
Дар дини мубини ислом худкушӣ ба пуррагӣ маҳкум мешавад. Ба ақидаи мусулмонон, ҷинояти худкушӣ дар он аст, ки инсон зидди Худо баромада, худ аз биҳишт рӯ мегардонад. Ҷазои он аз ҷониби Худованд дузах аст, ки ӯро маҷбур месозанд, ки амалашро боз чандин маротиба анҷом бидиҳад. Ҳадиси Расули акрам (с) аст, ки мефармояд: «Ҳар касе бо ҳар роҳе худро кушт, бо ҳамон шакл ҷазо мегирад. Заҳрхӯрда фақат заҳр мехӯрад, бадоровехта ҳамеша дар дор аст».
Гирдоварандаи аҳодиси Паёмбар Абу Довуд (асри Х) менависад, ки худи Паёмбар низ ҷанозаи шахси ба худкушӣ даст задаро баргузор накарда буд.
Масъалаи худкушӣ худ масъалаи рӯҳонияти ҳаёт аст. Мутаассифона, худкушӣ онро инкор мекунад. Мавҷуд будани инсон ба он хотир аст, ки Худо ҳаст ва инсон имкон дорад ба суйи Ӯ ҳаракат кунад. Хеле содалавҳона мебуд, агар фикр мекардем, ки метавон бе рӯҳоният зист.
Аз ҷониби дигар, ёрию кумак ба шахсе, ки бар асари мушкилоти зиндагӣ аз ҷони худ безор шуда, роҳи ҳалли онро фақат дар худкушӣ мебинад, вазифаи муқаддаси инсонӣ ва динии ҳар яки мост.
Ба қавли маъруф:
Чу мебинӣ, ки нобинову чоҳ аст,
Агар хомӯш биншинӣ, гуноҳ аст.
Пас, биёед нисбати ҳамдигар бомуҳаббат бошем, то аз ин роҳ тавонем ҳаётеро ҳифз намоем.
Марҳабо Маматқулова, раиси Шурои занон ва духтарони
МДТ " Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор"
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: