Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Оид ба менталитети ҳалокатбори тоҷикӣ

Оид ба менталитети ҳалокатбори тоҷикӣ

16-09-2019, 15:35
Хабарро хонданд: 593 нафар
Назарҳо: 0
Оид ба менталитети ҳалокатбори тоҷикӣ
Дар яке аз сӯҳбатҳо ходими маъруфи динӣ пурсид: «Келинҳо хизмат карда истодаанд?» Ин суханон маро водор ба фикр ва маҷбур ба нишастан сари компютер карданд.
Мо анъана ва урфу одатҳои зебо дорем. Масалан, бигирем ҳурмат ба калонсолон. Ин хазинаи илм ва маърифати мардумист. Ба ин куҳансолони ғарбӣ ҳасад мебаранд. Дар Ғарб ҳаракати «чейфрид» рушд мекунад, ки он маънои бе оилаву фарзанд, яъне танҳо барои худ зистанро дорад. Дар мо ба ин масъала нигоҳи тамоман мутафовит аст. Оилаи тоҷик зуҳуроти аълост, чуноне пеш мегуфтанд, «оила ташкилоти ибтидои (ячейка)-и ҷамъият аст». Чи қадар оила қавӣ бошад, ҳамон қадар давлат қавист.
Аммо… Пеш волидайн «шаҷара»-и оиларо меомӯхтанд, аммо ҳоло таваҷҷуҳ ба моликият мекунанд. Барои чӣ аҳолии мо рӯ ба афзуншавии шадид дорад? Тибқи урф, ҳангоме, ки домодшаванда ҳамроҳи дӯстонаш ба хонаи арӯс меояд, ба зонувони ӯ як ё дӯ кӯдакро мешинонанд. Кӯдакон барои мо муқаддас ҳастанд. Ҳам холаву амма, ҳам амаку тағо хурсанд мешаванд, вақте ҷияндор шуданд. Аллакай вақти маъракаи арӯсиву домодӣ (тӯй) дар ҳузури меҳмонон куҳансолон як навъ «вазифаи демографӣ» медиҳанд. Яъне, мехоҳанд, ки баъд аз 9 моҳ кӯдак таваллуд шавад ва одатан тавлиди писарро таманно мекунанд. Ин «тавсия»-ро ҷавонон ба инобат мегиранд. Ба омор назар меандозем. Дар Тоҷикистон ҳар 2,5 дақиқа кӯдак таваллуд мешавад, дар як сол 200-230 ҳазор ва ҳар як панҷ сол аҳолии мамлакат ба як миллион нафар зиёд мешавад. Ва тӯли 40 рӯз («чилла») навхонадорон набояд то ғуруби офтоб дар берун бошанд, аъзои оила ба ҷаноза раванд, меҳмонон дар хонаи оилаи ҷавон зиёд бояд нанишинанд. Вақте домодшаванда назди арӯс меояд, аз матои махсус лӯхтак месозанд ва ба ҷуфти ҷавон медиҳанд. Ин ба мақсадест, ки соҳиби фарзанд шаванд. Ва агар баъд аз як соли хонадорӣ дар оилаи ҷавон тифл ба дунё наомад, волидайн ба ташвиш меоянд. Мо ҳатман пурсон мешавем: «кӯдак доред?». Ҳарчанд, ки ин бояд кори мо набошад. Мо намепурсем: «Коратон чи хел аст, маошатон кофист?». Ҳатман мепурсем, ки «фарзандон ҳастанд ё на». Агар баъд аз як сол фарзанд нашуд, оғоз мегардад «даводав» назди духтурон, фолбинон, муллоҳо. Ва дар ин ҷо нақши асосиро хушдоман мебозад. Албатта, на ҳама, аммо бисёри онҳо манбаи асосии вайроншавии оилаҳо, худкушиҳои сершумор ва ҷанҷолҳои судӣ ҳастанд. Имрӯз мӯд шудааст-писарро зан медиҳанд, ӯ ба муҳоҷирати меҳнатӣ меравад ва арӯс ба «каниз»-и волидайни домод табдил меёбад. Домод низ «мусичаи бегуноҳ» нест ва ба худ ҷуфти дигар меёбад. Яъне, дузанагии миқёси байналмилалӣ сурат мегирад. Як зан хидматгори волидайн, дигараш ҳамсафари зиндагии муҳоҷиратӣ. Вақти маъракаи арӯсиву домодӣ мо ҳама таманно мекунем, ки арӯс «хидматгори падару модари домод шавад». Ва дар воқеият чунин ҳам мешавад. Чӣ, магар мо духтарро барои он ба воя расонидему тарбият кардем, ки ӯ хидматгор шавад? Хушдоманҳо монанди шоҳбону Екатерина рафтор мекунанд. Ҳатто маблағҳои аз муҳоҷирати меҳнатӣ равонкардаи писаронашонро онҳо мегиранд ва тибқи мақсадҳои худ масраф мекунанд. Агар зарур шуморанд, қисмашро ба келин медиҳанд. Баъзе хушдоманҳо чунон амал мекунанд, ки гӯё аз мактаби натсистии Гиммлер гузашта бошанд. Бераҳмӣ, ноодамӣ, набудани латофати занона…Аҷоибаш он аст, ки онҳо низ чунин зиндагиро паси сар кардаанд. Ба ҷойи он, ки ин зиндагии паси сар кардаашонро келинашон такрор накунанд, онҳо баръакси ҳол рафтор мекунанд. Мумкин, барои ҳамин дар кишвар шумораи худкушиҳо меафзояд. Дар Тоҷикистон соли 2018 шумораи бекор кардани қайди никоҳ зиёд шуд ва зиёда аз 11 ҳазорро ташкил дод. Соли 2017 ин рақам 10,1 ҳазорро ташкил медод. Айни замон шумораи бастани ақди никоҳ соли гузашта 82 ҳазору 556 (соли 2017-78 ҳазору 757) ташкил дода буд. Сарварӣ дар фурӯпошии оилаҳо ба вилояти Суғд рост меояд, соли 2016-3638 оилаи вайроншуда. Ин чӣ гуна зиндагист? Нисбати кадом «моҳи асалӣ» сухан метавон гуфт? «Моҳи асалӣ», чуноне мегӯянд, таҳкурсии зиндагии якҷоя аст. Маҳз дар ҳамин вақт асоси «меъморӣ»-и оилаи нав гузошта мешавад. Вале занони мо онро ба дӯзах табдил медиҳанд. Бигӯед, оё дар чунин муҳит фарзанди солим ба дунё меояд? Албатта на.
Маълумоти таърихӣ: бостоншиносон зиёда аз ҳафтод сол қабл дар Қалъаи кӯҳи Муғ ҳуҷҷатҳоеро дарёфт карданд, ки то ҳол таваҷҷуҳи олимон-таърихнигорон, файласуфон, ҳуқуқшиносон ва дигаронро ба худ ҷалб мекунанд. Миёни ҳуҷҷатҳои ёфтшуда ҳуҷҷатҳои Nov.3 ва Nov.4 ҷолиб ҳастанд, ки шартномаҳои никоҳии Суғди то истилои араб мебошанд. Ин санадҳо аз ҷониби як шахс дар як рӯз навишта шуда, ду қисми шартномаи никоҳиро ташкил медиҳанд. Ҳуҷҷати Nov.3-худи шартномаи никоҳ, дар санади Nov.4 ҳумчун илова ба шартнома уҳдадориҳои домод нисбати арӯс ва тарбиятгари ӯ нигошта шудааст. Никоҳ дар ҳудуди Тоҷикистони имрӯза то қарни 7-и милодӣ хаттӣ буд дар он тамоми анъаноти давраҳои Ҳахоманишиён ва Сосониён риоя мешуд.
Бубинед, чи гуна кӯдаконро дар Ҷопон тарбия мекунанд. Ҳанӯз ҳангоми дар батн будани тифл барои модарон мусиқии классикӣ навохта мешавад. Дар Амрико нисбати занони ҳомиладор диққати махсус аст. Дар кӯча, ҳангоме, ки онҳо сайругашт мекунанд, наздашон одамон меоянд ва мепурсанд, ки чи хидмате барояшон карда метавонанд. Аз мо чӣ? Занони ҳомиладори бечораи мо рӯзи худашонро дар майдонҳои кишти пахтаву тамоку, рафҳои бозор мегузаронанд, бар замми ин, таҳти фишори шадиду бераҳмонаи хушдоманҳо қарор доранд. Занони ҳомиладорро маҷбур мекунанд хишт кашонанд, дигар корҳои вазнини сохтмониро иҷро кунанд, аз пайи нигоҳубини чорво бошанд (дар деҳотҷойҳо). Ба наздикӣ шиносам духтарашро ба шавҳар дод. Наварӯсро маҷбур мекарданд соати 5-и субҳ бо чароғ кӯчаро рӯбад. Арӯсоне, ки дар биноҳои бисёрошёна зиндагӣ мекунанд, маҷбур ҳастанд тамоми ошёнаро бирӯбанд. Мантиқ чунин аст: бигзор ҳамсоягон бубинанд, ки чи гуна келини онҳо ҳалиму мутеъ аст. Ҳиссиёти келин барои онҳо қадре надорад. Бисёр хушдоманҳо одат кардаанд дар симои келинашон канизро бубинанд, ки барои иҷрои хоҳишҳояшон тавлид шудаанд. Охир, барои чӣ навхонадоронро маҷбур бояд кард, ки соати 5-и субҳ аз ҷойгаҳи гармашон хезанд? Ин барои кӣ даркор аст? Ин аз муносибате, ки дар «конслагер»-ҳои фашистӣ буд, чӣ тафовут дорад? Барои чӣ мо, волидайн, духтарони худро дар 16,17,18-солагӣ ба шавҳар медиҳем? Дили одам месӯзад…Охир духтар дар ин синну сол чиро дар зиндагӣ медонад? Чи гуна таваллуд, фарзанд тарбият мекунад? Тибқи омор, аз 83 ноболиғ, ки соли 2017 даст ба худкушӣ зада буданд, 27 нафар аз ҷиҳати равонӣ нуқс доштанд, 12-тои онҳо аз шароити вазнини зиндагӣ ва ҷидол бо волидайн ба ин амали нангину даҳшатнок даст заданд. Сабабҳои худкушии 47 нафари дигар ҳамин тавр норавшан боқӣ монданд. Дар наврасоне, ки майл ба худкушӣ доранд, тамоми нишонаҳо дида мешаванд: «аз чунин зиндагӣ хаста шудам», «шумо маро фаҳмидан намехоҳед», «ман намехоҳам чунин зиндагӣ кунам». Тибқи маълумоти Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2017 497 нафар зан даст ба худкушӣ зада буд. Нигоҳ накарда ба он, ки ин шумора назар ба солҳои пешин камтар аст, вазъ ташвишовар боқӣ мемонад. Соли 2018 дар ҳудуди вилояти Суғд, дар шимоли Тоҷикистон 244 худкушӣ ва қасд ба худкушӣ ба қайд гирифта шуд, ки миёни онҳо 108 мард ва 138 зан ҳастанд. Дар 33 ҳолат худкушӣ ва ё қасд ба худкуширо ноболиғон-15 писар ва 18 духтар содир карданд. Яке аз сабабҳои асосии худкушии занон таҷовуз ва ё фишори оилавист, ҳангоме ӯ чораи дигар намебинад, ҷуз даст задан ба ин амали нангин. Ҳар сол дар Тоҷикистон аз 400 то 600 нафар даст ба худкушӣ мезананд ва ҷони азизи худро аз даст медиҳанд. Тақрибан нисфи онҳоро занон ташкил мекунанд. Ҷомеашиносон ва равоншиносон сабабҳои асосии даст задан ба худкуширо дар қазияҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, ҳамчунин фазои носолим дар оилаҳо мебинанд. Тибқи маълумоти Кумитаи омори ҷумҳурӣ, шумораи миёнаи худкушиҳо солҳои охир аз 4 то 7 ҳолат дар сари 100 ҳазор аҳолӣ рост меояд. Аммо мутахассисон мегӯянд, ин рақамҳо вазъи воқеиро бозгӯ нестанд. Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ иттилоъ медиҳад, ки дар Тоҷикистон танҳо 7% фавтидагон чок (экспертиза) карда мешаванд. Хешовандони чунин ашхос намехоҳанд, ки далели худкушӣ ба қайд гирифта шавад ва ин ба миқёси чунин ҳолатҳо баҳогузорӣ кардан душворӣ пеш меорад. Тибқи маълумоти Прокуратураи генералӣ, омор тақрибан чунин аст: аз 1225 далели худкушӣ танҳо дар 33 ҳолат, яъне 2,7% тафтиши ҷиноятӣ оғоз гардидааст. Сабабҳои худкушӣ ҷанҷолҳои оилавӣ ҳастанд, ки ин дар миқдори зиёди худсӯзиҳои занон, махсусан дар вилоятҳои Суғду Хатлон дида мешавад. Ин қазия дар ҳақиқат вуҷуд дорад, ҳамчун вокуниш ба таҷовуз ва фишор ба занон аз ҷониби шавҳар ва дигар узви оилаи ӯ. 90% шавҳарон дар Тоҷикистон зан ва фарзандони худро мавриди латукӯб қарор медиҳанд, чун худ дар кӯдакӣ шоҳиди таҷовуз нисбати модарони худ буданд. То 80 фоизи тамоми ҷиноятҳо, ки бо таҷовуз алоқаманд ҳастанд, дар оилаҳо рух медиҳад. Анъанаи пинҳон доштани таҷовузи оилавӣ на танҳо аз атрофиён, балки хешовандони наздик ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба он оварда мерасонад, ки ҳолати рӯҳиву равонии занон батамом хароб мегардад. Ва касе нест, ки онҳоро ором кунад, аз амали нангин (худкушӣ) боздорад. Мо бояд ба он майл накунем, ки бояд ҳатман фарзанд бошад. Агар саломатӣ, вазъи молиявӣ имкон диҳад, ки фарзанди солиму боақл тарбия карда тавонем, ин хеле хуб аст. Баръакс, агар кор, маош, манзили мусоид нест, чизе нест, ки кӯдакон хӯранд, маблағ нест, ки ба онҳо китобҳои дарсӣ харӣ, пас таваллуд кардан баҳри чист? Ба Худо умед бастан? Биёед ҳамин гапҳоро монем. Ба вазъ воқеъбинона бояд нигарист. Ҳоло ҷомеаи мо дар ин самт «кӯр, гунг ва кар» аст. Волидайн бисёр маврид дарки воқеиятро надоранд. Имрӯзро бояд фикр накард. Фардо моро чӣ интизор аст? Ин аст масъалаи асосӣ дар ҷаҳони имрӯза. Ҳатто муҳоҷирони меҳнатӣ инро мефаҳманд. Ҳаммилатони мо, ки дар кишварҳои пешрафтаи Аврупо, Амрико ва Осиё ба сар мебаранд, тамоман дигар ҳастанд. Маҳз ҳамин ашхос қувваи пешбаранда, муҳаррики рушди кишвари мо шуда метавонанд. Айни замон дар хориҷ зиёда аз 30 ҳазор донишҷӯёни мо таҳсил мекунанд. Онҳо захираи тиллоии давлат ҳастанд. Бисёриҳо макотиби олии кишварҳои хориҷро хатм карданд ва бомуваффақият дар ширкатҳои шахсӣ ва ташкилотҳои бонуфузе, чун СММ, НАТО, ЮНЕСКО ва амсоли ин кору фаъолият мекунанд. Чунин мутахассисони олиро бояд барои рушди кишвар истифода бурд.
Давом медиҳем. Ҳоло духтарро ба шавҳар додан амали бисёр гаронарзиш барои волидайн шудааст. Волидайн ҳама чизро тоқат мекунанд, ҳарчанд бисёр маврид душвор ҳам бошад. Ба кӣ чорабиниҳои баъдазҷашнии бемаъниву ғайримаърифатии гарон лозим аст? Аҷиб ин аст, ки инро ҳама дарк мекунанд, аммо боз ба ин амал даст мезананд. Баъд аз ҷашни арӯсӣ навхонадорон ва наздикони онҳо ба қарз «ғӯтта мезананд». Чӣ қадаре, ки дар банди қарзҳо мемонанд, ҳамин қадар муҳити оилавӣ коста мегардад. Ва ҳамаи ин «такудав» барои духтарони беҳуқуқи худ. Оре, шахсоне ҳастанд, ки инро дарк мекунанд, аммо инҳо реге ҳастанд дар биёбони ҷоҳилият, костагии зеҳниву маънавӣ, набудани ҳақиқат…Пештар барои арӯс ҷиҳози хоб, парда, яхдон, зарф ва дигар ашё мехариданд. Ҳоло фаротар аз ин рафтаанд. Волидайни домод мегӯянд: «ана манзил, бо хости худ таъмир кунед ва чизе даркор аст, дароред». Волидайни арӯс духтари худро ба шавҳар медиҳанд ва ба амонати ҷониби дигар табдил мегарданд. Дар баъзе манотиқи кишвар волидайн ҳатто ба ҷашни духтарони худ намераванд. Ин умуман ҷоҳилият аст.
Пеш мо мегуфтем, ки занон ҳам дар ҷашнҳои арӯсӣ иштирок кунанд, ҳоло занон ҷашнҳоро «забт» карда, иштироки мардонро маҳдуд кардаанд. Баъзан падару модари арӯс мегӯянд: «мо духтари худро додем, акнун «проблема»-и шумост, бо ӯ чӣ кор кардан». Яъне, чунин бармеояд, ки мо духтари худро то синну соли муайян тарбия мекунем ва бо ду дасти адаб ба ҷониби домодшаванда месупорем, то бо ӯ чӣ коре хоҳанд, кунанд? Медонед, занони мо ягон қонунеро, ки баргузории ҷашнҳоро ба низом медарорад (танзим) риоя намекунанд. Мо, мардон, қонунпарастем. Ҳукумат мегӯяд, хоҳиш мекунад, қонун қабул мекунад, ки маблағҳои худро барои чорабиниҳои бемаъниву дур аз мантиқ ва маънавиёт сарф накунем, балки барои фарзандони худ масраф кунем. Аммо на. Баъзан вақт ба сарам фикре меояд. Бояд дигар қонунро қабул кард. Агар барои 500 кас дар хона ё тарабхона ҷашн, барои 1000 нафар «оши наҳор» гузаронида натавонӣ, пас ҳуқуқи гузаронидани ҷашни арӯсиро надорӣ. Ана он вақт мо шоҳиди доду фарёди афроди бемағз мешудем…
Дар Тоҷикистон ба як шахси коргар қариби 9 «муфтхӯр» рост меояд: волидайн, зану фарзандон, баъзан ҷиянҳои ятиммонда ва дигар хешовандон. Мард масъулияти зиёд барои оила дорад ва барои таъмини он солҳои зиёд бетанаффус кор мекунад. Ва агар ӯ дар оила ҳамдигарфаҳмиро набинад ва ё моҷарое дар корхонааш сар занад, асабҳояш дошт намекунанд. Барои ҳамин ҳам, агар ба омор назар андозем, мебинем, ки шумораи зиёди худкушиҳоро мардон содир мекунанд. Ва агар сабаби асосии худкушии занон бисёр маврид таҷовузи оилавӣ бошад, мардон ба ин амали нангин аз сабаби таҷовузи иқтисодии ҷомеа, ки имкон намедиҳад ниёзҳои оилавиашонро бароварда созад, даст мезананд. Дар Тоҷикистон имрӯз шумораи масҷид аз мактабҳо зиёд аст. Дар мактабҳо ҷой намерасад, масоҷид холӣ аст. Биёед онҳоро боақлона истифода барем. Барои фарзандони худ. Аммо намозгузорон мегӯянд, ки муллоҳо дар маъвизаҳои худ масъалаи худкушиҳоро ё хеле кам мегӯянд, ё умуман ба он даст намезананд. Сад афсӯс, ки имони мусулмонони имрӯза рӯякист ва онҳо зиёд вақт банди урфу одат ҳастанд, магар дарки маънии Ислом.
Биёед ба аввал бармегардем. Давлат имкон дод маблағҳо сарфа гарданд, барои ин махсус қонун қабул кард. Боз чӣ лозим аст?
Ин ҷо мехоҳам якчанд пешниҳодро манзур гардонам:
1. Бояд барномаҳои махсуси телевизионӣ ва радиоӣ таҳия шаванд.
2. Кумитаи кор бо занон ва оила бояд бо хушдоману келинҳо фаъолона кор барад.
3. Пажӯҳишҳои илмӣ оид ба сабабҳои ба худкушӣ даст задан гузаронида шаванд. Асос ва натиҷаҳои он дақиқан ошкор гарданд.
4. Мақомоти иҷроияи маҳаллӣ, вакилони тамоми сатҳҳо бояд ба ин кор ҷалб карда шаванд.
5. Комплекси томи кор бо хушдоманҳоро коркард бояд кард. Дар минтақаҳо маҳз бо айби онҳо худкушии келинҳо сурат гирифтаанд, корҳои ҷиноятӣ ҳаст. Бояд масъаларо васеъ муҳокима намуд, нисбати он навишт, тариқи телевизон нишон дод.
Сухан оид ба миллат меравад ва он оянда чи гуна хоҳад буд, имрӯз аз мо вобастагӣ дорад. Масрафҳои беандешона рушди моро бозмедоранд. Мо бояд ботинан тағйир ёбем, одатҳои куҳнаро сарфи назар кунем, муносибат ба ҳаёти воқеиро тағйир диҳем ва ҳамон вақт зиндагии мо рӯ ба беҳбудӣ хоҳад овард.

Раҳмон Ӯлмасов
Аз русӣ тарҷумаи Азамат Дӯстов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: