Соли 2022 дар самти дастгирии соҳибкорӣ, пешбурди низоми иҷозатдиҳӣ ва мониторинги санҷишҳо як қатор корҳо амалӣ шуданд. Тавассути низоми «Равзанаи ягона»-и Кумитаи андоз то 1 июли соли 2022 дар миқёси ҷумҳурӣ беш аз 340,1 ҳазор адад субъекти соҳибкорӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 1300 адад зиёд мебошад. Ин нуқтаро Саъдӣ Қодирзода-директори Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон 14 феврал зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Зикр гардид ки љиҳати баланд бардоштани маърифати иқтисодию ҳуқуқии соҳибкорон ва ҷорӣ намудани усулҳои муосири соҳибкорӣ, аз ҷониби Кумита тадбирҳои амалӣ роҳандозӣ шуда истодаанд.
Гуфта шуд, ки љиҳати то 60 фоиз коҳиш додани номгӯи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва иҷозатномадиҳӣ ва дар доираи як санади меъёрии ҳуқуқӣ танзим намудани муносибатҳо, лоиҳаи Қонун “Дар бораи низоми иҷозатдиҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар таҳрири нав таҳия гардида, аз ҷониби Ҳукумати кишвар маъқул дониста шуд. Ин тадбир расмиёти ягонаи иҷозату иҷозатномадиҳиро танзим намуда, кори соҳибкоронро осон менамояд.
Саида ХОҶАЕВА