Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як қатор қонунҳоро ба имзо расониданд Июнь 8, 2022 17:43

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як қатор қонунҳоро ба имзо расониданд Июнь 8, 2022 17:43

9-06-2022, 07:16
Хабарро хонданд: 208 нафар
Назарҳо: 0
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як қатор қонунҳоро ба имзо расониданд Июнь 8, 2022 17:43

ДУШАНБЕ, 08.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба якчанд қонунҳо имзо гузоштанд.

Қонунҳо “Дар бораи истеҳсолоти иҷро”, “Дар бораи мараторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ”, дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи муҳити зист”, “Дар бораи аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ” аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи истеҳсолоти иҷро” дар таҳрири нав таҳия ва қабул гардида, тартиби маҷбурии иҷрои санадҳои судӣ, дигар санадҳои мақомоти давлатӣ, инчунин вазъи ҳуқуқии иҷрочиёни мақомоти иҷроро муайян менамояд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мараторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ” ба боздошти санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ равона гардида, ба рушди соҳибкорӣ, пешрафти фаъолияти соҳибкорон ва бунёди ҷойҳои нави корӣ нигаронда шудааст.

Қонунҳои қабулгардида барои пешрафти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, соҳибкорӣ ва беҳдошти зиндагии аҳолӣ равона шудаанд.

Қонунҳо дар матбуот интишор карда мешаванд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: