Дар нишасти матбуотии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ аз теъдод ва сабабҳои қатъ гаштани фаъолияти соҳибкорӣ хабар доданд.
Қодирзода Саъдӣ - раиси ин ниҳод гуфт, ки ба ҳолати 1 июли соли равон 338359 субъекти соҳибкорӣ ба қайд гирифта шуда, то ин дам 3677 нафар фаъолияти соҳибкории худро қатъ намудаанд.
- Сабабҳои асосии қатъи фаъолити соҳибкорӣ фарсуда шудани иқтидори истеҳсолӣ, тобовар набудани маҳсулоти онҳо дар бозори дохилӣ ва паст будани малакаи молиявии соҳибкорон ба ҳисоб меравад,- афзуд ӯ.
Тавре дар нишаст таъкид гардид, дар ин давра ба ҷумҳурӣ 173 млн доллар сармоя ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 57,6 млн доллар зиёд мебошад. Бештар ба Тоҷикистон аз Чин сармоя ворид гардида, ҳамзамон, аз Белгия, Швейтсария, Русия ва дигар давлатҳо низ сурат гирифтааст.
Аз Русия дар шашмоҳи соли ҷорӣ ба маблағи 18,5 млн доллар сармояворидгардидааст. Ин дар ҳолест, ки дар соли 2021 ҳамагӣ аз Русия 1,9 млн доллар воридгардида буд.
Инчунин, кумита 90 ҳуҷҷатиҳамкорӣбодоираҳоисармоягузорииМиср, БелгияваӮзбекистон ба маблағиумумииназдик ба 1,1 млрд доллар ба анҷомрасонидааст.
Қурбон АҲМАДЗОДА