БОЗДИДИ РАИСОНИ КУМИТАҲОИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР ВИЛОЯТҲО ВА ШАҲРУ НОҲИЯҲО, ФАЪОЛОНУ ҶОНИБДОРОН ВА НАМОЯНДАГОНИ ТҶҶ “СОЗАНДАГОНИ ВАТАН” АЗ АКАДЕМИЯ14-02-2023, 19:30
Хабарро хонданд: 209 нафар
Назарҳо: 0
Дар асоси дастури Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати боз ҳам густариш ёфтани фаъолияти ҳизбӣ, ташвиқу тарғиби дастовардҳои навини мамлакат, ба мардум расонидани ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумат ва Барномаву Оинномаи ҳизб ва омӯзиши ҷанбаҳои пешрафти тамоми соҳаҳои иҷтимоӣ, бо иштироки раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, фаъолону ҷонибдорон ва намояндагони ТҶҶ “Созандагони Ватан” курси бозомӯзӣ идома дорад.
Субҳи имрӯз, 14 феврали соли 2023, дар доираи курси бозомӯзии мазкур раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, фаъолону ҷонибдорон ва намояндагони ТҶҶ “Созандагони Ватан” ба Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, аз шароит ва имкониятҳои Академия дидан намуданд. Ректори Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ меҳмононро ба Академия хушомадед гуфта, иброз дошт, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 феврали соли 2020 №1463 Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Муассисаи давлатии “Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” табдил дода шуд. Низоми тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ муҳимтарин масъалаи сиёсати давлатии кадрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ҳалли он ба зиммаи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шудааст. Меҳмонон бо роҳбаладии роҳбарияти Академия аз толорҳо, синфхонаҳо, толори варзишӣ, меҳмонхона, Маркази омӯзиши “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон”, Маркази дӯстӣ ва ҳамкории Созмони Ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон, Маркази омӯзишӣ ва дастгирии занони роҳбарикунанда ва болаёқати Академия дидан намуданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.