Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Баргузории Маҷлиси Раёсати КИМ ҲХДТ

Баргузории Маҷлиси Раёсати КИМ ҲХДТ

13-02-2023, 11:00
Хабарро хонданд: 170 нафар
Назарҳо: 1
Баргузории Маҷлиси Раёсати КИМ ҲХДТДар толори ҶСК “Меҳмонсаройи Тоҷикистон” маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Муовини якуми Раиси ҲХДТ муҳтарам Азизӣ Абдуҷаббор баргузор гардид.

Дар кори маҷлис Муовини якуми Раиси ҲХДТ Азизӣ Абдуҷаббор, муовинони Раиси ҲХДТ, муовини Раиси Фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои КИМ ҲХДТ, роҳбари дастгоҳ, мудирони шуъбаҳо, сармуҳаррири нашрияи “Минбари Халқ”, кормандони Дастгоҳи КИМ ҲХДТ, раисони кумитаҳои иҷроияи ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, намояндагони Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”, фаъолони ҳизбӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ҳизбӣ иштирок доштанд.

Маҷлиси мазкурро муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор оғоз намуда, ҳозиринро бо рӯзномаи кории маҷлис шинос намуданд.

Нахуст, мутобиқи масъалагузорӣ, ҳисоботи Раиси КИ ҲХДТ дар ВМКБ Раҷабова Зунайда ироа гардида, мавсуф ёдовар шуд, ки кумитаи иҷроияи вилоятӣ дар давоми давраи ҳисоботӣ ба як қатор дастовардҳо ноил гардида, ҳамзамон, аз дастгирӣ ва роҳнамоии пайвастаи роҳбарияти Дастгоҳи КИМ ҲХДТ баҳри тақвият ва пешбурди фаъолияти корӣ ёдрас шуд. Дар ин радиф, муовини якуми Раиси ҲХДТ Азизӣ Абдуҷаббор барои ҷоннок кардани корҳои таблиғотӣ ва ташвиқотии ҳизби вилоятӣ, дастрасии саривақтии нашрияи “Минбари Халқ” ба ноҳияҳои дурдаст, пешбурди корҳои ташкилӣ ва қабули сифатноки аъзои ҳизб даструҳои мушаххас доданд.

Дар баробари ин, Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, Исмоилзода Зуфар, зимни пешниҳоди ҳисобот оид ба фаъолияти корҳои ҳизбӣ ва ташаббусҳои созанда, баргузории аксияи ҷумҳуриявии “Албом-эстафета таҳти унвони «30 соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат» бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон, ташкили чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавии кишвар дар партави он ёдоварӣ шуданд. Инчунин, номбурда аз фаъолият гурӯҳи тарғиботии ҳизбӣ бо аҳолӣ вобаста ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, роҳ надодан ба таълимоти ғайрирасмии динӣ ва тақвият бахшидани ҳисси худшиносию худогоҳӣ ва ватандӯстӣ дар ҷомеа маълумот пешниҳод намуд.

Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар баробари ҳамаи дастовардҳо тавсия доданд, ки корҳои идеологиро дар самти тарбияи ватандустии ҷавонон дар шаҳру ноҳияҳои сарҳадӣ пурзур намуда, фаъолияти молиявӣ пайваста мавриди назорат қарор дода шавад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назарҳо (1)
Sheldon 4 октября 2024 19:58
If you have the sentence at the bottom, let's just sneak peek that
and show you what it resembles.
Цитировать          1
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: