Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj

ВОЖАНОМАИ СИЁСӢ

11-02-2023, 11:30
Хабарро хонданд: 639 нафар
Назарҳо: 0
ВОЖАНОМАИ СИЁСӢ

ВАЗЪИЯТИ СИЁСӢ – ҳолати мушаххаси ҳаёти сиёсии љомеа, ки натиљаи инкишофи марҳилаи муайяни сиёсию љамъиятист, мебошад. Он аз рафти инкишофи таърихӣ маншаъ мегирад. Асосҳо ва захираҳои заруриро пайдо намуда, дар ташаккул ва инкишофи падидаҳои ҳаёти сиёсии љомеа нақши муайянкунанда дорад. Он ибтидои ҳодисаҳои дигари љомеаи сиёсӣ мебошад. Сиёсатро фаъол гардонида, раванди баҳамтаъсиррасонии ҳодисаҳои ҳаёти сиёсиро афзун менамояд. Вазъияти сиёсӣ яке аз унсурҳои раванди сиёсӣ буда, масъалаи сар задани ин он аз гузаштан аз як ҳолат ба ҳолати дигари инкишофи сиёсии љомеа мебошад.
ВОЛЮНТАРИЗМ - (лот. voluntas – ирода) - ҳолатест вобаста ба баъзе лаҳзаҳои ҳалкунанда дар раванди қабул ва воқеӣ гардонидани қарори сиёсӣ ва ирода. Мафҳумро Ф.Теннис соли 1883 мавриди истифода қарор додааст. Дар фалсафа иродаро ба сифати принсипи олии ҳастӣ меҳисобанд. Дар ҳастии маънавӣ ирода аввалин дониста ва ба муқобили ратсионализм нигаронида шудааст, на ҳама вақт қонунҳои объективии инкишофро ба ҳисоб мегирад. Аксари вақт волюнтаризм ба авторитаризм, тоталитаризм, инқилобгароии аз ҳад зиёд ё анархизм оварда мерасонад.
ВАТАНДЎСТӢ (патриотизм) – муҳаббати шахс ба Ватан. Ватандўстӣ (патриотизм) амалҳоеро фаро мегирад, ки баҳри ҳимояи манфиатҳои Ватан ва кишвар равона гардидаанд. Он яке аз ҳиссиётҳои амиқ аст, ки дар зарфи асрҳо ташаккул меёбад. Муҳаббат ба Ватан, ба сарзамин ва арзишҳои фарҳангию таърихии халқи хеш дар натиљаи фаъолияти наслҳои гуногун ташаккул меёбад. Барои ҳамаи давлатҳо ин арзиши муҳиму муқаддас маҳсуб меёбад. Зеро омили бақову устуворӣ ва таҳкими озодиву истиқлоли давлатҳо аз эҳсоси ватандўстии (патриотизм) – и шаҳрвандон вобастагии амиқ дорад. Дар љаҳони муосир дар ҳамаи кишварҳо ҳукуматҳо талош менамоянд, ки тавассути қонунгузорӣ ва дигар тадбирҳо эҳсоси ватандўстии шаҳрвандонашонро тавсеаву густариш бахшанд.
ВОЛОНТЁР (аз лот. voluntarius — ихтиёрӣ, ризокор) - шахси воқеие, ки фаъолияти фоиданоки љамъиятии ихтиёриро дар шакли кору хизматрасонӣ ба манфиати љомеа бемузд анљом медиҳад. Фаъолияти волонтёр бо мақсади ба даст овардани натиљаи дилхоҳ ба манфиати љомеа амалӣ карда мешавад. Самтҳои фаъолияти волонтёрӣ дорои хусусияти иљтимоии ҳаёти љомеа, аз љумла ҳифзи иљтимоии аҳолӣ, ҳифзи ҳуқуқи инсон, тандурустӣ, маориф, илм, фарҳанг, варзиш, эҳсонкорӣ ва ҳифзи муҳити зист иборат мебошанд. Ҳадафи асосии фаъолияти волонтёрӣ аз анљом додани корҳои хайриявӣ сарчашма гирифта, барои насли љавон имконияти касб намудани таљрибаи иљтимоӣ, гирифтани тавсияҳо барои рушди шахсият, омўхтани таљрибаи кор аз рўи ихтисоси интихобнамуда ва имкони шинохти худ дар љомеа заминаҳои мусоид фароҳам меорад.
Аҳамияти фаъолияти волонтёрӣ дар он аст, ки тавассути волонтёр шудан шаҳрвандон метавонанд бисёр аз мушкилоти мављударо ба навъи љомеа ҳал намоянд. Шаҳрвандон ба сифати волонтёр кор карда, ба ҳамдигар кумак мерасонанд. Вақте ин гуна кумаку ташаббусҳо амалӣ шуд, маҳалле обод мешавад, љомеа пеш меравад ва зиндагии одамон осон мешавад.
Волонтёрӣ дар бисёр кишварҳои мутараққӣ як омили рушд ба ҳисоб меравад. Бо истифода аз он кишварҳои пешрафтаи љаҳон бисёре аз мушкилоти љомеаи худро ҳал мекунанд. Масалан, дар бозиҳои олимпӣ ва дигар чорабиниҳои калони фарҳангию оммавӣ ҳазорон љавонони волонтёр барои дар сатҳи баланд гузаштани ин маъракаҳои муҳим ба давлати худ кумак намудаанд.

ГАНДИЗМ – таълимоти иљтимоӣ ва динию фалсафӣ мебошад, ки дар давраи истиқлолиятхоҳии Ҳиндустон ташаккул ёфтааст. Асосгузори он Маҳатма Ганди мебошад.
Гандизм идеологияи ҳаракати миллии озодихоҳӣ буда, зери таъсири буржуазияи миллӣ пайдо шуда, инкишоф ёфтааст. Принсипҳои асосии сиёсӣ ва хусусиятҳои умумии гандизм ин бо роҳи осоишта ба ҳаракати озодихоҳӣ љалб намудани доираи васеи одамон, риояи усули идоракунӣ бидуни зўроварӣ, таҳти роҳбарии Конгресси миллии Ҳиндустон муттаҳид намудани тамоми қишрҳои мухталифи љомеаи кишвар, созиши синфӣ ва тавассути арбитраж ҳал намудани масъалаҳои муқовиматомези байни умумиятҳои иљтимоӣ, идеализатсияи муносибатҳои патриархалӣ, даъват ба таљдиди љамоаҳои деҳотӣ ва ҳунари косибӣ ва ғайраҳо мебошад. Ин таълимот аз фалсафаи миллати ҳинд баҳра бардошта, дар таърихи мављудияти хеш дар баъзан ҳолатҳо ба воқеияти замон муносиб набудани худро нишон додааст.
ГЕГЕМОНИЯ (юн. hegemonia – ҳукмрон, аввалин) – ҳукмронӣ дар байни ба худ монандҳо, масалан, гегемонияи пролетариат дар инқилоби сотсиалистӣ.
Дар сиёсати хориљии давлат, ки ба кушишҳо оид ба ҳукмрони олам гардидан, ба барпо намудани сарварӣ ба мамлакат ва халқҳои дигар асос ёфтааст. Гегемонизм дар шаклҳои мухталиф зоҳир мегардад. Масалан, дар шаклҳои сиёсӣ, ҳарбӣ, иқтисодӣ, идеологӣ ва ғайра. Гегемонизм муқобили падидаи баробарии ҳамаи давлатҳо ва халқҳост, ки Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид эълон доштааст ва мувофиқи он бояд дар низоми муносибатҳои байналхалқӣ мақоми асосӣ пайдо намояд. Дар муқобили сиёсати гегемонистӣ имрўз тафаккури нави сиёсӣ қарор дорад, ки ба принсипи эҳтироми интихоби озоди ҳар халқ тарзи ҳаётро асос ёфтааст.
ГЕНОТСИД (юн. лот. genos – caedere – нобуд кардани авлод ё қабила) – сиёсатест, ки баҳри нобуд сохтани ин ё он авлод, қабила, аққалияти миллӣ ё шакли дигари умумияти этникӣ равона шудааст. Генотсид ба муқобили сулҳу амнияти инсоният равона гардида, аз дағалона вайрон намудани принсипҳои умумӣ, меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон иборат аст. Генотсид дар содир намудани амалҳо, аз қабили нобуд сохтани гуруҳи миллию этникӣ, нажодӣ ва ё динӣ, аз як гурӯҳи одамон ба гуруҳи дигар додани кӯдакон, монеъ шудан ба афзоиши табиӣ дар байни умумиятҳои миллию этникӣ, нажодӣ ва динӣ зоҳир мегардад. Дар шароити кунунӣ муносибати ҳаракати гурўҳи “Толибон” дар Афғонистон нисбат ба дигар миллату халқиятҳо, хусусан тољикон, намунаи чунин сиёсати бадхоҳона ва ифротӣ аст.

Таҳияи Абдураҳмон Хонзода
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: