Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » «Телевизиони Сафина» бо студияи «Hong Pictures»- филми муштарак месозанд

«Телевизиони Сафина» бо студияи «Hong Pictures»- филми муштарак месозанд

8-02-2023, 22:48
Хабарро хонданд: 704 нафар
Назарҳо: 0
«Телевизиони Сафина»  бо студияи «Hong Pictures»- филми муштарак месозандСоли 2022 дар Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» 57 барнома дар жанрҳои гуногун омода карда шуда, ҳамзамон аз ҷониби идораи таҳия ва дубляжи филмҳо шаст филми бадеӣ дар мавзӯъҳои гуногун тарҷумаву дубляж ва пешниҳоди бинандагон гардонида шуданд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ дар Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» ба хабарнигорон иттилоъ дода шуд.

Иброз гардид, ки дар соли 2022 коргардони ҷавони муассиса Усмон Юсуфов филми бадеии «Ситора»-ро бо давомнокии 1 соату 10 дақиқа наворбардорӣ намуд. Нахустнамоиши филми мазкур рӯзҳои наздик доир карда мешавад. Ғайр аз ин кормандони қисми идораи таҳия барномаҳои «Қисмат» ва «Ёддошт»-ро дар 20 нашр пешкаши бинандагон гардониданд.

Дар идомаи нишаст баён карда шуд, ки ҳамкории «Телевизиони Сафина» бо шабакаҳои телевизионии хориҷӣ сол то сол тақвият меёбад. Аз ҷумла, шабака дар ҳамкорӣ бо телевизиони давлатии «KBS»-и Ҷумҳурии Корея дар бораи тарзи ҳаёти «Бабри барфӣ» филми мустанад таҳия намуд, ки тариқи телевизион пахш гардид.

Ҳамзамон давоми соли 2023 дар ҳамкорӣ бо студияи «Hong Pictures»-и Корея ба навор гирифтани филми мустанади муштарак оид ба ҳаёти қутосҳои ваҳшӣ ва дигар ҳайвоноти нодир дар нақша аст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: