«БАЧАИ ОБӢ» ТАМОШОБИНОНРО МАФТУН СОХТ! Филми коргардони тоҷик дар ҷашнвораи филмҳои Авруосиё дар Лондон барандаи ҷоизаи «Audience Choice Award» шуд27-05-2022, 07:18
Хабарро хонданд: 295 нафар
Назарҳо: 0
Май 26, 2022 18:37 ДУШАНБЕ, 26.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Филми «Бачаи обӣ» (Water boy)-и коргардони тоҷик Файзулло Файзов дар ҷашнвораи филмҳои Авруосиё (Eurasian Film Festiva») дар Лондон намоиш дода шуд ва сазовори ҷоизаи «Ҳусни таваҷҷуҳи тамошобин» (Audience Choice Award) гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ хабар доданд. «Мавриди зикр аст, ки «Бачаи обӣ» дар бахши «Филми бадеӣ» (Feature Film) ба даври ниҳоӣ роҳ ёфта, ҷоизаи ҷоизаи «Ҳусни таваҷҷуҳи тамошобин»-ро (Audience Choice Award) сазовор гардид», — гуфта мешавад дар хабари Сафорати Тоҷикистон. Ҷоизаи мазкур ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ, ки корманди он дар ин ҷашнвора аз Тоҷикистон намояндагӣ намуд, тақдим гардида, ба Душанбе фиристода хоҳад шуд. Тавре ба АМИТ «Ховар» коргардони филм Файзулло Файзов хабар дод, нахустнамоиши «Бачаи обӣ» 16 октябр ба ифтихори 90-солагии Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар кинотеатри «Кохи Наврӯз»дар Душанбе доир гардида буд. Муаллифи ғояи филм Бахтиёр Худойназаров, сенариянависон Носир Раҳмон ва Файзулло Файзов мебошанд. Нақшҳои асосиро дар филм Убайдуллоҳи Омон, Меҳроҷиддин Сафар, Аҳмад Қутбиддин ва Соро Собир иҷро кардаанд. Гирифтани ҷоизаи «Ҳусни таваҷҷуҳи тамошобин» дар ҷашнвораи байнулмилалӣ дар Британияи Кабир ба ин ё он ҷиҳат аз таваҷҷуҳи бузурге шаҳодат медиҳад, ки имрӯз мардум ба мушкилоти норасоии об ва эҳтиёткорона нигоҳдорӣ ва истифодаи он дар саросари ҷаҳон зоҳир мекунанд ва албатта туҳфаи арзишманди синамои тоҷик ба Конфронси дуюми сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» мебошад. Ин конфронс аз 6 то 9 июни соли 2022 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.