Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Дар шаш моҳи соли равон ба Шӯрои бадеии «Тоҷикфилм» 22 филмнома пешниҳод гардид Июль 28, 2022 11:34

Дар шаш моҳи соли равон ба Шӯрои бадеии «Тоҷикфилм» 22 филмнома пешниҳод гардид Июль 28, 2022 11:34

29-07-2022, 08:23
Хабарро хонданд: 290 нафар
Назарҳо: 0
Дар шаш моҳи соли равон ба Шӯрои бадеии «Тоҷикфилм» 22 филмнома пешниҳод гардид Июль 28, 2022 11:34

ДУШАНБЕ, 28.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи аввали соли равон барои баррасӣ ва омӯзиш ба Шӯрои бадеии Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» 22 филмнома пешниҳод гардида, 7 адади он барои коркард қабул шуд, — иттилоъ дод Директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён рӯзи чоршанбе, 27 июл зимни нишасти матуботии ин ниҳод.

Ба гуфти Маҳмадсаид Шоҳиён, аз миёни ин ҳафт филмнома яке филми бадеӣ бо номи «Ҳақиқат» аст, ки дар бораи тақдири рӯзноманигор ва талошҳои ӯ барои фаъолияташ нақл мекунад.

«Барои тарғиби дастовардҳои беҳтарини кинои миллӣ, тақвияти ҳамкории филмофарони Тоҷикистон ва дастгирии ҷавонони боистеъдод бори аввал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон»таъсис дода шуд. Барои ба даст овардани ин ҷоизаи миллӣ тӯли як моҳ ҳайати доварон ба беҳтарин филмҳои нави ватанӣ, ки давоми солҳои 2019-2021 аз ҷониби филмофарони дохилӣ рӯйи навор омадаанд, баҳо гузоштанд. Ин ҷоизаи миллӣ аз озмуни филмҳои ҳунарӣ, мустанад, бадеии кӯтоҳ ва тасвирии миллӣ иборат мебошад», — гуфт ӯ.

Бояд гуфт, ки 1 апрел дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими супоридани Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» таҳти шиори «Қадршиносии ҳунари асил» бо ширкати созандагони филмҳои миллӣ баргузор гардид.

Унвони «Беҳтарин филми аниматсионӣ»-ро филми «Лаклаки табиб»-и Муҳиддин Сулаймонӣ, «Беҳтарин иҷрокунандаи нақши занона»-ро Мавлона Наҷмиддинова аз филми «Автобус», «Беҳтарин иҷрокунандаи нақши мардона»-ро Салоҳиддин Шукуров аз филми «Дов», «Беҳтарин коргардон»-ро Файзулло Файзов бо филми «Бачаи обӣ», «Беҳтарин филми ҳунарии кӯтоҳ»-ро «Додараки фариштаҳо»-и коргардон Умед Мирзоширинов, «Беҳтарин филми ҳунарӣ»-ро «Дов»-и Муҳиддини Музаффар соҳиб шуданд. Инчунин филме, ки «Таваҷҷуҳи махсуси ҳакамон»-ро ба даст овард, «Охирин сайди Сайёд»-и коргардон Муҳаммадрабии Исмоил шуд.

Филми «Роҳ»-и коргардон Носир Саидов соҳиби «Шоҳҷоиза» гардид.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: