Конститутсияи мукаммал9-03-2016, 17:15
Хабарро хонданд: 327 нафар
Назарҳо: 0
Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур дар маҷлисгоҳи ташкилоти ибтидоии “Санъаткор”-и Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулов ҷамъомади соатҳои ахбори сиёсӣ бо баррасии Лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо иштироки вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии №3 Абдуалимов Баҳром Абдулазимович ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйхати умумиҷумҳуриявии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Раҷабова Лутфия Нусратовна ва Содиқова Насиба Нуралиевна баргузор гардид.
Бо ташаббуси коллеҷи мазкур, маҷлис бо барномаи мусиқӣ-фароғатии донишҷӯёни коллеҷ оғоз карда шуд. Сараввал Гадоиев Б.И., раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ҳозиринро хушомадед гуфта, баргузории чунин анҷумани соатҳои сиёсиро ҳатмӣ шумурд. Сухан ба Маҳмадшоев Фарҳод -намояндаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуд. Ӯ ҳамаи бобҳо ва моддаҳое, ки ба онҳо тағйиру иловаҳо ворид карда мешаванд ба пуррагӣ шарҳ дод. Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии №3 Баҳром Абдуалимов қайд намуд,ки тағйиру иловаҳо Конститутсияро боз ҳам комилтар намуда барои хубтар ба роҳ мондани раванди қонунгузорӣ ва муносибатҳо кӯмак менамояд. Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйхати умумиҷумҳуриявии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Раҷабова Лутфия ва Содиқова Насиба дар суханрониҳои худ қайд намуданд, ки мо тоҷикон мардуми ватанхоҳу ватандӯст будем ва давлати соҳибистиқлоли мо гувоҳи он аст. Имрӯз бо тағйиру иловаҳо ворид кардан ба Коститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар нишон дода истодаем, ки мо ҳамеша ба сӯи пеш ҳаракат мекунем ва ҷонибдори рушди устувори кишвар мебошем. Сипас Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Гадоиев Б.И., ба аҳли нишаст аз фаъолияти моҳонаи Кумита ҳисобот дода ба саволҳо ва дархостҳои ҳозирин ҷавобҳои қаноатбахш дод. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.