Аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмуи ҳуҷҷатҳои номинатсионии муштараки Тоҷикистон бо дигар кишварҳои минтақа «Санъати зарҳалкорӣ» ҷиҳати ворид шудан ба рӯйхати мероси фарҳанги ғайримоддӣ гирдоварӣ, таҳия ва ба ЮНЕСКО пешниҳод карда шуд.
Барои корбарӣ дар номинаи «Санъати зарҳалкорӣ» олимони Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот ҷалб гардиданд.
Ҳамчунин корҳо дар самти вориднамоии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ба Феҳристи мероси фарҳанги умумибашарии ЮНЕСКО, аз ҷумла, дар самти долонҳои Зарафшон-Қароқум ва Фарғона-Сирдарё ҷоннок карда шуданд».
Аз рӯи маълумоти Хамоҳангсози миллӣ оид ба масъалаҳои фарҳанги моддӣ дар ЮНЕСКО Мирзошариф Абдусаломов, дар долонҳои хатсайрҳои Шоҳроҳи бузурги таърихии «Абрешим», ки тавассути мамлакати мо мегузаранд, объектҳои таърихию фарҳангии сатҳи байналмилалӣ мавҷуд мебошанд. Аз ҷумла, дар долони «Зарафшон-Қароқум» 9 (нуҳ) адад объектҳои таърихию фарҳангӣ, аз қабили «Панҷакенти Қадима», «Шаҳраки Санҷаршоҳ», «Шаҳраки Ҳисорак», «Гардани Ҳисор», «Қалъаи Муғ», «Қум», «Тали Хамтуда», низоми обёрикунии «Токсанкорез» ва Мақбараи «Хоҷа Муҳаммади Башоро» мебошад.
Ин ёдгориҳо солҳои сол аз ҷониби муҳаққиқону бостоншиносони ватаниву хориҷӣ таҳқиқу кашф ва ҳафриёт гардидаанд. Ҳамзамон аз ҷониби мутахассисони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО дар Тоҷикистон парвандаҳои номинавии ёдгориҳои таърихию фарҳангии мазкур таҳия ва такмил гардида, ба идораи Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг ЮНЕСКО барои ворид намудан ба феҳристи ҷаҳонӣ ирсол карда шуданд.
Мояи хушнудст, ки аллакай парвандаҳои номинавии 9 (нуҳ) адад объекти таърихию фарҳангии долони «Зарафшон-Қароқум» аз ҷониби ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ аз нигоҳи техникӣ дуруст ва комил арзёбӣ шуда, ин объектҳо расман ба Феҳристи пешакии ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуданд.
“МХ”