Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Ҷаласаи Раёсати Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО

Ҷаласаи Раёсати Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО

19-02-2022, 09:17
Хабарро хонданд: 164 нафар
Назарҳо: 0
Ҷаласаи Раёсати Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО

Дар Вазорати корҳои хориҷӣ таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Сироҷиддин Муҳриддин ҷаласаи навбатии Раёсати Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО баргузор гардид.

Дар ҷаласа ҳисобот оид ба фаъолияти Комиссия дар соли 2021 шунида шуд ва Нақшаи корӣ барои соли 2022 баррасӣ гардид. Таъкид шуд, ки яке аз вазифаҳои асосии Комиссия дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори кишвар ворид намудани мероси фарҳангии моддӣ, ғайримоддӣ ва табиии кишвар ба Феҳристи мероси ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг (ЮНЕСКО) мебошад. Чунин иқдом ба манзури тарғиб, ҳифз ва ташвиқи тамаддуни ғании халқи тоҷик дар ҷаҳон ва ҷалби сайёҳон ба кишвар равона шудааст, ки бахше аз сиёсати давлат дар арсаи фарҳанг ба шумор меравад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО аҳаммияти ҷиддӣ дода, амалисозии лоиҳаҳоеро, ки дар рушди маориф, илм, ҳифзи мероси фарҳангии моддӣ ва ғайримоддии кишвар ва расонидани он ба наслҳои оянда саҳми арзанда мегузоранд, ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд.

Зимни ҷаласа инчунин оид ба масъалаҳои фаъолияти Комиссияи миллии мазкур намояндагони вазорату идораҳои кишвар суханронӣ намуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: