Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » «Бешаи палангон» ба рӯйхати Мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда мешавад

«Бешаи палангон» ба рӯйхати Мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда мешавад

20-05-2021, 15:07
Хабарро хонданд: 204 нафар
Назарҳо: 0
«Бешаи палангон» ба рӯйхати Мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда мешавадМасъалаҳои марбут ба омода намудани мавод ҷиҳати ворид намудани Мамнуъгоҳи табиии «Бешаи палангон», воқеъ дар ҷануби Тоҷикистон ба рӯйхати Мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО дар меҳвари мулоқоти Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо мудири Дафтари минтақавии ЮНЕСКО дар Алмаато хонум Криста Пиккат қарор гирифт.

Дар мулоқот, ки дар Душанбе доир гардид, ҳамзамон масъалаҳои дохил кардани объектҳои ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ба шабакаи ҷаҳонии резерватҳои биосферии ЮНЕСКО, ҳамкории судманд дар доираи лоиҳаҳои GEF-UNDP-UNESCO оид ба пиряхҳо, лоиҳаи нави минтақавии «Паст кардани осебпазирии аҳолӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ аз хуруҷи кӯлҳои пиряхӣ дар шароити тағирёбии иқлим» баррасӣ гардиданд.

Мудири Дафтари минтақавии ЮНЕСКО хонум Криста Пиккат омодагии худро барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар Боғи миллии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи «Долони мероси Роҳи абрешим дар Афғонистон, Осиёи Марказӣ ва Эрон – ҷанбаҳои байналмилалии соли мероси фарҳангии аврупоӣ» иброз дошт.

Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи намояндагони Дафтари минтақавии ЮНЕСКО-ро ба амалӣ намудани чорабиниҳои ба нақша гирифташуда ҷалб намуда, омодагии худро барои ҳамкории минбаъда изҳор намуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: