Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Хондани китоб умри инсонро тӯлонитар мекунад

Хондани китоб умри инсонро тӯлонитар мекунад

29-04-2023, 11:02
Хабарро хонданд: 7983 нафар
Назарҳо: 4
Хондани китоб умри инсонро тӯлонитар мекунад
Олимони равоншинос бар он мӯътақиданд, ки китобхонӣ умри инсонро дароз мекунад. Ин хулосаи онҳо дар натиҷаи таҳлил ва таҷрибаи амалигашта ба даст омадааст. Ба гуфтаи онҳо хондан метавонад афсурдагӣ (стресс)-ро коҳиш диҳад, ғамгиниро рафъ ва малакаҳои иҷтимоии шуморо тақвият диҳад. Аммо нуқтаи асосӣ ин аст, ки ҳамаи ин ҳолатҳо бо хондани достон, роман, қисса, повест ва шеър ба даст меоянд, на рӯзномаву маҷалла.
Беҳтарин роҳ барои раҳоӣ аз афсурдагӣ

Барои баъзе одамон китобхонӣ беҳтарин вақтхушӣ аст ва имкон дорад, ки рӯзҳои худро бо мутолиаи китоб гузаронанд. Барои баъзе одамон бошад, мутолиа дилгиркунанда аст ва онҳо ҳама чизро аз хондани китоб афзалтар медонанд.
Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки китобхонӣ яке аз роҳҳои беҳтарини коҳиш додани ҳолати афсурдагӣ аст. Дар як назарсанҷии васеи ҷаҳонӣ бо номи Resttest, маълум шудаст, ки китобхонӣ беҳтарин роҳи истироҳат аз фишорҳои ҷаҳони имрӯза аст ва он аз ҳама гуна фаъолиятҳои дигаре барои истироҳат, аз қабили, дар табиат будан, дар танҳоӣ будан ва гӯш кардани мусиқӣ ва ё коре накардан самараноктар аст.
Профессори равоншинос Раймонд Марр аз Донишгоҳи Йорки Канада бар ин назар аст, ки китобхонӣ барои коҳиш додани афсурдагӣ ва изтироб кӯмак мерасонад ва боис мешавад таваҷҷуҳи фард ба берун аз худаш равона карда шавад. Ӯ мегӯяд: "Хондан як таҷрибаи хуб барои истироҳат ва мулоҳиза аст". Хондани китоб дар алоҳидагӣ ё гурӯҳӣ яке аз усулҳои муфид ва арзишманд барои афроди мубтало ба афсурдагӣ мебошад. Бархе аз пажӯҳишҳо нишон медиҳанд, ки китобхонӣ ба солимии равонӣ таъсири густурда ва пойдортаре дорад ва нишонаҳои эҳтимолии ин бемориро то се сол коҳиш медиҳад.
Тамрини зеҳнӣ

Бо хондани як достон миқдори фаъолшавии пайвастагиҳои майнаи инсон аз он миқдоре, ки барои коркарди забон лозим аст, зиёдтар суръат мегирад. Масалан, вожаҳое мисли "лаванда", "дорчин", "атр" ва "собун" боиси барангехтани вокуниши минтақаҳои буйоии мағзи сар мешаванд. Тадқиқоти дигари олимони соҳа низ собит кардааст, ки хондани матн баъзе қисмҳои ҳассоси майнаро ангезиш медиҳад. Тааҷҷубовар он аст, ки ин таъсир точанд рӯз боқӣ мемонад, яъне натиҷаи мутолиа метавонад масири торҳои асаби тозаеро дар мағзи мо эҷод кунад. Ҳамчунин ин намуди фаъолияти зеҳнӣ ба инсон барои тасаввури таҷрибаи дигарон кӯмак мекунад.
Ҷустуҷӯ ва омӯзиши шахсии профессор Раймонд Марр нишон додааст, ки хондани достону қисса қисмҳо ва шабакаҳои мағзи сарро фаъол мекунад, ки барои аксарияти таълимоти инсон ва дарёфти ангезаҳои дигарон ба кор бурда мешавад. Дар натиҷа миёни мутолиа ва малакаҳои иҷтимоӣ робитае ба вуҷуд меояд.
Дарки афкор ва эҳсосоти дигарон

Тасаввур кардан ҷолиб аст, ки китобхонӣ ҳамчун як фаъолияти инфиродӣ маҳорати иҷтимоӣ ва муошират бо одамони дигарро мустаҳкам мекунад ва таҷрибаҳои зиёде ин нуқтаро собит намудааст. одамоне, ки бештар китоб мехонанд, метавонанд дигаронро беҳтар дарку ҳамдардӣ кунанд ва ҷаҳонро аз нигоҳи онҳо бубинанд.
Профессор Марр тавзеҳ медиҳад: "Одамоне, ки дар тӯли умри худ бештар достону қисса хондаанд, беҳтар метавонанд фикру ҳиссиёти дигаронро дарк кунанд."
Масъала фақат ин нест, ки хондан як тамрини арзишманди иҷтимоӣ барои майнаи инсон аст. Роману қиссаҳо як воситаи тавоное барои огоҳӣ ва шинохти ҷаҳон мебошанд, махсусан, огоҳӣ аз бахшҳои ҷаҳоне, ки ҳеҷ имкони тамоси мустақим ба онро надорем. Мутолиаи китоб дар ҳама синну сол таҷрибаи бебаҳо мебошад.
Мутолиа барои дарозии умр

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки хондан дар пиронсолӣ боиси беҳбуди вазифа (функсия)-ҳои «шинохт» мешавад. Чуноне ки маълум аст, инсонҳо ҳангоми пиронсолӣ дар бештар ҳолатҳо вазифаи шинохтани касе ё чизеро аз даст медиҳанд. Равоншиносон онро аз инкишоф боз мондани майнаи сари инсон медонанд. Маҳз хондани китоб метавонад мағзи сари инсонро дар ҳамаи сину сол такмилу инкишоф диҳад ва ҳуҷайраҳои онро ба ҳаракат дарорад.
Олимони асабшинос дар як пажӯҳише дарёфтанд, ки ҳамагӣ 30 дақиқаи мутолиаи ҳаррӯза нақши муҳим дорад ва мутолиа дар вақти холӣ сарфи назар аз ҷинс, вазъи саломатӣ, вазъи иҷтимоӣ ва таҳсилот умри инсонро афзоиш медиҳад.
Ҳайратовар ин аст, ки зиёд шудани умр дар миёни касоне, ки матлабҳоро аз рӯзномаю маҷалла ва ё дигар маводи хониш, чунонки тамоюли бадеияташон кам аст, мехонанд, мушоҳида намешавад. Фақат хондани қиссаву достонҳо боиси дастрасии чунин тӯҳфаи беназир барои ҳаёти инсонҳо мегардад.
Муҳим аст чӣ бихонем?

Профессор Марр мегӯяд: "Шумо набояд эҳсос кунед, ки худатонро маҷбур месозед, кори хастакунандаро анҷом диҳед. Он чизе, ки мехонед, бояд зеҳнатонро ҷалб кунад ва ба он алоқаманд ҳастеду таваҷҷуҳ доред. Ҳамин тавр, дар чунин хониши бозавқ ҳамаи манфиатҳои имконпазир ба вуҷуд меоянд. Муҳим он аст, ки аз хондан лаззат барем:
Хондани он маводе, ки ба шумо писанд аст, шуморо бо қаҳрамонони достон ё қисса пайваст мекунад, ки ин равобити "фароиҷтимоӣ" мебошад. Олим ва нависанда Пройслер Отфирид овардааст, ки: "Қаҳрамонони китобҳои дӯстдоштаамон барои мо ҷанбаи воқеӣ пайдо мекунанд ва наздику азиз мешаванд". Вай бар ин назар аст, ки чунин пайванди иҷтимоӣ бо шахсиятҳои достонӣ бахши муҳиме аз манфиат ва муҳимияти китоб аст.
Муҳим нест, ки китоби дӯстдоштаи шумо дар бораи зомбиҳои қотил ба муқобили вампирҳо ё романтикаи мулоим бошад. Чизи муҳим ин аст, ки он ба фаъолияти равонӣ, малакаҳои иҷтимоӣ ва дарозумрии шумо таъсири мусбӣ расонад. Он чи аҳамият дорад, ин аст, ки китоб хондан одати доимӣ шавад, ки аз он лаззат барем ва онро идома диҳем.Агар шумо китоб мехонед, барои лаззат бихонед ва агар дар навбати аввал аз хондан лаззат набурдед, хавотир нашавед. Тавре профессор Марр гуфтааст, "Шумо бояд ин саргармиро тадриҷан биёмӯзед ва онро дар вуҷудатон бунёд созед."

Гулҳаёи Мадимар
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назарҳо (4)
Norris 25 января 2023 23:59
Hey there, You've done an excellent job. I'll definitely digg it and personally suggest to my friends.

I am confident they will be benefited from this site.


Here is my blog; olympus slot
Цитировать          1
Aubrey 1 марта 2023 17:29
Hi! This is my first visit to your blog! We are a collection of
volunteers and starting a new project in a community in the same niche.

Your blog provided us beneficial information to work on. You have done a extraordinary job!


my blog post: joker123
Цитировать          2
Ola 26 сентября 2024 16:16
louis vuitton outlet di465,www.fakebagstore.me,fake bags online fm533
Цитировать          3
Theo 3 октября 2024 06:35
They simply can't merely create their back links without initial resolving these obstacles.



Here is my web blog - Rhea
Цитировать          4
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: