Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ҶАЛБИ ПИРОНСОЛОН БА ҲАЁТИ ҶАМЪИЯТӢ

ҶАЛБИ ПИРОНСОЛОН БА ҲАЁТИ ҶАМЪИЯТӢ

23-01-2023, 10:22
Хабарро хонданд: 320 нафар
Назарҳо: 0
       ҶАЛБИ ПИРОНСОЛОН БА ҲАЁТИ ҶАМЪИЯТӢ

Дар Муассисаи давлатии “Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва маъюбони шаҳри Душанбе” ҷиҳати шарҳу тавзеҳ ва омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми навбатии Пешвои миллат бо иштироки намояндагони сохторҳои гуногун вохӯрӣ доир гардид.
Дар чорабинӣ Гулрафтор Абдурасулова, сардори Раёсати кафолати кӯмакҳои иҷтимоии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дилрабо Ашӯрова, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе
ва Муҳаммад Салоҳидинзода, корманди мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Фуркат Эгамзода, корманди бахши фарҳангии Муассисаи давлатии “Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафакахӯрон ва маъюбони шаҳри Душанбе” вохӯриро ҳусни оғоз бахшида, иброз дошт, ки мо ҳамаи он дастуру супоришҳои Пешвои миллатро сармашқи кори худ қарор дода, ба бошандагони ин даргоҳи меҳр содиқонаву софдилона хизмат менамоем.
Сипас, Дилрабо Ашӯрова ба сухан баромада афзуд, ки давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ пешрафти бомароми соҳаҳои муҳими ҷомеа, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, илму маориф, тандурустӣ ва фарҳангро яке аз самтҳои асоситарин ва афзалиятноки сиёсати худ қарор дода, барои расидан ба ин ҳадафҳои муҳим ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст. Мавсуф инчунин зикр кард, ки соли 2022 бо руйдодҳои фараҳбахши таърихӣ барои кишвари азизамон соли амалисозии ташаббусҳои нави созандагиву бунёдкорӣ ба шумор меравад, зеро дар ин сол ҷашни бузурги миллӣ, ҷашни 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии иҷлосияи XVI –уми Шурои олӣ дар фазои сулҳу субот ва осудагӣ таҷлил гардида, ба роҳ мондани ҷабҳаи бузурги созандагӣ ва бунёдкорӣ дар қаламрави мамлакат кишвари моро ба марҳилаи сифати нави рушд ворид намуд, ки дар саҳифаи давлатдории навинамон бо хатҳои заррин сабт хохад гашт. Қайд гардид, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии мамлакат нақши муассир дошта, дар ташаккули фарҳанги сиёсӣ ва худшиносиву худоогоҳии миллат нақши сазовор мегузорад ва аз рӯзи таъсисёбии худ дар татбиқи ҳадафҳои созанда якҷоя бо ҷонибдорони худ ба дастовардҳои чашмрас ноил гардидааст.
Гулрафтор Абдурасулова иброз дошт, ки дар Паёми навбатии Сарвари давлат оид ба пешрафти бомароми соҳаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа–ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, илму маориф, тандурустӣ ва фарҳанг таваҷҷуҳи хос зоҳир гардидааст ва вобаста ба расидан ба ҳадафҳои дар пешистода ва андешидани ҳамаи тадбирҳои зарурӣ дастуру супоришҳо дода шуданд.
Номбурда аз ҷумла афзуд, ки вобаста ба расонидани кӯмакҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла зиёд шудани ҳаҷми кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат қайд кардан зарур аст, ки бо ташаббуси Сарвари давлат қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 ноябри соли 2022, №548 «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 майи соли 2020, №271” ба имзо расидааст. Дар баробари кумакҳои унвонии иҷтимоӣ, иловатан ба қишри осебпазири аҳолӣ кумакҳои иҷтимоии яквақта расонида мешавад.
Муҳаммад Салоҳидинзода изҳор намуд, ки пиронсолон интиқолдиҳандагони дониш ва таҷриба буда, дар инкишофи зеҳнӣ, рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми назаррас мегузоранд. Онҳо барои шуғлнокӣ ва фаъолияти меҳнатӣ саъй намуда, созандагони қисми муҳими сарватҳои моддӣ мебошанд. Пиронсолон дар равандҳои рушди иҷтимоӣ, ҳифз ва афзун намудани сарвати фарҳангии кишвар фаъолона иштирок намуда, барои ба наслҳои ҷавон расонидани онҳо ҳамчун нигаҳбони арзишҳои муҳимтарини онҳо, ҳамчун нигаҳбони арзишҳои муҳимтарини маънавӣ ва ахлоқӣ амал мекунанд ва робитаю ҳамбастагии наслҳоро таъмин мекунанд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонуну санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба он асосёфта ягон меъёри табъизи синну солиро дарбар намегирад. Баръакс, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳар ҷиҳат ҳамгироӣ ва иштироки калонсолонро ба ҳаёти ҷамъиятӣ ҳавасманд мегардонад.
Дар замони Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тадриҷан беҳтар гардида, доираи хизматрасониҳои иҷтимоӣ ба ниёзмандон васеъ ва дастрасии шаҳрвандон ба ин хизматрасониҳо бамаротиб афзудааст, ки ин далели тақвияти фаъолият дар ин самт ва эътимоди рӯзафзуни ниёзмандон ба сиёсати иҷтимоии давлат, хусусан Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Пиршавӣ як марҳилаи табиӣ дар ҳаёти ҳар як инсон аст, ки наметавон пешгирӣ кард. Дар тӯли чанд даҳсолаи охир, пиршавӣ дар тақдири ҳар як шахс хусусияти универсалии инсонӣ пайдо кард, ба тағйир додани сохтори аҳолии ҷаҳон шуруъ намуд ва дар бисёр давлатҳо як қатор мушкилотро ба миён овард, ки ҳалли фавриро талаб мекунанд. Мувофиқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид, ҳар моҳ зиёда аз 1 миллион нафар одамон аз остонаи 60 солагии худ мегузаранд, ки 80 дарсади онҳо дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ зиндагӣ мекунанд. Тибқи пешгӯиҳои Созмони Милали Муттаҳид то соли 2050 дар рӯи Замин зиёда аз 2 млрд. пиронсолон зиндагӣ хоҳанд кард. Нишондиҳандаҳои демографии пиршавии аҳолии ҷаҳон аз ҷониби коршиносони Созмони Милали Муттаҳид “инқилоби ором” бо оқибатҳои пешгӯинашаванда номида мешаванд, ки ҳалли таъҷилии таъмини пирии шоистаро талаб мекунад.
Қайд кардан бамаврид аст, ки дастгирии табақаи ниёзманди ҷомеа дар доираи сиеёсати иҷтимоии Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Бо ин мақсад, дар шаҳри Душанбе барои расонидани кумакҳои иҷтимоӣ ва ба парасторӣ фаро гирифтани шахсони маъюб ва танҳо, Муассисаи давлатии “Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафакахӯрон ва маъюбони шаҳри Душанбе” фаъолият менамояд. Гуфтан бамаврид аст, ки дар арафаи ҳама гуна иду ҷашнҳо ва санаҳои муҳими таърихӣ дар ин марказ чорабиниҳои идона баргузор карда мешавад.
Саида ХОҶАЕВА
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: