ДАСТУРҲОИ НАВИ СОЗАНДАГӢ29-12-2022, 11:07
Хабарро хонданд: 333 нафар
Назарҳо: 0
Дар пайгирии Паёми Президент Санаи 23-юми декабри соли 2022 дар толори калони «Кохи Сомон»-и Бӯстонсаройи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод гардид. Паёми Пешвои муаззами миллат тавассути шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ ба таври мустақим пахш гардида, чун ҳамасола кулли сокинони кишвар аз комёбиҳои тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ бадастовардашуда ва самтҳои асосии рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат барои соли оянда огаҳӣ ёфта, Сардори давлат ба мақомотҳои ваколатдору дигар субъектҳои хоҷагидорӣ дастуру супоришҳои ояндасози хешро доданд. Ҳангоми ироаи Паём Роҳбари давлат бо сипосу қаноатмандӣ зикр намуданд, ки дар натиҷаи меҳнати аҳлонаю хулосабарории дурусти сокинони кишвар, алалхусус кишоварзони мамлакат вобаста ба дастуру супоришҳои дар паёмҳои қаблии Президент додашуда новобаста аз вазъи ногувори иқтисодию сиёсии ҷаҳонӣ соли равон ҷиҳати рушди босуботи иқтисодию иҷтимоии кишвар тадбирҳои судманд андешида, бозори дохилии ҷумҳуриамон бо маводҳои ғизоӣ пурра таъмин мебошад. Чуноне ки Президенти кишвар дар Паёми худ қайд карданд, дар 5 соли охир рушди иқтисодии кишвар ба ҳисоби миёна ба 7,3 фоиз баробар гардида, дар соли равон 8 фоизро ташкил медиҳад, ҳаҷми маош 1,5 баробар ва нафақа 1,3 баробар зиёд шуда, сатҳи камбизоатӣ бошад, аз 27,4 фоиз то ба 22,5 фоиз коҳиш ёфтааст. Оид ба ин тадбирҳо сухан ронда, Пешвои миллат хеле бамаврид таъкид доштанд, ки бунёди миллати мутамаддин аз соҳаи маориф оғоз меёбад. Аз ин лиҳоз, ба рушди бонизоми илму маориф ва баланд бардоштани мақоми омӯзгорон эътибори ҷиддӣ бояд диҳем. Дар амалигардонии ҳадафҳои стратегии давлату Ҳукумат, мавқеи ниҳоят бузург доштани соҳибкорони бонангу номуси кишварро Сарвари давлат бори дигар махсус таъкид намуда, ба тамоми мақомотҳои ваколатдор дастур доданд, ки баҳри рушди бонизоми соҳибкорӣ чораандешӣ намуда, аз кулли зуҳуроти фориғболию расмиятчигиҳои беасос, эҷоди монеаҳои сунъӣ нисбат ба ҳаллу фасли дархостҳои соҳибкорон даст кашида, роҳҳои ҷалби сармоягузориҳои хориҷию дохилиро ҷиҳати таъсисдиҳии корхонаҳои истеҳсолӣ, истифодабарии босамари захираҳои табиӣ ва дар ин замина, бо ҷойҳои кории доимӣ таъмин намудани сокинон тадбирҳои мушаххас андешанд. Бо мақсади рушди соҳибкорӣ дар кишвар, ки фишанги асосии рушди босуботи ҳар як давлат мебошад, ба соҳибкорон 120 намуди имтиёзу кумакҳои андозиву гумрукӣ пешниҳод шуда, маблағи умумии ин сабукиҳо 12 млрд сомониро ташкил медиҳад ва ба таъкиди Президент, шумораи субъектҳои бақайдгирӣ аз 4 ба 1 адад кам гардида, хизматрасониҳои бақайдгирӣ ба таври ройгон ба роҳ монда шудааст. Сарвари давлат ҳангоми ироаи Паёми имсолаи хеш пешниҳод карданд, ки низоми иҷозатномадиҳиро боз ҳам такмил дода, шумораи иҷозатномаҳо барои фаъолияти соҳибкорӣ 60 дарсад кам карда шавад. Ҳақ бар ҷониби Пешвои миллат аст, ки борҳо ҳушдор дода мегӯянд: «Ватани моро фақат худамон обод карда метавонем ва агар ҳар шахси мансабдор бо имону инсофи комил вазифаи хешро иҷро намояд, мардумсолор бошаду халқро уҳдабароёна роҳбарӣ кунад, нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии давлати мо чандин маротиба аз имрӯза ҳам хубтар хоҳад шуд». Боиси зикр аст, ки дар Паёми имсолаи Роҳбари давлат вобаста ба рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар дар тӯли 5 соли охир, алалхусус, соли 2022, ки яке аз солҳои пурмуаммои ҷаҳони муосир ба шумор меравад, таҳлилҳои хеле дақиқу раднопазир оварда шудааст. Афзоиши мунтазами ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатию кишоварзӣ, кору хизматрасониҳои басомонрасонидашуда, нисбат ба солҳои 90-уми асри гузаштаю даврони соҳибистиқлолии мамлакат ба таври назаррас зиёдшавии хароҷотҳои буҷети давлатӣ баҳри мустаҳкам намудани заминаҳои моддӣ-техникии муассисаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳангу ҳифзи иҷтимоӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки таъмини иҷрои ҳадафмандонаи дастуру супоришҳои созандаи Пешвои миллат ва амалигардонии саривақтии барномаҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинони давлати биҳиштосои моро рӯз ба рӯз ба зиндагии шоиста наздик мегардонад. Дар ин самтҳо сухан ронда, Сарвари давлат хеле бамаврид қайд карданд, ки дастовардҳои имрӯзаи мо бо назардошти таҳаввулотҳои дар саросари ҷаҳон вобаста ба равандҳои ҷаҳонишавию тағйирёбии иқлим ба амал омадаистода, сол ба сол зиёдшавии аҳолии кишвар ва дигар омилҳо нокифоя буда, аз якояки мо ташаббусҳои нав ба наву заҳмати хеле зиёд ва масъулиятшиносии волоро талаб мекунад. Ҳангоми ироаи Паёми имсола низ Роҳбари давлат ба масъалаи рушди босуботи иқтисодию иҷтимоии мамлакат, идоракунии босамари молияи давлатӣ, такмилдиҳии фишангҳои қарздиҳии бонкӣ, тақвиятбахшии корҳо ҷиҳати таъмини иҷрои босифати қисми даромад ва хароҷоти буҷети давлатӣ, самаранок истифодабарии имкониятҳои мавҷуда баҳри рушди илму маориф, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, тарбияи ахлоқию хештаншиносии насли ҷавон, омодасозии мутахассисони ба талаботҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ, ба вазифаҳои роҳбарикунанда пешниҳод намудани бонувон ва кадрҳои ҷавон, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва дигар масъалаҳои доғи рӯз эътибори махсус дода, ба вазорату идораҳои дахлдор дастуру супоришҳо доданд. Тибқи супориши Сардори давлат аз 1-уми июли соли 2023 дар Тоҷикистон ҳама намуди андозҳо, боҷҳои гумрукӣ, суғуртаҳои ҳатмӣ, ҷаримаҳо, хизматрасониҳои коммуналӣ ва ғайра бояд ба шакли ғайринақдӣ пардохт карда шаванд, ки ин тадбирҳо ба шаффофияти даромадҳои буҷет ва баланд бардоштани қурби пули миллӣ мусоидат мекунад. Бо мақсади кам кардани таъсири омилҳои инсонӣ дар иҷрои уҳдадориҳои андозӣ, ба роҳ мондани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дастур дода шуд, ки дар кишвар «Махзани ягонаи маълумот барои хизматрасонии рақамӣ» таъсис дод шавад. Дар асоси супориши Пешвои миллат аз 1-уми марти соли 2023 маоши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ ба андозаи 25 фоиз ва дигар кормандони мақомоти қудратӣ 20 фоиз зиёд карда шуда, аз 1-уми июли соли 2023 мутаносибан ба андозаи 20 фоиз баланд бардоштани маоши кормандони соҳаҳои тандурустӣ, маориф, иҷтимоӣ ва стипендияҳои донишҷӯёну нафақаи заминавӣ пешбинӣ карда мешавад. Ҳамчунин, дастур дода шуд, ки аз 1-уми июли соли оянда нафақаҳои суғуртавӣ бо назардошти сатҳи таварруми дусола, на кам аз 16 фоиз ва дигар нафақаҳо ба андозаи 20 фоизи нафақаи заминавӣ зиёд карда шаванд, ки ин тадбирҳо далели характери иҷтимоӣ доштани сиёсати давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар маҷмуъ, таъкид кардан зарур аст, ки ҳамаи дастуру супоришҳои дар Паёми имсола зикргардида ба манфиати сокинони кишвар буда, сари вақт амалигардонии он ба рушди босуботи иқтисодию иҷтимоии давлати соҳибистиқлоли мо, ҳаллу фасли муаммоҳои мавҷудаи иҷтимоӣ, тақвиятбахшии корҳои ободонию созандагӣ ва дар арсаи байналмилалӣ ҷойи сазовори хешро ишғол намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат мекунад. Карамулло Одилов, собиқадори хизмати давлатӣ, Корманди шоистаи Тоҷикистон, узви ИҶТ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.