Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » СОҲИБКОРӢ - ФИШАНГИ РУШДИ ИҚТИСОДИЁТИ КИШВАР

СОҲИБКОРӢ - ФИШАНГИ РУШДИ ИҚТИСОДИЁТИ КИШВАР

20-01-2023, 17:32
Хабарро хонданд: 369 нафар
Назарҳо: 0
СОҲИБКОРӢ - ФИШАНГИ РУШДИ ИҚТИСОДИЁТИ КИШВАР

Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як дастоварди бузурге на танҳо дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии ҷомеа, инчунин дар соҳаи иқтисодиёт низ мебошад, ки барои ободиву шукуфоии кишвар равона гардидааст. Баъд аз ба даст овардани истиқлолияти комили миллӣ иқтисодиёти кишвар ба кулли тағйир карда, фаъолияти соҳибкорӣ ташаккул ёфт. Дар натиҷаи ислоҳоти иқтисодӣ нақши соҳибкорӣ дар ҷомеа, аз ҷумла барои таъмин намудани аҳолӣ бо ҷойи кор ва баландшавии сатҳи зиндагии аҳолӣ торафт афзоиш ёфта истодааст. Қайд кардан бамаврид аст, ки дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ яке аз омилҳои тараққиёти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат мебошад.
Ҳамзамон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар таъкид намуданд, ки “Беҳтар гардонидани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ ва ҷалби сармояи мустақим барои таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии мо ба ҳисоб меравад”. Ҳукумати мамлакат мунтазам барои фаъолияти самараноки соҳибкорӣ шароити мусоид фароҳам оварда, як қатор тадбирҳоро дар ин самт роҳандозӣ намудааст. Барои фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ беш аз 120 намуди имтиёзу сабукиҳои андозиву гумрукӣ пешниҳод шуда, шумораи сохторҳои бақайдгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ аз 4 ба 1 кам гардида, хизматрасонӣ дар ин самт ба таври ройгон ба роҳ монда шудааст.
Дар соли 2022 маблағи имтиёзҳои андозиву гумрукии истифодагардида зиёда аз 12 миллиард сомониро ташкил медиҳад. Аз ҷумла аз ҳисоби паст ва бекор кардани меъёрҳо 5 намуди андоз ва зиёда аз 1,5 миллиард сомонӣ ҳамчун дастгирӣ дар ихтиёри субъектҳои соҳибкорӣ боқӣ мемонад.
Дар натиҷа соли 2022 шумораи субъектҳои соҳибкорӣ ба 339 ҳазор расид, ки нисбат ба соли 2018 беш аз 76 ҳазор зиёд мебошад.
Дар қаламрави ҷумҳурӣ ҷиҳати дастрасии соҳибкорон ба воситаҳои пулию молӣ 62 адад ташкилоти қарзии молиявӣ фаъолият мекунад. Ҳамчунин тибқи маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, дар нимаи аввали соли 2022 барои соҳибкорон ба маблағи 4,2 млрд. сомонӣ қарз дода шуда, ҳамчунин 2,5 млрд сомонӣ қарз ба соҳибкорони истеҳсолӣ низ сафарбар гардидааст.
Таъсиси грантҳои президентӣ ба густариши фаъолияти соҳибкории занону бонувон мусоидат намуд ва онҳо дар баробари беҳтар сохтани шароити оилавии худ ҳоло дар рушди иқтисоди кишвар низ саҳми назаррас гузошта истодаанд.
Соли 2022 ба зиёда аз 600 ҳазор занону бонувон аз ҷониби муассисаҳои бонкӣ ба маблағи беш аз 3 миллиарду 400 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки нисбат ба соли 2018-ум 2,4 баробар зиёд мебошад.
Умуман, дар панҷ соли охир маблағи қарзи ба занону бонувон пешниҳодшуда 12,1 миллиард сомониро ташкил кардааст.
Рақамҳои зикршуда далели равшани фаъол будани занону бонувон дар рушди иқтисодиёти кишвар мебошад.
Қобили зикр аст, ки соҳибкорони мамлакат дар навбати худ дар раванди саноатикунонии босуръати кишвар, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, иншооти иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои кории нав ҳиссаи сазовор гузошта истодаанд. Дар ин раванд бовар дорем, ки чунин иқдомоти созанда аз ҷониби соҳибкорони ватандўст вусъати боз ҳам бештар пайдо мекунад. Танҳо дар панҷ соли охир дар ҷумҳурӣ аз ҷониби соҳибкорони мамлакат ба маблағи умумии беш аз 12 миллиард сомонӣ қариб 18 ҳазор иншооти таъиноти истеҳсоливу иҷтимоӣ сохта, ба истифода супорида шудааст.
Ҳамин тариқ, фаъолияти соҳибкорӣ дар даврони Истиқлолият мунтазам рушд ёфта, барои таъмин намудани пешрафти иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани иқтидории содиротии давлат замина мегузорад. Минбаъд амалӣ гардонидани низоми ягонаи энергетикӣ, пешниҳод гардидани имтиёзҳо ва фароҳам овардани шароити мусоид барои боз ҳам тараққӣ ёфтани ҳамаи бахшҳои хусусӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ мусоидат мекунад.
Наврўз Умарзода, вакили Маҷлиси вакилони
халқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе
аз ҳавзаи интихоботии №38

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: