Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » БО ПЕШВО БА ПЕШ!

БО ПЕШВО БА ПЕШ!

5-01-2023, 12:09
Хабарро хонданд: 228 нафар
Назарҳо: 0
БО ПЕШВО БА ПЕШ!
Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ дар соли 2023»
Бо Пешво ба ваҳдати комил расидаем,
Бо Пешво ба пеш равонем сарбаланд.


Ҳамасола бо ҳукми анъана ва суннати аҷдодӣ соҳиби ҷойгоҳи пурарзиши хеш қарор гирифтани Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷлиси оливу дар маркази таваҷҷуҳи тамоми мардуми мамлакат қарор гирифтааст. Паёми навбатӣ ки ба иборае, ҳисоботи давлат ва Ҳукумати кишвар аз уҳдадории бардӯшгирифтаашон дар назди мардуми саросари кишвар мебошад, маълуми мардум мегардад. Онгуна, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд: «Соли 2022 барои Тоҷикистони мо дар маҷмуъ, соли бобарор буд. Сарфи назар аз таҳаввулоти дар иқтисоди ҷаҳон идомадошта ва таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллии мо дар натиҷаи татбиқи самараноки ислоҳоти иқтисодӣ амалӣнамудани стратегияву барномаҳо ва тадбирҳои зидди буҳронӣ дар панҷ соли охир рушди иқтисодиётиТоҷикистон ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,3% таъмин гардида.Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ аз 71 миллиард ба 115 миллиард сомонӣ расид ва ба ҳар сари аҳолӣ1,5 баробар афзоиш ёфт. Ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ба соҳаи иҷтимоӣ аз 9,1 миллиард сомонии соли 2018 то 14,7 миллиард сомонӣ дар соли 2022 ё ба андозаи 62% зиёд гардид. Тавре ки борҳо зикр намудам, ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат мунтазам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми азизамон мебошад. Дар робита ба ин,Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки пешрафти устувори минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии кишварро нигоҳ дошта, соли 2023 суръати рушди иқтисодиро дар сатҳи на кам аз 8% таъмин намояд. Дар ин замина соли 2023 даромади умумии пулии аҳолӣ 15 % афзоиш ёфта, ба 100 миллиард сомонӣ баробар мегардад. Дар самти сиёсати пулию қарзӣ нигоҳ доштани устувории қурби пули миллӣ, баланд бардоштани қобилияти пардохти низоми бонкӣ, дар сатҳи пешбинишуда нигоҳдоштани таваррум, инчунин таъмин намудани фаъолияти самараноки низоми пардохтҳо аз ҷумлаи вазифаҳои муҳим боқӣ мемонад. Дар соли 2022 қурби пули миллӣ муътадил нигоҳ дошта шуда, сатҳи таваррум 4,2 фоизро ташкил намуд. Вале хавфҳои эҳтимолӣ водор месозад, ки дар ин ҷода тадбирҳои таъхирнопазир андешида шавад. Таъкид менамоям, ки масъалаи таъмини саривақтииталаботи иқтисодиёт ба маблағгузорӣ хусусан, қарздиҳӣ бояд ҳамеша дар меҳвари фаъолияти низоми молия қарор дода шавад. Зеро ҳар қадар аз ҷониби бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ ба аҳолӣ ва субъектҳои хоҷагидор қарзҳои дастрас зиёд пешниҳод карда шавад, суръати рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва сатҳи зиндагии аҳолӣ ҳамон қадар баланд мегардад». Аз ин гузориши ғамхорона ва ватанхоҳонаи Пешвои муаззами миллат бармеояд, ки давлат ва Ҳукумати кишвар зери роҳбарии ғамхоронаи Сарвари давлатдар ҳама ҳолат дастгири аҳли заҳмат ва деҳқонони асили кишвар мебошанд. Имтиёзҳои иқтисодие, ки аз тариқи андозҳои гумрукӣ ва андозҳои изофавии молҳо ба онҳо дода мешавад, имконият медиҳад,ки тиҷорати худро ривоҷу равнақ бахшида, саҳми хешро дар рушди иқтисоди кишвар гузоранд.
«Бо мақсади мусоидат ба рушди бахши молиявӣ зарур аст,ки аз 1 июли соли 2023 пардохти ҳамаи андозҳо ва боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ хизматрасониҳои коммуналӣ ва дигар намудҳои хизматрасонии давлатӣ пурра ба таври ғайринақдӣ бароҳ монда шавад. Вобаста ба ин, аз ҷониби Вазорати молия ва Бонки миллӣ ҷиҳати таъсисдодани махзани ягонаи маълумот доир ба суратҳисоби ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳо, тавсеаи инфрасохтори пардохти ғайринақдӣ ва ташкили равзанаи ягонаи пардохти тамоми хизматрасониҳои давлатӣ бояд тадбирҳои зарурии фаврӣ ва қатъӣ андешида шаванд.
Дар доираи сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат доир ба дастгирии фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ дар замони соҳибистиқлолӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида, дар ин самт барои соҳибкорон имтиёзу сабукиҳои зиёд ҷорӣ карда шуданд. То имрӯз ба онҳо 120 намуди имтиёзу сабукиҳои андозиву гумрукӣ пешниҳод шуда, шумораи сохторҳои бақайдгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ аз 4 ба 1 кам гардида, хизматрасонӣ дар ин самт ба таври ройгон монда шудааст. Дар соли 2022 маблағи имтиёзҳои андозиву гумрукии истифодагардида зиёда аз 12 мииллиард сомониро ташкил медиҳад. Аз ҷумла азҳисоби паст кардани меъёрҳои 5 намуди андоз зиёда аз 1,5 миллиард сомонӣ ҳамчун дастгирӣ дар ихтиёри субъектҳои соҳибкорӣ боқӣ мемонад». Ин ғамхории давлат ва Ҳукумати кишвар ба соҳибкорон фазои сармоягузориро дар кишвар мусоид намуда, соҳибкорони кишварро водор месозад, ки дар рушди бемайлони саноати кишвар бештару бештар сармоягузорӣ намоянд. Ҳамин аст, ки дар панҷ соли охир аз ҷониби соҳибкорони мамлакат ба маблағи умумии беш аз 12 миллиард сомонӣ қариб 18 ҳазор иншооти таъминоти истеҳсоливу иҷтимоӣ сохта ба истифода дода шудааст. Фазои иқтисодиву иҷтимоии сармоягузорӣ дар кишвар рӯз то рӯз рӯ ба беҳбудӣ ниҳода, соҳибкорони бонангу номуси кишвар дар рушди босуръати саноатикунонии кишвар саҳми хешро мегузоранд. Давлат ва Ҳукумати кишвар дар ҷавоб ба ин садоқати ватанхоҳонаи сармоягузорони мамлакат тасмим гирифтааст, ки онҳоро аз ҳама гуна имтиёзҳо, ки ба манфиати рушди истеҳсолоти ватанӣ равона гардидааст, баҳравар намояд. Онҳо низ дар ҷавоб ба ғамхориҳои давлат ва Ҳукумати кишвар қавл додаанд, ки кишварамонро худамон бо дасти худамон месозем ва ҳамин ғамхориву роҳнамоӣ ва дастгириву пуштибонии давлат ва Ҳукумати кишвар мебошад, ки сармоягузорони бонангу номуси Ватан дар Суғду Бадахшон, Хатлон ва Душанбе саҳми арзандаи хешро дар роҳи ободиву шукуфоии кишвари азизамон гузоштаву хоҳанд гузошт.Ҳамин иқдомҳои созандагии сармоядорони мамлакат заминаи эълон гардидани солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат»-ро ба миён овард.
Инчунин дар Паём дар бахшҳои саноат, энергетика, коммуникатсия ва бозсозиву таҷдиди роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ, саноати дорусозӣ, обёрии заминҳои бекорхобида, сайёҳӣ ва туризм, маориф, ҷавонон, оила ва дигар масъалаҳои муҳими ҳаёти имрӯзаи кишвар мавриди таҳлили ҷиддӣ қарор гирифт. Дар маҷмуъ, соли 2022 бо ҳама мушкилиҳои зиёди иқтисодии ҷаҳонӣ барои Тоҷикистон соли имтиҳонҳои ҷиддӣ буд. Мардуми шарифи Тоҷикистон соли 2022-юмро дар қатори дигар мардумони сайёра ҷамъбаст намуда, муҳимтар аз ҳама 14 декабри соли 2022 аз ҷониби Маҷмаи Созмони Милали Муттаҳид пешниҳоди панҷуми кишвари мо дар масоили об ва иқлим соли 2025-ро эълон намудани «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва 21 март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо» эълон гардидани он рӯзбоиси сарфарозии тамоми мардуми Тоҷикистон гардид.
Мувофиқи ин қатънома дар чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо таъсис ёфта, бахшида ба ин мавзуъ соли 2023 дар шаҳри Душанбе конфронси сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид баргузор хоҳад гашт. Ин иқдоми СММ боиси ифтихор ва сарфарозии тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонзери роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, ин панҷумин ташаббусиҷаҳонии кишвари мо дар масоили об ва иқлим дар сатҳи ҷаҳон мебошад.
Ҷумъахони ТЕМУРЗОДА

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: