Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Озмуни “Ихтироъкори наврас”

Озмуни “Ихтироъкори наврас”

8-01-2023, 23:25
Хабарро хонданд: 690 нафар
Назарҳо: 0
Озмуни “Ихтироъкори наврас”Ба таваҷҷуҳи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва литсею гимназияҳои ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе расонида мешавад, ки Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва литсею гимназияҳои ҳудуди ноҳия озмуни “Ихтироъкори наврас” – ро баргузор менамояд.
Озмуни мазкур дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва эълон гардидани солҳои 2022 – 2026 ҳамчун Солҳои рушди саноат дар мамлакат баргузор карда мешавад. Мақсади асосӣ аз баргузор намудани озмуни мазкур пеш аз ҳама, бедор намудани рӯҳияи илмиву ихтироъкорӣ ва навоварии наврасону ҷавонон ва бо ин васила пайдо намудани ҷавонони лаёқатманд ва ихтироъкору навовар мебошад.
ТАЛАБОТҲОИ ОЗМУН
Довталаб бояд хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ё литсею гиназияҳои ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ бошад.
Дар озмун довталабони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва довталабони литсею гимназияҳо ҷудогона холгузорӣ мегарданд.
Ихтирооти пешниҳоднамуда фарогири ҳалли мушкилотҳои глобалӣ, минтақави ва ҷумҳуриявӣ бошад.
ТАРТИБИ БАРГУЗОРИИ ОЗМУН
Озмун аз ду давр иборат буда, даври аввал дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва литсею гимназияҳои ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ то санаи 20 – уми январи соли 2023 баргузор карда шуда, як нафар ғолиби ҷойи якум ба даври дуюми озмун пешниҳод карда мешавад. Даври дуюми озмун бошад дар Муассисаи давлатии “Маркази кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе” санаи 25 – уми январ (барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ) ва 26 – уми январ (барои литсею гимназияҳо) баргузор карда мешавад.
ҚАДРДОНИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУН
Ғолибони озмуни “Ихтироъкори наврас” миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо тартиби зерин қадрдонӣ карда мешаванд:
---Ҷойи якум – диплом бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 700 сомонӣ
---Ҷойи дуюм – диплом бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ
---Ҷойи сеюм – диплом бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ
Ғолибони озмуни “Ихтироъкори наврас” миёни хонандагони литсею гимназияҳо бо тартиби зерин қадрдонӣ карда мешаванд:
---Ҷойи якум – диплом бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 700 сомонӣ
---Ҷойи дуюм – диплом бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ
---Ҷойи сеюм – диплом бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ
Маълумоти муфассал бо рақамҳои 221 – 08 – 31, 221 – 41 – 68, 209 – 18 – 21 – 21;
Email: hhdt.somoni@mail.ru; abdulkhayra@bk.ru
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: