Ғолибони озмуни вилоятии «Ҷавонон – рушди илм, завқи бадеӣ ва худшиносии миллӣ» муайян гардиданд30-05-2017, 10:50
Хабарро хонданд: 491 нафар
Назарҳо: 0
СУҒД. Дар Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд”-и маркази вилояти Суғд бахшида ба “Соли ҷавонон” озмуни вилоятии «Ҷавонон – рушди илм, завқи бадеӣ ва худшиносии миллӣ» баргузор гардид. Дар озмуни вилоятии «Ҷавонон – рушди илм, завқи бадеӣ ва худшиносии миллӣ», ки дар ду бахш миёни донишҷўён, магистрантон, аспирантон, докторантон ва муҳаққиқони ҷавон (то 30-сола) ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 8-11) аз рӯи шартҳои гуногун, аз ҷумла, “Омўзиши китобҳо ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон”, “Муаррифии асарҳои ноомўхтаи донишмандони тоҷик”, “Ҷавонони соҳибтаълиф”, “Ҳифзи ашъори Камоли Хуҷандӣ”, “Ҳифзи матнҳои адабӣ”, “Омўзиши асарҳои адабӣ” гузаронида шуд, 152 нафар довталабон иштирок намуданд. Тавре аз Муассисаи давлати “Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ” иттилоъ доданд, ҳайати ҳакамон ба донишу маҳорати иштирокчиёни озмун баҳогузорӣ намуда, ғолибонро муайян намуданд. Ҳамин тавр, дар номинатсияи “Омўзиши китобҳо ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон” ҷои аввалро магистранти курси 1 факултети филологияи тоҷики ДДХ Гулноза Абдуллоева ва ҷойҳои дуюму сеюмро Салимов Тоҳир ва Бобоҷонов Ғайратҷон соҳиб гардиданд. Мақомҳои ифтихорӣ дар номинатсияи “Муаррифии асарҳои ноомўхтаи донишмандони тоҷик” насиби Иззатбек Шехимов, Оқилбой Оқилов ва Юсупов Зоҳирҷон шуд. Дар номинатсияи “Ҳифзи ашъори Камоли Хуҷандӣ” Иморуддинов Сарфарозуддин, Олимова Шоира ва Султонова Малоҳат пирӯз дониста шуданд. Нўъмонҷон Неъматов, Сорбон Азизов ва Насимбек Қурбонзода мутаносибан ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми номинатсияи “Ҷавонони соҳибтаълиф”-ро ишғол намуданд. Дар бахши дуюми озмун, ки миёни хонандагони макотиби миёна баргузор шуд, ғолибон муайян гардиданд. Тоҳирова Марҳабо, Ашўрова Дилноза, Ҳамробоева Насиба, Аҳророва Муқаддас, Саидов Мирзоҳабиб, Мамадқулова Фарзона, Обидова Дилфуза, Боқиева Шодона ва Ҷабборова Нигина дар номинатсияҳои гуногуни озмуни мазкур соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Ба ғолибони озмун зимни баргузории чорабинии вилоятӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон мукофотпулиҳо дар ҳаҷми аз 500 то 3 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад. Иштирокчиёни фаъол низ бо мукофотпулиҳо ҳавасманд гардонида мешаванд. Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.