Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Фаъолони шабакаҳои иҷтимоии Давлати Кувайт аз мавзеъҳои назаррабои Тоҷикистон дидан намуданд

Фаъолони шабакаҳои иҷтимоии Давлати Кувайт аз мавзеъҳои назаррабои Тоҷикистон дидан намуданд

5-01-2023, 11:58
Хабарро хонданд: 420 нафар
Назарҳо: 0
Фаъолони шабакаҳои иҷтимоии Давлати Кувайт аз мавзеъҳои назаррабои Тоҷикистон дидан намудандКумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолони шабакаҳои иҷтимоии Давлати Кувайт, ки зимни ифтитоҳи хатсайри нахустин дар масири Ал-Кувайт – Душанбе – Ал-Кувайт ба мамлакати мо омаданд, барои боздид аз мавзеъҳои назаррабо саёҳати иттилоотӣ доир намуд.
Фаъолони шабакаҳои иҷтимоии Давлати Кувайт зимни мулоқот бо Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Тоҷиддин Ҷӯразода таассуроташонро аз мавзеъҳои сайёҳии мамлакат ва ширкатҳои сайёҳии ватанӣ рангину хотирмон баён доштанд.

Омӯзиш ва тарғиби зарфияти сайёҳии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои Кувайт аз ҳадафҳои асосии сафари ҳайати мазкур мебошад.

Зимни мулоқот намояндагони ширкатҳои сайёҳии ватанӣ барномаҳо ва хатсайрҳои ҷолиби худро барои ба роҳ мондани ҳамкории бештар муаррифӣ намуданд.

Тоҷиддин Ҷӯразода иброз намуд, ки Кумита бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ бо Кувайт дар самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла мубодилаи иттилоот доир ба рушди сайёҳӣ тавассути маводи нашрӣ, филмҳо, гузаронидани барномаҳои тарғиботӣ, ҳамоишу конфронсҳо, ташкили намоишгоҳҳо ва ба роҳ мондани ҳамкорӣ миёни ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ва ширкатҳои сайёҳии Кувайт тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Зикр гардид, ки бо мақсади муаррифии зарфияти сайёҳии мамлакат аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ пайваста барои намояндагони воситаҳои ахбори омма ва фаъолони шабакаҳои иҷтимоии кишварҳои хориҷӣ пресстурҳо ва инфотурҳо ташкил карда мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки 29 декабри соли 2022 дар масири Ал – Кувайт – Душанбе – Ал – Кувайт нахустин парвоз анҷом дод шуд. Ифтитоҳи парвозҳои мустақим миёни Тоҷикистон ва Давлати Кувайт рӯйдоди муҳим буда, барои ҷалби бештари сайёҳони ин минтақа ба кишвари мо хизмат менамояд.

Хатсайри нави ҳавоӣ бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Давлати Кувайт ба роҳ монда шуд.

Мавриди зикр аст, ки соли 2019 миёни Тоҷикистон ва Кувайт Барномаи ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ба имзо расида, ҳамкории судманд дар ин самт бомаром идома дорад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: