Тоҷикистон ва Гурҷистон ташкили хатсайрҳои сайёҳӣ ва бозомӯзии мутахассисонро ба роҳ мемонанд4-05-2021, 10:06
Хабарро хонданд: 100 нафар
Назарҳо: 0
![]() Ин дар ҳолест, ки вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ байни Тоҷикистон ва Гурҷистон дар мулоқоти Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода ва муовини Маъмурияти миллии туризми Гурҷистон Медея Ҷаниашвили, ки дар шакли маҷозӣ доир гардид, баррасӣ шуд. Дар ин хусус Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ додаст. Ҳамчун иқдоми аввал дар самти тақвияти ҳамкорӣ ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки мизи мудаввари маҷозӣ бо иштироки ассотсиатсияҳо ва ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Гурҷистон баргузор гардад. Мусоҳибон доир ба тақвияти муносибатҳо дар соҳаи сайёҳӣ ҷиҳати ташкили хатсайрҳои нав, бозомӯзии мутахассисон ва пахши маълумот оид ба имконияти сайёҳии ду кишвар тавассути воситаҳои ахбори омма гуфтугӯи судманд анҷом доданд. Зимни мулоқот инчунин тақвияти заминаи меъёрию ҳуқуқии танзимкунандаи ҳамкории тарафҳо муҳим арзёбӣ гардид. Дар мулоқоти роҳбарони мақомоти сайёҳии Тоҷикистон ва Гурҷистон Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Рустам Солиев низ иштирок намуд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.