Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Мусоҳиба бо мудири бахши хабарии телевизиони Давлати Кувайт Бандар Насир ал-Саидӣ

Мусоҳиба бо мудири бахши хабарии телевизиони Давлати Кувайт Бандар Насир ал-Саидӣ

17-05-2016, 11:52
Хабарро хонданд: 324 нафар
Назарҳо: 0
Мусоҳиба бо мудири бахши хабарии телевизиони Давлати Кувайт Бандар Насир ал-СаидӣДар доираи сафари расмӣ ба Давлати Кувайт Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мудири бахши хабарии телевизиони Давлати Кувайт Бандар Насир ал-Саидӣ мусоҳиба анҷом дод.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба суолҳои хабарнигорон оид ба самтҳои асосии сиёсати хориҷии Ҳукумати кишвар, густариши робитаҳо бо мамлакатҳои арабӣ, аз ҷумла Давлати Кувайт, натиҷаҳои мулоқотҳои расмии Сарони кишварҳо баҳри пешбурд ва таҳкими ҳамкорӣ, талошҳои муштараки Тоҷикистон ва Кувайт оид ба ҳалли қазияҳои минтақа ва ҷаҳон посухҳои мушаххас дод.

Фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ, мундариҷаи санадҳои ҳамкории имзошуда, нақши равобити иқтисодӣ ва тиҷоратӣ дар расидан ба манфиатҳои муштарак, дурнамои неки ҳамкорӣ дар бахшҳои ояндадори туризм, ҷалби сармояи Кувайт ба бахши хусусӣ, натиҷаҳои муносибатҳои 20 - солаи дипломатӣ ва дурнамои он низ аз мавзуъҳои мусоҳибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигори кувайтӣ буд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни посух ба суолҳо оид ба вазъи феълӣ ва дурнамои муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ бо Давлати Кувайт таъкид дошт, ки Тоҷикистон ва кишварҳои арабро анъанаҳои деринаи муносиботи нек ва равобити таърихӣ, ки аз тааллуқ доштан ба фазои ягонаи тамаддунӣ ва муштаракоти зиёди иҷтимоию фарҳангӣ бармеоянд, бо ҳам зич мепайванданд.

Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти таваҷҷуҳи роҳбарияти олии Давлати Кувайт ва доираи соҳибкорон ба густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ дурнамои онро ояндадор ва барои кишварҳо бобарор арзёбӣ кард.

Ба андешаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон самтҳои авлавиятноки ҳамкорӣ бо Давлати Кувайт - ташкили корхонаҳои муштараки саноатӣ, интиқоли оби нӯшокӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи гидроэнергетика, нафту газ, истихроҷу коркарди канданиҳои фоиданок, рушди ҳамкорӣ дар соҳаи бонк, андоз, сармоягузорӣ ва муносибот дар соҳаҳои илм, фарҳанг ва маориф метавонад бошад.

Мавриди зикр аст, ки ҷараёни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Кувайт, мулоқоту музокироти сатҳи олӣ, ки 15 май оғоз ёфт, дар васоити ахбори оммаи ин кишвари арабӣ, бахусус тавассути телевизион ва радио ба таври васеъ инъикос мегардад.
prezident.tj
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: