Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » РӮЙДОДҲОИ МУҲИМ АЗ ТАЪРИХИ ҲИЗБ

РӮЙДОДҲОИ МУҲИМ АЗ ТАЪРИХИ ҲИЗБ

30-11-2022, 11:42
Хабарро хонданд: 614 нафар
Назарҳо: 0
РӮЙДОДҲОИ МУҲИМ АЗ ТАЪРИХИ ҲИЗБАввалҳои соли 1993 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон идеяи таъсиси Ҳизби Халқии Тоҷикистон пешниҳод шуд (баъдтар Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон).
* * *
12 июни соли 1993 кумитаи тадорукоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон созмон ёфт.
* * *
10 декабри соли 1994 Анҷумани муассисони ҳизб дар бораи ташкилёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор қабул намуда, Оиннома ва Барномаи онро тасдиқ кард.
* * *
15 декабри соли 1994 Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро таҳти №199 номнавис намуд.
* * *
30 марти соли 1996 Анҷумани II Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид.
* * *
7 сентябри соли 1996 нахустин шумораи нашрияи ҳизб - «Минбари халқ» аз чоп баромад.
* * *
25 июни соли 1997 Анҷумани III номи Ҳизби Халқии Тоҷикистонро ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон табдил дод.
* * *
18 апрели соли 1998 Анҷумани IV ҲХДТ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон интихоб кард.
* * *
23 сентябри соли 1999 Анҷумани V ҲХДТ раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намуд.
* * *
25 декабри соли 1999 Анҷумани VI ҲХДТ номзадҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намуд.
* * *
22 сентябри соли 2001 Анҷумани VII стратегия ва тактикаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар марҳилаи нави тараққиёти ҷомеа- давраи бунёдкорӣ ва созандагӣ муайян сохт.
* * *
21 декабри соли 2001 маҷлиси КИМ ҲХДТ дар асоси маърӯзаи Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дигаргунсозиҳои куллӣ дар фаъолияти ҳизбӣ қарорҳои таърихӣ қабул намуд.
* * *
26 декабри соли 2003 маҷлиси КИМ ҲХДТ вазъи сиёсию иҷтимоии Тоҷикистон ва вазифаҳои навбатии ҲХДТ-ро дар марҳилаи нав баррасӣ кард.
* * *
22 октябри соли 2004 маҷлиси КИМ ҲХДТ баргузор шуд. Маҷлис суханронии Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бораи рафти тайёрии ташкилотҳои ҲХДТ ба итихоботи Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои вакилони халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон шунид. Оид ба чорабиниҳои КИМ ҲХДТ бахшида ба даҳумин солгарди ташкилёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва даъвати Анҷумани VIII ҲХДТ қарорҳои дахлдор қабул кард.
* * *
18 декабри соли 2004 вакилони Анҷумани VIII ҲХДТ Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро аз нав якдилона Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон интихоб намуданд. Анҷуман Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ-ро тасдиқ ва ба Оинномаи ҲХДТ тағйиру иловаҳо ворид кард.
* * *
21 декабри соли 2005 маҷлиси КИМ ҲХДТ маърӯзаи Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро «Дар бораи вазъи ҷамъиятию сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазифаҳои навбатии ташкилотҳои ҲХДТ» шунида, қарорҳои дахлдор қабул кард.
* * *
22 сентябри соли 2006 сомонаи расмии ҲХДТ- «Tribun.tj» ба фаъолият оғоз намуд. Баъдтар сомонаи мазкур номи «Hamsоfon.tj»-ро гирифт.
* * *
23 сентябри соли 2006 Анҷумани IX Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон баргузор гардид. Анҷуман дар бораи ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намудани номзадии Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якдилона қарор қабул кард.
* * *
11 майи соли 2007 дар ноҳияи Ҳисор семинарии умумиҷумҳуриявии ҲХДТ дар мавзӯи «Тадбиқи дастуру супоришҳои Сарвари ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асоси таҳкими сафҳои ҳизб ва баланд бардоштани нуфузи он дар ҷомеа» баргузор шуд.
* * *
2-3 майи соли 2008 дар шаҳри Душанбе машварати умумиҷумҳуриявии ҲХДТ доир шуд. Дар машварат қарор дар бораи «Ба сарпарастии маънавӣ гирифтани сохтмони НБО-и Роғун аз тарафи ҲХДТ» қабул гардид.
* * *
15 августи соли 2009 дар ноҳияи Рӯшон семинари умумиҷумҳуриявии ҲХДТ дар мавзӯи «Роҳу усулҳои муосири тақвияти фаъолияти ташкилотҳои ҲХДТ дар марҳилаи омодагӣ ба маъракаҳои итихоботӣ» баргузор шуд.
* * *
28 декабри соли 2009 ба муносибати 15-умин солгарди ташкилёбии ҲХДТ Анҷумани Х ҳизб доир шуд. Дар ин Анҷумани таърихӣ 1900 нафар вакил аз ташкилотҳои ҳизбӣ, роҳбарон ва намояндагони ҳизбҳои сиёсии кишварҳои дӯст, аз ҷумла «Единая Россия», «Оқ жол»-и Қирғизистон, «Нур Отан»-и Қазоқистон, «Ени Озарбойҷон» ва Ҳизби Коммунисти Чин ширкат варзиданд.
Дар Анҷуман ба вазифаи пуршарафи Раиси ҲХДТ аз нав Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоб гардиданд.
* * *
20 апрели соли 2011 Маҷлиси васеи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ доир шуд. Дар маҷлис Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод кард, ки Иттиҳодияи ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шавад.
* * *
27 июли соли 2011 Конференсияи якуми Иттиҳодияи ҷамъиятии ҷавонони ҲХДТ «Созандагони Ватан» доир гардид, ки дар он Оинномаи созмони номбурда тасдиқ ва аъзои Шурои марказии ТҶҶ ҲХДТ «Созандагони Ватан» интихоб шуданд.
* * *
5 октябри соли 2011 аввалин шуда дар ҷумҳурӣ аз ҷониби аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб сохта ба истифода дода шуд.

23 ноябри соли 2011 таҳти раёсати Раиси ҲХДТ, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷлиси васеи КИМ ҲХДТ баргузор гардид. Дар он ҳисоботи васеи Фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гурӯҳҳои вакилони ҲХДТ дар маҷлисҳои вакилони шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳои кишвар шунида шуд.
* * *
23 январи соли 2012 машғулиятҳои курси бозомӯзӣ барои раисони КИ ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру навоҳии мамлакат баргузор гардида, то 28 январ идома ёфт. Баъди анҷоми курси бозомӯзӣ дар Маҷлиси васеи Раёсати КИМ ҲХДТ ба иштирокчиёни он сертификат супурда шуд.
* * *
4 октябри соли 2013 Анҷумани XI ҲХДТ баргузор гардид. Вакилони Анҷумани ХI Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Сарвари давлат, номзади ягона ва арзандаи ҲХДТ, Эмомалӣ Раҳмонро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намуданд.
* * *
6 ноябри соли 2013 номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Иттифоқи Ҷавонони Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар маъракаи интихоботӣ ғолиб гардида, барои 7 соли оянда Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.
* * *
Рӯзҳои 12-15 майи соли 2014 бо ташаббуси Дастгоҳи КИМ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе курси бозомӯзии фаъолони ҳизбӣ баргузор гардид, ки дар он 72 нафар раисони комиҷроияҳои ҳизбии шаҳру навоҳӣ, ташкилотҳои ибтидоӣ, масъулини Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва намояндагони васоити ахбори умум ширкат доштанд.
* * *
18 сентябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон Маҷлиси навбатии Кумитаи Иҷроияи Марказӣ доир гардид, ки дар он, аз ҷумла омодагии ҳизбиён ба таҷлили санаи фархундаи 20-солагии таъсисёбии ҲХДТ ва тайёрӣ ба Анҷумани ХII ҲХДТ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
* * *
13 декабри соли 2014 дар шаҳри Душанбе Анҷумани ХII Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид. Дар кори Анҷуман раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1193 вакил, фаъолон, аъзои ташкилоти «Созандагони Ватан» ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд.
Анҷуман аъзои нави Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ иборат аз 79 нафар, аъзои Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказӣ иборат аз 15 нафар ва ҳайати Комиссияи марказии тафтишотии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро иборат аз 7 нафар тасдиқ кард.
Вакилони Анҷуман якдилона Эмомалӣ Раҳмонро аз нав Раиси ҲХДТ интихоб карданд.
Бо Қарори Анҷумани ХII ҲХДТ 28 нафар номзад, аз ҷумла 11 нафар зан ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ пешниҳод гардиданд.
* * *
4 декабри соли 2015 таҳти раёсати Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷлиси васеи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барпо гардид, ки дар он аъзои Кумитаи иҷроияи марказии ҳизб, аъзои Комиссияи марказии тафтишотии ҳизб, аъзои Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар парламент, роҳбарони як қатор кумитаҳои ҳизбии минтақаҳо, вазорату идораҳо, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, намояндагони васоити ахбори оммаи ҳизбӣ иштирок доштанд.
* * *
7 феврали соли 2019 Маҷлиси КИМ ҲХДТ баргузор шуд, ки дар он Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ карданд, ки дар он вазифаҳои нави ташкилотҳои ҳизбӣ баён гардид.
* * *
11 декабри соли 2019 шумораи 50 - уми ҳафтаномаи «Минбари халқ» дар соли 2019 бахшида ба 25 – мин солгарди таъсисёбии ҲХДТ аз чоп баромад.
* * *
13 декабри соли 2019 дар Кохи Борбади шаҳри Душанбе таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Анҷумани XIII Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он 1917 вакил иштирок карданд. Дар анҷуман ҳайати нави Кумитаи иҷроияи марказии ҳизб иборат аз 123 нафар, 27 аъзои раёсати КИМ ва ҳайати Комиссияи марказии тафтишотии ҲХДТ дар ҳайати 7 нафар тасдиқ шуданд.
* * *
18 декабри ҳамон сол ҳайати кормандони масъули КМ Ҳизби Коммунистии Хитой таҳти роҳбарии Сян Хуншан – муовини мудири шуъбаи байналмилалии КМ ҲКХ бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад.
Мулоқот бо муовини якуми Раиси ҲХДТ Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор ва дигар кормандони масъули ҳизбӣ, кумитаҳои иҷроия, ташкилотҳои ибтидоии шаҳри Душанбе ва ВАО-и ҳизбӣ ҷузъе аз барномаи боздиди ин ҳайат буд.
* * *
3 сентябри соли 2020 Анҷумани XIV ғайринавбати Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар кори он вакилон, аъзои раёсат, Кумитаи иҷроияи марказӣ, Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Парламент, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, роҳбарони идораҳои дахлдор, кормандони масъули дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказӣ, кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, намояндагони васоити ахбори оммаи ҳизбӣ, аъзои фаъоли ҳизб ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ширкат варзиданд.
Дар анҷуман Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ гардиданд.
* * *
10 сентябри соли 2020 бо дархости Ҳизби Коммунистии Чин мулоқоти онлайнии муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ бо муовини мудири шуъбаи муносибатҳои байналмилалии Дастгоҳи Марказии Ҳизби Коммунистии Чин ҷаноби Сян Хуншан баргузор гардид.
* * *
10 сентябри соли 2020 муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ бо ҳайати мушоҳидони байналмилалии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти сарварии ҳамоҳангсози гурӯҳ - раиси Кумитаи Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия оид ба сохторҳои федералӣ, сиёсати минтақавӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва корҳои Шимолӣ Олег Мелниченко мулоқот намуд.
* * *
25 июни соли 2021 дар пойтахти кишвар озмуни ҷумҳуриявии «Мо бо шумоем» ба таври бошукӯҳ ҷамъбаст гардид.
Ин иқдоми башардӯстонаи муҳим бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шуд. Фармоиши роҳбарияти ҳизб қариб се моҳ пеш имзо ва ҳамон вақт нақшаи тадбирҳо ҷиҳати иҷроиши барномаи баргузор намудани озмуни «Мо бо шумоем» ба тавсиб расид. Ин иқдом бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки зиёда аз 1087 кӯдаку навҷавонони бо имконоти маҳдуди ҷисмонӣ ва маъюбон наврасони бо имконоти маҳдуд ва маъюб баргузор гардид. Аз онҳо 34 нафар ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд. Ҳамаи иштирокчиёни фаъол аз доираи таваҷҷуҳ дур намонда, аз тарафи Кумитаи тадорукот бо диплом, туҳфаҳои хотиравӣ ва маблағҳои пулӣ қадрдонӣ шуданд.
* * *
9-10 декабри соли 2021 бо ибтикори КИМ ҲХДТ дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ин вилоят, бахшида ба 27-солагии Рӯзи таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ҳузури аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони сохторҳои ҲХДТ аз ВМКБ, Суғд, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе, олимону шоирон ва намояндагони ВАО ҳамоиши сиёсӣ фарҳангии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Ин чорабинии ҳизбӣ бо баргузории конференсияи “Нақши ҲХДТ дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ” дар Қасри фарҳанги ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик поён ёфт.
* * *
27 январи соли 2022 дар шаҳри Душанбе Маҷлиси Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид.
Рӯзномаи маҷлис фарогири масъалаҳои ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти ҲХДТ дар соли 2021 ва вазифаҳои аввалиндараҷаи сохторҳои ҳизбӣ дар марҳилаи минбаъда;
ворид намудани тағйирот ба ҳайати аъзои КИМ ҲХДТ ва раёсати он;
ворид намудани тағйиру иловаҳо ба низомномаҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон; тасдиқи сметаи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои соли 2022 ва тасдиқи Накшаи кории Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои нимсолаи якуми соли 2022 буд.
* * *
9 апрели соли 2022 дар шаҳри Душанбе маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор шуд, ки масъалаҳои вобаста ба таҳким ва тавсиаи фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
1 апрели соли равон дар дастгоҳи КИМ ҲХДТ мулоқоти муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Тзи Шумин баргузор гардид. Дар вохӯрӣ муовини Раиси ҳизб Хайринисо Юсуфӣ ва роҳбари Маркази матбуот ва таҳлилии дастгоҳи КИМ ҲХДТ Илҳомҷон Ҳамидиён низ иштирок намуданд.
Абдуҷаббор Азизӣ ташрифи сафир Тзи Шуминро хуш пазируфта, номбурдаро ба муносибати ба ин вазифа таъин гардиданаш табрик гуфт ва дар татбиқи рисолати дипломатиаш дар Тоҷикистон барор орзу намуд.
* * *
14 апрели соли 2022 муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор дар Форуми сеюми ҳизбҳои сиёсии Осиёи Миёна ва Ҳизби коммунистии Чин дар мавзӯи “Пайгирона ҳаракат намудан ба сӯйи рушд бо хусусиятҳои худ: вазифа ва масъулияти сиёсӣ” иштирок ва бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуд.
Форуми мазкур бо ибтикори шуъбаи муносибатҳои байналхалқии Ҳизби коммунистии Чин ба таври онлайн ва бо иштироки васеи ҳизбҳои сиёсии минтақа ба ифтихори 30-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Мардумии Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ доир гардид.
* * *
5 майи соли равон Конференсияи илмӣ- назариявӣ таҳти унвони “Пешвои миллат - ташаббускори ҳадафҳои ҷаҳонии рушди устувор дар соҳаи об» баргузор гардид.
Конференсия мазкур бо иштироки роҳбарияти Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, намояндагони Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандону масъулини сохторҳои ҳизбии шаҳри Душанбе, раисони кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии пойтахт, вакилони маҷлиси вакилони халқи шаҳриву ноҳиявӣ, олимону муҳаққиқон, коршиносону мутахассисон ва намояндагони васитаҳои ахбори омма доир шуд.
* * *
Моҳи июни соли ҷорӣ дар доираи ҳамкориҳо миёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби умумироссиягии «Единая Россия» муовини якуми Раиси ҳизб Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор бо муовини раиси кумитаи Думаи давлатии Маҷлиси Федеролии Федератсияи Россия оид ба ИДМ, ҳамгироии авруосиёӣ ва иртибот бо ҳамватанон, узви шӯрои генералии ҳизби «Единая Россия» Артём Туров мулоқот намуд. Дар ҷараёни вохӯрӣ ба сатҳи шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия баҳои муносиб дода шуд. Иброз гардид, ки ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи илм, маориф, фарҳанг ва технологияҳои инноватсионӣ босамар тавсеа меёбанд. Тарғиби фарҳанг, забон ва дигар арзишҳои маънавии халқҳои Тоҷикистон ва Россия дар муносибатҳои дуҷониба мақоми хоса доранд.
* * *
4 ноябри соли равон дар Муассисаи давлатии Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ҳамоиши ҷумҳуриявии Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «30 соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат» бо шукӯҳу шаҳомат баргузор гардид.
Дар ҳамоиш роҳбарони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳияҳои шаҳри Душанбе, як қатор раисони кумита ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштирокчиёни Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ, собиқадорони ҳизб, кормандони Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб ва сохторҳои шаҳрӣ, раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизб аз шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ва дигар фаъолон бо шиору овезаҳои ҷашнӣ иштирок намуданд.
* * *
2 ноябри соли 2022 дар Дастгоҳи КИМ ҲХДТ мулоқоти муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор бо роҳбари намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) дар Тоҷикистон, ҷаноби Такасака Мунео баргузор гардид.
Абдуҷаббор Азизӣ ҳузури Такасака Мунеоро хуш пазируфта, суханро аз 30-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопон оғоз намуд. Дар ҷараёни вохӯрӣ, ки дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт, ба сатҳи шарикии ҳамаҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопон баҳои баланд дода шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: