Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ зимни нишасти хабарӣ ба хабарнигорон изҳор дошт, ки Маркази омӯзиши «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.02.2020, № 1463 ҳамчун ян ниҳоди нав дар сохтори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, ҳамчун воҳиди сохтории Академияи функсияҳои таҳқиқотӣ, тадқиқӣ марҳилаҳо, шароити сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва шакл гирифтану ба вуҷуд омадани мактаби давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро иҷро менамояд.
- Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби марказ дар асоси нақшаи корҳои илмӣ-тадқиқотии академия ва нақшаи кории марказ 1 Конференсияи байналмилалӣ, 1-форум, 2-ҳамоиши илмӣ, 3 мизи мудаввар, 4 дарси кушод ва 2 семинар баргузор карда шудааст. Дар ин давра, 29 мақолаҳои илмию назариявӣ ва тезисҳои кормандони марказ дар конференсияҳои байналмилалию ҷумҳуриявӣ, маҷаллаҳои илмии кишвар, ҳамчунин, дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуда ё барои чоп супорида шудаанд,-гуфт Ғафурзода.
Қурбон АҲМАДЗОДА