Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки дар доираи баргузории корҳои илмию тадқиқотӣ кормандони марказ 199 гузориши таҳлилӣ, иттилоотию таҳлилиро ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳои давлатӣ пешниҳод намуданд, ки онҳо ба омӯзиши масъалаҳои рӯзмарра ва ҳалли мушкилоти амалии ҷумҳурӣ равона шуда буданд.
- Маркази тадқиқоти стратегӣ дар айни замон бо марказҳои таҳлилии Русия, Қазоқистон, Чин, Афғонистон, Ҳиндустон, Эрон ва марказҳои стратегии Узбекистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Туркия, Латвия, Литва ва Полша ҳамкории самарабахш ба роҳ мондааст, - гуфт Х. Усмонзода.
Инчунин, гуфта шуд, ки Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Маркази таҳлилии СААД, узви Форуми СҲШ ва яке аз муассисони Академияи САҲА дар шаҳри Бишкек буда, дар доираи ин дар шаш моҳи соли равон Конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалиро дар мавзӯи «Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ: вазъ ва дурнамои таъсирпазирӣ», семинар дар мавзӯи «Вазъ ва дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии ВМКБ», семинари маҷозӣ дар мавзӯи «Миллати ҳушманд: стратегияу имконият ва идоракунии амнияти кибернетикӣ», ҳамоишҳо доир ба «Раванди ташаккули «буҳрони Афғонистон» ва таъсири эҳтимолии он ба фазои сиёсии минтақаи Осиёи Марказӣ: нигоҳ аз Тоҷикистон», «Ҳукумати «Толибон» ва тағйири геополитикаи Осиёи Марказӣ», «Такмили истеҳсолоти саноатии минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор намуд, ки зимни онҳо масъалаҳои муҳим мавриди таҳлилу баррасии коршиносон қарор гирифтанд.
Қурбон АҲМАДЗОДА