Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » 11 САНАДИ ҲАМКОРӢ БО ДАВЛАҲОИ ХОРИҶА

11 САНАДИ ҲАМКОРӢ БО ДАВЛАҲОИ ХОРИҶА

11-08-2022, 13:41
Хабарро хонданд: 744 нафар
Назарҳо: 0
11 САНАДИ ҲАМКОРӢ БО ДАВЛАҲОИ ХОРИҶА
Ҷамшед Ҷумъахонзода-раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки дар шаш моҳи соли равон ба ташкил ва баргузории 18 намоишгоҳи дохилӣ ва хориҷӣ мусоидат намуда, иштироки аъзои худ ва соҳибкорони ватаниро дар кори онҳо таъмин намудааст.
Ба гуфтаи ӯ, Палатаи савдо ва саноат иштироки аъзои худ ва соҳибкорони ватаниро дар Намоишгоҳи ҷаҳонии “Экспо 2020” дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб (аз 1 октябри соли 2021 то 31 марти соли 2022), дар Намоишгоҳи 15-уми байналмилалии саноати пластикии «Iran Plast» дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон, дар Намоишгоҳи 29-уми байналмилалии озуқаворӣ, нӯшокӣ ва ашёи хом барои истеҳсоли онҳо –“ ПродЭкспо – 2022” дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия, дар Намоишгоҳи байналмилалии риштаи Истанбул-2022 дар шаҳри Истанбули Ҷумҳурии Туркия, дар Намоишгоҳи 18–уми байналмилалии соҳаи кишоварзӣ “Konya Agriculture-2022” дар шаҳри Қунияи Туркия, дар Намоишгоҳи 21-уми байналмилалии «UzFood-2022» дар Ҷумҳурии Узбекистон, дар Намоишгоҳи байналмилалии саноатии “Иннопром Центральная Азия”, дар Намоишгоҳи 4-уми байналмилалии саноати бофандагӣ ва мӯди Узбекистон – “UzTextile Expo Весна 2022» дар шаҳри Тошканд ва дар Ярмаркаи байналмилалии савдо “Суғд-2022” (17-18 июни соли 2022) ва ғайра таъмин намудааст.
- Палатаи марказӣ ва палатаҳои минтақавӣ бо мақсади густариш додани ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва танзими ҳуқуқии ҳамкории байнипалатавӣ бо палатаҳои савдо ва саноати Ҷумҳурии Арабии Миср, Ҷумҳурии Узбекистон, Ҷумҳурии Корея, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Қазоқистон ва ғайра 11 санади ҳамкорӣ ба имзо расониданд, - гуфт Ҷумъахонзода.
Ба иттилои раиси ниҳоди мазкур, дар давлатҳои хориҷии дуру наздик намояндаҳои палата ба 11 нафар расонида шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4 нафар зиёд мебошанд. Ин намояндаҳо ба рушди робитаҳои мутақобилаи иқтисодӣ ва тиҷоратӣ миёни ин давлатҳо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамоянд.
Қурбон АҲМАДЗОДА
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: