Намоишгоҳи “Expo” майдони муаррифии дастовардҳо23-07-2019, 10:33
Хабарро хонданд: 346 нафар
Назарҳо: 0
Аз гӯшаи Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии «EXPO-2019 BEIJING», ки 29 апрели соли равон оғоз ёфт, то имрӯз беш аз 1 миллион нафар боздид намудаанд»,- гуфт раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода зимни нишасти матбуотӣ.
Ногуфта намонад, ки гӯшаи Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии боғдории «EXPO 2019» таҳти шиори «Боғдорӣ дар руши деҳот» фаъолият дошта, ба ҳайси яке аз сербинандатарин гӯшаҳо ба қайд гирифта шудааст. Аз гӯшаи Тоҷикистон дар ин намоишгоҳ асосан шаҳрвандони Чин ва кишварҳои хориҷӣ, сайёҳон, ҳамзамон шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон- донишҷӯён, нафароне, ки дар сафари хидматӣ дар Чин қарор доранд, боздид намуда, бо таърих, фарҳанги миллии тоҷикон, иқтидори захираҳои бои обию энергетикӣ, сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва рушди санъати боғдорӣ дар Тоҷикистон шинос мегарданд. Ҷамшед Ҷумъахонзода зикр кард, ки алҳол Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳои марбутаи мамлакат барои дар сатҳи баланд гузаронидани Рӯзи миллии Тоҷикистон, ки охири моҳи август дар доираи Намоишгоҳи байналмилалии боғдорӣ «EXPO 2019 Beijing» доир мегардад, омодадгииҷиддӣ мебинад. Ҳамчунин муаррифии фарҳанги миллии мо дар Рӯзи миллии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст. Баргузории намоишгоҳи байналмилалии «EXPO» майони фароху бузурге барои муаррифии дастовардҳоиҳар як давлат аст, ки ба баланд боло рафтани нуфузи онҳо дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат мекунад ва Тоҷикистон низ аз зумраи чунин давлатҳост,- таъкид кард, раиси Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ. Гулҳаёи Мадимар |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.