Ҳайати ҲХДТ дар Форуми ҳизбҳои сиёсии кишварҳои СҲШ дар шаҳри Шинҷони Чин иштирок намуд29-05-2018, 11:56
Хабарро хонданд: 18849 нафар
Назарҳо: 270
ДУШАНБЕ, /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Раиси ҳизб Раъно Бобоҷониён дар аввалин Форуми ҳизбҳои сиёсии кишварҳои Созмони Ҳамкории Шанхай, ки 26 майи соли равон дар шаҳри Шинҷони Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, иштирок намуд. Раъно Бобоҷониён зимни маърӯзаи хеш дар ин ҳамоиш зикр кард, ки ҲХДТ ҳамчун ҳизби пешоҳанг дар пешбурди ҷомеаи навини Тоҷикистон нақши муассир дорад. Ӯ ҳамоиши аввалин ҳизбҳои сиёсии кишварҳои Созмони Ҳамкории Шанхайро дар фаъолияти ин созмон муҳим арзёби кард, зеро ин ҳамкориҳо барои таҳкими сулҳу субот ва ҳифзи амният дар минтақа ва қаламрави кишварҳои узви ин созмон мусоидат мекунад. Пешниҳоди Раъно Бобоҷониён дар бораи он ки ҳамоиши бонувони ҳизбҳои сиёсии кишварҳои СҲШ баргузор гардад, аз ҷониби ташкилкунандагони чорабинӣ ва намояндагони аҳзоби сиёсӣ бо камоли майл пазируфта шуд. Дар Форум зиёда аз 200 нафар намояндагони беш аз 30 ҳизби сиёсӣ аз 18 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла кишварҳои узви СҲШ ва кишварҳои нозири он ҳузур доштанд. Бояд гуфт, ки аз Тоҷикистон дар кори Форум ду нафар намояндаи Ҳизби Коммунистӣ низ дар баробари ҳайати ҲХДТ даъват шудаанд. Алӣ ҶӮРА, аз шаҳри Шинҷони Ҷумҳурии Мардумии Чин махсус барои АМИТ «Ховар» |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.