ВЙЕТНАМ: ДАҲ СОЛИ ДАҲШАТ1-08-2022, 13:13
Хабарро хонданд: 13241 нафар
Назарҳо: 72
Моҳи августи соли 1964 дар халиҷи Тонкин моҷарои ҳарбие сар зад, ки барои оѓози амалиёти ҳарбӣ аз ҷониби Амрико алайҳи Вйетнами Шимолӣ сабаб гардид. Он зиёда аз 10 сол давом кард ва куштаву маҷруҳшудагони зиёдеро ба бор гузошт.
«Ҳариф буд, ӯ ном, ҳатто якчанд номҳо дошт. Вобаста ба табъи инструктори навбатии омодагии ҳарбӣ ӯро «вйетконговӣ», ё «Чарли», ё «ҷин», ё «Гун» ва ё «чашмтанг» меномиданд. Ҳарифро бояд ҳурмат кард, аз ӯ тарс дошт, чунки ӯ корашро хуб медонад ва дар замини худ меҷангад. Аз ҳама асосиаш-барои он, ки ӯ ҳаёти худро муқобили ҳаёти мо мемонад, новобаста аз бартарии ҳарбии мо». Ҷованитти Лен, «Дорандаи Ордени Шараф». Рӯзи 4 август дар халиҷи Тонкин тӯфон бархост. Фармондеҳи флоти уқёнуси Ором Грант Шарп хабар дод, ки ду кишти (катер)-и ҳарбии амрикоӣ-«Maddox» ва «Turner Joy» аз ҷониби киштиҳои номаълум, аммо ба гумони ѓолиб катерҳои ҳарбии Вйетнами Шимолӣ ҳадафи ҳамла қарор гирифтанд. Ҷониби катерҳои амрикоӣ 22 торпеда равон карда шуд, ки онҳо бо ҳаракатҳои тактикӣ хостанд канораҷӯӣ кунанд ва оташи ҷавобӣ кушоданд. Ба Вашингтон, ки он ҷо ҳанӯз субҳи содиқ буд, хабари «ҳуҷуми беасос ба киштиҳои ИМА» расонида шуд. Президент Линдон Ҷонсон дастур дод, ки рӯзи дигар амалиёти «Тири ҳадафрас» гузаронида шавад, ки дар натиҷаи он қисми зиёди киштиҳои вйетнамӣ нобуд карда шуд. Бисёр аз мутахассисон бовар ба он доранд, ки 4 август ягон катерҳои вйетнамӣ ё дигар назди киштиҳои ҳарбии амрикоӣ набуданд, яъне маълумот оид ба моҷарои Тонкин сохта буданд. Соли 1995 Агентии бехатарии миллии ИМА ҳуҷҷатҳоеро ифшо намуд, ки ин фарзияро тасдиқ мекунанд. Аммо дар ин маврид баҳсҳо зиёд ҳастанд. Ду Вйетнам Соли 1945, баъд аз таслимшавии Ҷопон, кишвари хурди осиёӣ истиқлолияти худро эълон дошт-ҳамин тариқ, Ҷумҳурии Демократии Вйетнам рӯйи кор омад. Қудрат дар мамлакат ба дасти доҳии коммунистон Хо Ши Мин афтод, ки бунёдан вазъи геополитикии минтақаро таѓйир медод. Аммо аврупоиён, пеш аз ҳама фаронсавиҳо, мустамликаҳои худро канор гузоштан намехостанд ва хеле зуд ҷанги нави хунин сар зад. Вйетнам он замон ҳолати гӯшношуниди болоравии рӯҳияи миллиро аз сар мегузаронид ва фаронсавиҳо дучори муқобилияти сахт шуданд… Бо ташаббуси Иттиҳоди Шӯравӣ охири моҳи апрели соли 1954 дар шаҳри Женеваи Суисс (Швейтсария) баимзорасии ҳуҷҷати эътирофи мустақилияти Лаос, Вйетнам ва Камбоҷа, ҳамчунин барқарор кардани сулҳ дар минтақа сурат гирифт. Дар натиҷа, дар Вйетнам ду ташкилоти давлатӣ рӯйи кор омад, ки сарҳадҳои шартӣ онҳоро ҷудо мекард: Вйетнами Шимолӣ бо сарварии Хо Ши Мин ва Ҷанубӣ таҳти роҳбарии Нго Дин Зйем. Агар Хо Ши Мин сарвари ҳақиқӣ бо доштани обрӯи воқеӣ миёни аҳолӣ буд, пас Зйем лӯхтаки муқаррарии Ѓарбро мемонд. Хеле зуд ӯ ҳатто ҳамон қадре обрӯи доштаашро миёни аҳолӣ аз даст дод ва дар ҳудуди Вйетнами Ҷанубӣ ҷанги партизанӣ сар зад. Санади Женева, ки интихоботи демократиро дар назар дошт, барои аврупоиҳо муфид набуд, чун маълум мешуд, ки ѓалабаи Хо Ши Мин ногузир аст. Аз сабабе, ки раванди муттаҳишавии сулҳомез ба бунбаст дучор гардид, соли 1959 роҳбарияти Вйетнами Шимолӣ қарор дод шӯриши коммунистони маҳаллии Ҷанубро дастгирӣ кунад. Натиҷаи ин ҷанги Вйетнам гардид. Ба ҳудуди Вйетнами Ҷанубӣ пинҳонӣ қисмҳои ҷангии артиши Шимол даромаданро оѓоз карданд. Хеле зуд ба муноқиша Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ворид шуданд, аммо фатҳи қарибулвуқӯъи кишвар рух надод… «Тамоми умед ба мо» Соли аввали ҷанг ба вйетнамиҳои Шимол муяссар гардид, ки тайёраҳои ҳарбии зиёди амрикоиҳоро маҳв кунанд. Ба ин МиГ-ҳои шӯравӣ ва комплексҳои зиддиҳавоӣ кумак расониданд. Ин комплекҳоро, ки тавассути онҳо қисми зиёди тайёраҳои ҷангӣ нобуд карда шуданд, ошкор кардан душвор буд, чунки онҳо дар дохили ҷангалҳои серанбӯҳи тропикӣ пинҳон карда шуда буданд. Ѓайр аз ин, хадамоти кашшофӣ (разведка) хуб кор мекард, ки пешакӣ аз парвозҳои авиатсияи ҷангии душман хабар медод. Аз оѓози ҷанг назди роҳбарияти ҶДВ вазифаи муҳим меистод-бо ҳар роҳу восита ба он иттифоқчиёни бузургаш, Иттиҳоди Шӯравӣ ва Чин кашида шаванд. Чун дар ҷанги Корея солҳои 1950-53, қувваи ягонае, ки дар ҳолати зарурӣ метавонист кумаки бевосита расонад, Ҷумҳурии Мардумии Чин буд. Ва Чин ваъдаи қатъӣ дод, ки ҷангиёнашро мефиристад, агар низомиёни амрикоӣ амалиёти хушкигардро оѓоз кунанд. Ин ваъдаи шифоҳӣ аз ҷониби Пекин асосан иҷро гардид. Аммо вйетнамиҳое, ки таърихан ба Чин ҳисси нобоварӣ доштанд, «орзу»-и зиёди дидани сарбозони чиниро дар ҳудуди хеш дар дил намепарвариданд: «агар инҳо биёянд, бозпас нахоҳанд рафт». Тӯли таърих вйетнамиҳо борҳо мавриди таҷовузи ҳамсояи бузурги шимолиашон қарор гирифта буданд. Сарварони Вйетнами Шимолӣ кӯшиш доштанд кор то ширкати бевоситаи «ихтиёриён»-и чинӣ нарасад. Маҳз барои ҳамин муҳим буд иштироки васеи Иттиҳоди Шӯравӣ дар ин моҷаро. Аммо муҳимтар он буд, ки танҳо ИҶШС метавонист силоҳи муосир диҳад, ки Чин чунинро надошт. Пеш аз ҳама вйетнамиҳоро комплексҳои зиддиҳавоӣ ҷалб мекарданд. Ҳамаи ин дар назар дошт, ки ба кишвар низомиёни шӯравӣ хоҳанд омад-дар Вйетнам мутахассисони чунин сатҳ набуданд. Таваҷҷуҳи Брежнев Аммо вазъ зуд таѓйир ёфт. Леонид Брежнев, ки моҳи октябри соли 1964 Хрушевро дар маснади роҳбирии Шӯравӣ иваз кард, қарор дод ба муноқиша ҳамроҳ шавад. Моҷарои идеологӣ бо Чин, муносиботи на он қадар хуб бо Кубаи кастроӣ, ки аз сарвари пешин «ба мерос» монда буд ва асабоният дар гуфтушунидҳо бо Ҷумҳурии Демократии Вйетнам хавфи пароканда шудани блоки коммунистӣ дар ҷаҳонро ба бор меовард. Михаил Суслов, ки таъсираш зиёд шуда буд ва идеологи асосии режими шӯравӣ гардид, талаб мекард, ки дар Ҳиндухитой фаъол бошанд, чун Чин метавонист ҳамчун ягона «муҳофизи халқи Вйетнам» обрӯву нуфузашро зиёд кунад. Дар ин ҷо тактикаи бошуур, ки вйетнамиҳо дар гуфтушунидҳои Москва ба кор бурданд, нақши худро бозид. Сарвазири зираки ҶДВ Фам Ван Донг, ки қариб чаҳоряк қарн ҳукуматро назорат мекард ва медонист, ки аз охири солҳои 50-ум Брежнев куратори комплекси ҳарбӣ-саноатӣ буд, ба ӯ пешниҳоде кард, ки Леонид Илйич наметавонист аз он даст кашад: бар ивази кумаки ҳарбӣ Иттиҳоди Шӯравӣ метавонист намудаҳои ѓаниматии техникаи навтарини амрикоиро соҳиб шавад. Ин тактикаи пурсамари гуфтушунид буд ва моҳи маи соли 1965 қӯисмҳои зенитӣ-мушакии шӯравӣ бо ҳайати шахсӣ равон карда шуданд, ки аллакай 5 август аввалин тайёраҳои ҷангии амрикоиро зада афтониданд. Намунаҳои силоҳи муосири душманро бояд гурӯҳи махсус ҷамъоварӣ ва таҳти омӯзиш қарор медод. Нобовариро натавон нест кард… Кумаки ҳарбӣ-техникӣ ба Вйетнам мисолии сел равон шуд. Вале хеле зуд маълум гардид, ки вйетнамиҳо бо кумак ва кумакрасонҳо аҷиб рафтор мекунанд. Аллакай моҳи июли соли 1966 Вазорати флоти баҳрии ИҶШС Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Иттиҳоди Шӯравиро хабардор кард, ки таҷҳизоти саноатии расонидашударо аз ҳудуди бандари Хайфон берун намебароранд ва он дар иқлими тропикӣ зуд пӯсида, ба оҳанпора мубаддал мешавад. «Зиёда аз ин, «дӯстони вйетнамӣ» фикр мекунанд, ки амрикоиҳо бо шӯравӣ муносибашонро вайрон намекунанд ва комплексҳои зенитиро, ки зери ҳамлаи қувваҳои ҳавоӣ ва ҳарбӣ-баҳрии ИМА қарор мегиранд, рӯ ба рӯи киштиҳои шӯравӣ мондаанд, ки ин ба худи киштиҳо ва ҳайати шахсӣ хатари ҷиддӣ дорад»-гуфта мешуд дар гузориш. Дигар намунаҳои «бародарии ҷангӣ» ҳам буданд. Шӯравиҳоро дар ҳама ҷо бо табассум ва бо «эҳсоси гармӣ» қабул мекарданд, аамо ин рӯякӣ буд-дар он ҷойҳое, ки ҳукуматдорони маҳаллӣ иҷозат медоданд онҳо бошанд, чунин истиқбол буд. Аз дигар тараф, низомиёни шӯравиро бо дӯстони вйетнамиашон «девори ѓафс» ҷудо мекард-тамоми алоқаҳо аз ҷониби хадамоти бехатарии Вйетнами Шимолӣ назорат карда мешуданд, аз рӯйи принсипи «чӣ қадар кам бошад, ҳамон қадар хуб аст». Махсусан онҳо шӯравиёнро аз ҷамъоварии маълумот дур медоштанд: «Мо пойгоҳҳоеро, ки аз ҷониби мушакҳои зиддилокатсионии амрикоии Shrike нобуд шуда буданд, акс мегирифтем, ба ёд меорад мушовири ҳарбии шӯравӣ Ионас Волунгис,-нишондодҳои нобудкунандаи ин мушакҳоро меомӯхтем. Аммо вйетнамиҳо монеи кори мо мешуданд, плёнкаҳоро аз дастамон мегирифтанд. Бо баҳонаи «ҳифзи ҷони мо» аз мавқеи ҷангӣ дур мебурданд, намемонданд, ки тактикаи амалиёти авиатсияи ҳарифро омӯзем». Чуноне баъдтар маълум гашт, сабаби аслии маҳдудкунии фаъолияти мутахассисони шуравӣ на «ношукрии» вйетнамиҳо, балки мураккабии вазъи сиёсие буд, ки роҳбарияти ҶДВ дар он қарор дошт. Низомиёни чинӣ дар шимоли кишвар, чуноне ки Ханой аз он хавф дошт, на танҳо кумак, балки воситаи фишороварӣ шуданд. Бе ёрии ѓизоии чинӣ Вйетнами Шимолии нимгуруснаро хавфи гуруснагии мутлақ пешорӯ буд, чун Чин нисфи зиёди маҳсулоти ѓизоиро, ки тавассути «кумаки бародарона»-и блоки коммунистӣ ба ҶБВ меомад, таъмин мекард. Дар натиҷа Ханой маҷбур буд миёни Москва ва Пекин печ хӯрад. Ҷанги Вйетнам барои иштирокдорони он санҷиши мудҳиш гардид. Тӯли солиёни ин муноқиша амрикоиёне, ки ҳалок ва беному нишон шуданд, 58 ҳазор ва шумораи захмиён 303 ҳазорро ташкил дод. Шумораи собиқадороне, ки баъд аз ҷанг даст ба худкушӣ заданд, ба 100-150 ҳазор мерасад (яъне, зиёд аз кушташудагон дар ҷанг). Дар ин ҷанг аз ду ҷониб бераҳмӣ зоҳир карда мешуд, он бо фоҷиаи деҳаи Сонгми, истифода бурдани газҳои зарин, иприт ва бомбаҳои кассетӣ, ки миёни аҳолии осоишта қурбониҳои зиёдеро овард, хушунату кинаҷӯиҳо аз ҷониби «вйетконговиҳо»-коммунистони вйетнамӣ нисбати ҳаммиллатонашон, ки таҳти султаи ѓарбгарои Сайгон буданд, абадӣ нақш хоҳад баст. Ҷанги Вйетнам боист шуд, ки дар Амрико ҳаракати «хиппи»-ҷавонони эътирозгар, ки бар зидди анъаноти қабулшуда ва аз ҷумла ин ҷанг баромад мекарданд, рӯйи кор ояд. Мавҷи эътирози сокинон («марши миллионҳо») алайҳи ҷанг сурат гирифт, ки дар натиҷа ҳукуматдоронро маҷбур кард ба он хотима диҳанд… Ҳангоми сафаре, ки ман ба Амрико соли 2018 доштам, чунин тавр шуд, ки мавзӯи Вйетнам ҳам маро думболагир буд. Нахуст ман аз ёдгории ҷангҳое, ки садаи 20 Амрико иштирокчияшон буд, аз ҷумла муҷассамаи ҷанги Вйетнам дар Вашингтон дидан кардам. Баъдан, замоне ки муддате дар Лос-Анҷелес ба сар бурдам, ронандаи мо То-Тои ҷавон, аз насли сеюми вйетнамиҳои муҳоҷир дар Амрико буд. Ӯ моро ба минтақа, «квартал»-и вйетнамиҳои Лос-Анҷелес ба меҳмонӣ бурд, ки мо аз ҳунари таббохии ин мардум ва аз суҳбаташон баҳравар гардидем. Ҳама ҷо шиору овезаҳо бо забоннҳои вйетнамӣ, аҳён англисист, ки гумон мекунед дар Ханой ҳастед. Ин ҷо мардум озод аст ва озодона бо либоси миллии худ (насли калонсол) гаштугузор мекунанд ва бо забони худ ҳарф мезананд. То-То ва волидайнашон хушбахт ҳастанд, ки дар Амрико ба сар мебаранд ва бобову бибияшон аз чанги вйетконговиҳои коммунист гурехтанд, чун мумкин буд онҳоро маҳв мекарданд. Барои вйетнамиҳои ин ҷо Амрико кишвари озодтарин аст ва дар ин ҷо онҳо аз тамоми имтиёзҳои иҷтимоӣ бархурдор буда, ҳаёти осуда доранд. Дар ҳақиқат, чунин ҳам ҳаст. Ба мо гуфтанд, ки пайваста шумораи зиёди хешовандонашон аз Вйетнам хоҳиши кӯч бастан ба Амрикоро доранд. Ин минтақа «Сайгони хурд» бо тамоми «экзотика»-и ҳиндухитоияш аст. Дар клубҳои шабонаи Ҳолливуди Ѓарбӣ, ки дӯстони маҳаллӣ маро он ҷо пайваста меҳмондорӣ мекарданд, ман бо собиқадори ин ҷанг Даррен, он замон лейтенанти калон вохӯрдам. Синну солаш ҷое расида, мутмаин аст: виҷдонаш набояд ӯро азият диҳад, чун фармонро иҷро карда буд. Ӯ ба боварии қавист, ки кишвараш мехост ба ин «ваҳшиҳо» демократияро орад, аммо инҳо дарк накарданд… Хуб, ҳар тараф ҳақиқати худро дорад, аммо як чиз мусаллам аст: ин ҷанги даҳшатнок дар таърихи ин ду кишвар абадан нақши мазбут гузоштааст. Имрӯз тамоми кӯдакони вйетнамӣ на забони русӣ, балки англисиро меомӯзанд. Духтарон орзу доранд, ки амрикои (асосан амрикоии вйетнамтабор)-еро вохӯранд, ки онҳоро барои зисти доимӣ ба Амрико бубаранд. Ин маънои онро надорад, ки дар кишвар акнун нисбати «русҳо» (шӯравиҳо) муомилаи бад ҷорӣ шудааст, на. Ин маънои онро дорад, ки Вйетнам мавзӯи муқовимати ҳарбиро бастааст ва акнун дарк кардаст, ки иқтисодиёт муҳимтар аст. Чунин бояд мешуд ва ин дуруст аст. «Дар сиёсат дӯстони пайваста ва ё душманони пайваста вуҷуд надоранд. Дар сиёсат менфиатҳои пайваста вуҷуд доранд». Ҳамаи ин шиорпарокуниҳои идеологӣ ва «душмании абадӣ» назди манфиатҳои иқтисодӣ ҳеҷанд. Азамат Дӯстов |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.